АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«Рамзҳои давлатӣ ҳастӣ ва ифтихори миллии мо буда,гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ таҷассумгари ифтихори миллӣ ору номуси ватандорӣ мебошанд»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз рамзҳои давлатдории таҷассумгари соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ мебошад.
Эҳтироми хосса ба Парчами давлатӣ дар замони истиқлолияти комили Тоҷикистон имкон дод, ки дар баробари дигар рӯзҳои таърихӣ рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шавад. Парчами давлатӣ имрӯз пеш аз ҳама боарзиштарин муқаддасоте мебошад, ки боло аз ҳама дастовардҳо ва боигарии миллӣ дар баландии 165 метр боло қад афрохтааст. Дар ҳақиқат боло бардоштани Парчами давлатӣ ва намуддор шудани он аз ҳамаи гӯшаи пойтахти давлати тоҷикон ба боло рафтани ҳисси миллӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.
Рӯзи Парчами давлатӣ, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо муқаррар шудааст, ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса қайд карда мешавад.
Бевосита дар сатҳи конститутсионӣ мустаҳкам намудани рамзҳои давлатӣ Тоҷикистон баъди инқилоби октябр соли 1917 оғоз меёбад.
Бояд қайд намуд, ки дар замони имруза барои ҳар як давлат рамзҳои давлатии он дар шакли сегона мавҷуд мебошад, ин: Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад. Дар чунин шакли сегонагӣ мавҷуд будани рамзҳои давлатӣ дар амалияи ҷаҳонӣ дар асри XX ба таври қонунан ба расмият дароварда шудаанд. Дар Тоҷикистон дар ин шакли сегона мавҷуд будан аз соли 1944 оғоз мегардад.
Бояд қайд намуд, дар Тоҷикистон дар давраи шурави 4 маротиба Конститутсия қабул мегардад, ки (1929, 1931, 1937, 1978) дар ҳамаи онҳо дар бахши рамзҳои давлатӣ яъне парчам нишон ва суруди миллӣ. Фасл ва бобҳои алоҳида бахшида шуда буданд ва дар матни конститутсия чи шакл доштани парчам ва нишон ҷойгир шуда буданд. Яъне барои иваз намудани шакли парчам ва нишони давлатӣ бевосита ба конститутсия низ тағирот дароварда мешуд.
Баробари соҳибихтиёрии худро эълон кардан ва шурӯъ намудан ба тайёр кардани лоиҳаи Конститутсия, инчунин кори аз нав тартиб додани рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон оғоз гардид. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба вазъи нави ҳуқуқию сиёсии ҷумҳурӣ чӣ аз ҷиҳати моҳияту мазмун ва чӣ аз шакли худ мувофиқат намекарданд. Аввалин ҳуҷате, ки дар бар бахши рамзҳои давлатӣ бахшида шуданд ин ҳам бошад Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кард, ки «Нишон, байрақ ва суруди миллӣ рамзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, муқаддасанд ва дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя менамояд». Моддаи 18
Дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ Тоҷикистон Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Мувофиқи қонунҳо аз 24 ноябри соли 1992 ба Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1978 тағйирот дароварда, Низомномаи Парчами давлатӣ ва Низомномаи Нишони давлатӣ тасдиқ карда шуданд. Матни нави Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон дар Низомномаҳои зикршуда ба таври зерин муайян карда шуд:
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдасти дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тасдиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1 бар 2 аст.
Баъдтар 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар моддаи 3-юми он рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудаанд ва аз он ҷумла омадааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Моддаи 3.
Дигар санади меъёрии ҳуқуқие, ки доир ба Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар хусуси тасдиқи нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 марти соли 2007 мебошад, ки мазмуни онҳо чунин мебошад:
Бо мақсади муайян намудани моҳият ва тартиби дурусти истифодаи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 майи соли 2007 таҳти № 254 Қонуни нав «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда мешавад. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 13 модда иборат буда, боби аввал муқаррароти умумӣ, боби 2-юми он ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боби сеюм Нишони давлатӣ, боби 4 Суруди миилӣ ва боби 5 муқаррароти хотимавӣ бахшида шудааст, ки моддаҳои 5 - ум ва 6 – умро дар бар мегирад.
Яъне, пештар қонунҳои алоҳида рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар алоҳидагӣ муайян мекарданд, вале қонуни мазкур мақоми ҳар се рамзҳои давлатиро яъне Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро дар якҷоягӣ муқаррар намуд. Дар дебочаи он гуфта шудааст, ки «Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад».
Санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба ҳимояи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, ин моддаи 342 – юми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 21 майи соли 1998 мебошад, ки дар он омадааст:
«Таҳқир кардани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, -бо ҷарима ба андозаи то панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад».
Инчунин дар кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя накардани талаботи конунгузори дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгари пешниҳод шудааст.
«Барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломати ҷиноят,
- ба шахсони воқеи ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳукуқӣ аз бист то си нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад».(моддаи 4831 КҲМ Ҷумҳуриии Тоҷикистон ).
Дигар санади меъёрии ҳуқуқии амалкунандае, ки бо пешниҳоди Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «оид ба ворид ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»» аз 19 ноябри соли 2009 таҳти № 563 мебошад. Дар банди 2, моддаи 1 қонуни мазкур «Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр» эълон гардидааст.
Имрӯз тасвири парчами давлатӣ дар тамоми ашёи рӯзгор, роҳу талу теппаҳо, боғҳои гулпӯш бо се ранги парчам, девору даромадгоҳҳои роҳҳои нақлиётию оҳан ва ҳавоӣ дида мешавад.
Хулоса дар тамоми муҳити иҳотакарда тасвири парчам ва овехтани он дида мешавад, ки ин эҳтироми хосаи мардумро ба ин муқаддасоти миллӣ нишон дода, насли ҷавонро дар рӯҳияи эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ба камол мерасонад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба арҷгузории мардуми тоҷик нисбати ин муқаддасоти миллӣ нигоҳ карда, дигар халқияту миллатҳои сокини ҷумҳурӣ ва намояндагони кору фаъолияткунанда дар ҳудуди Тоҷикистон бо боло бардоштани Парчами давлати худ дар баробари Парчами Тоҷикистон муносибати ҳамраъии худро ба халқу давлати Тоҷикистон нишон медиҳанд.
Воқеан дар ғарибӣ ва ҳолатҳои дигари берун аз ватан будан зимни рӯ ба рӯ омадан ба Парчами давлатии Тоҷикистон кас гӯё бо ҳамватани худ бо як тоҷики асил вохӯрданро ҳис мекунад. Лаҳзае дар ҷой истода эҳтироми онро ба ҷо меорад ва ёди ватани азизу маҳбуб мекунад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки эҳтироми рамзҳои давлати (парчам, нишон ва суруди миллӣ) ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бигзор Парчами давлатӣ ҳамеша чун ҷузъе аз муқаддасоти миллӣ моро ба сӯйи ягонагию ваҳдат сулҳу субот раҳнамо бошаду дар роҳи пурпечутоби инкишофи ҷаҳони муосир барои дастовардҳои нав дар болои сари мо ҷилвагар бошад.
Каримзода У.К.-Сардори кафедраи фанҳои
давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. дотсент, полковники милитсия
Фахридинзода Ҳ.С.-муаллими кафедраи фанҳои
давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия







































































































































































