Парчами давлатӣ – рамзи истиқлолият ва соҳибдавлатӣ

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Парчам яке аз рамзҳои давлатӣ буда, нишонаи ҳастии кишвари соҳибистиқлол, рамзи бахту саодат, сарбаландии миллату давлати тоҷикон ва тоҷикистониён аст, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, таҷассумгари дирӯзу имрӯз ва фардои ормонҳои миллии мо мебошад. Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурии азизамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифта мешавад.
Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар айёми барои халқи Тоҷикистон тақдирсоз дар Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрезӣ ва қабул гардидааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Парчам яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатӣ ва нишонаи истиқлолияти ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Он дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ, таҷассумгари ваҳдати миллӣ, худшиносии таърихӣ ва мақому манзалати давлат дар арсаи байналмилалӣ буда бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамаддуни мардуми мо аст, яъне тамоми арзишҳои миллию таърихии моро ифода мекунад.
Ин буд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3-иКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб мешавад. 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд ва дар ҷумлаи оғози ин Низомнома омадааст: «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад». Парчам инъикосгари таъриху фарҳанги пурғановат, расму оинҳои деринаи давлатдорӣ, ифодагари марому ҳадафҳои мардуми сарбаланди кишварамон буда, дар таҳкими давлати ободу осуда, дар самти бунёди ояндаи дурахшон чун рамзи давлати соҳибистиқлолу соҳибиқбол таҳти сарварии Пешвои миллат ба оламиён аз мавҷудияти сарзамини соҳибфарҳанге бо номи Тоҷикистон мужда медиҳад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон симои сиёсии давлатро дар арсаи ҷаҳон бо номи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.
Рангҳои парчами давлатии мо пайванде дорад бо таърихи куҳани мардумони ориёинажод ва эронитабор, ки онҳоро метавон рангҳои миллӣ унвон кард. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам, 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, қайд карда буданд: “Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.
Бо дарназардошти ҷойгоҳу мақоми Парчами давлатӣ, моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази Душанбе парчами баландтарин дар ҷаҳон ифтитоҳ гардид, ки 165 метр баландӣ дошта, ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид гардид Майдони ҷойгиршавии парчами мазкур Боғи Парчами Миллӣ унвон дорад.
Имрӯз касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳо миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддастро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, хамватанони азиз!
Муаллими кафедра бехатарӣ
аз сӯхтори факултети №5, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикиситон,
лейтенанти калони милитсия
Одиназода Л.Т.







































































































































































