Озмуни академиявии «Дар ҷустуҷӯи истеъдод»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳунарҳои мардумӣ - ин падидаи ҷолиб ва мураккабе дар фарҳанги бисёрҷабҳаи ҳар як халқу миллат аст. Он падидаи гуногунпаҳлӯ буда, навъҳои мухталифро фаро мегирад, бо баробари пайдо шудани халқу миллатҳо ба миён омада, бо решаҳои фарҳангии куҳанаш имрӯз ҳам дар инкишоф мебошад.
Дар асоси гуфтаҳои боло ва мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 таҳти №353 «Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020», банди 5 Нақшаи чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ, банди 4 Нақшаи чорабиниҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва банди 9 фасли 4 Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, санаи 27 апрели соли 2018 дар Академияи ВКД озмуни «Дар ҷустуҷӯи истеъдод» байни курсантони курсҳои 1-4 факултетҳои №№ 2, 5, 6 Академияи ВКД баргузор гардид.
Дар озмун инчунин, намояндагони гурӯҳи «Авангард» (роҳбари гурӯҳи «Авангард» Давлатов М., Бобиев Н., Султонзода Ҳ.) дар номинатсияи «Беҳтарин ҷуғрофидон» фаъолона иштирок намуданд.
Мақсади асосии озмуни мазкур дар рушд намудани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ буд.
Озмун аз чор номинатсия иборат буд:
1. Суратгири беҳтарин.
2. Дастҳои тиллоӣ.
3. Беҳтарин ҷуғрофидон.
4. Бозиҳои миллӣ.
Дар фарҷоми озмун ба ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъол аз номи роҳбарияти Академияи ВКД тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Убайдулозода Фируза, ходими калони ШТИ ва ТН, подполковники милитсия