Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКАДЕМИЯИ ВКД: ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

2438Толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз намуди идона дошт. 2439Барои табрики ҳайати шахсӣ академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Кароматулло Олимов омада буд.
2440Муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кор бо ҳайати шахсӣ, подполковники милитсия Абдулаҳадзода Абдулвоҳид Абдулаҳад ҳозиринро ба ифтихори рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод намуд.
Сипас, баъди муаррифии меҳмони олиқадр, сухан ба академики АМИТ муҳтарам Кароматулло Олимов дода шуд.
Олими шинохта ва маъруфи илми тоҷик академик Кароматулло Олимов бо як ҳисси махсус, шавқу рағбати беандоза зиёд дар мавриди Парчами давлатӣ сӯҳбати самимонаю фаромӯш нашавандаро ба аҳли толор ба анҷом расонид.
Олими тоҷик, ки яке аз пайравони содиқи ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТАМОН маҳсуб аст, таърихи гузаштаву имрӯзаи Парчамдории тоҷиконро бо қиссаҳои ҷолибаш манзури ҳозирин намуд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ ҳунармандон бо суруду оҳангҳои дилчасп дар васфи ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ба чорабинӣ ҳусни гуворо бахшиданд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...