Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон

2430Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, аз ҷумлаи рамзҳои давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо маҳсуб меёбанд. Рамзҳои давлатӣ ифтихор ва эҳтироми ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. 2431Дар моддаи сеюми Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон чунин омадааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд». Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд мазмуну моҳияти рамзҳои давлатии хешро донанд. Рамзҳои давлатӣ ифодагари истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рамзи муттаҳидии мардуми он, дӯстиву бародарии намояндагони тамоми қавму халқҳои дар ҳудуди кишвар сукунатдошта мебошад.
Ҳар як кишвари ҷаҳон бо мақсади худро шиносонидан ба оламиён рамз ва парчами худро дорад. Дар ин замина яке аз аввалин нишонаҳои кишвардории тоҷикон аз он иборат аст, ки дар давраҳои қадим онҳо соҳиби парчаме бо номи Дирафши Ковиёнӣ буданд, ки онро Ахтари Ковиён ҳам меномиданд. Вожаҳои ахтар ва дирафш дар асрҳои пешин чун нишон ва парчам ба кор бурда мешуданд. Дар фарҳангҳои форсӣ ахтарро ситора меномиданд, ки ин нишонаи иқбол ва бахту толеъ ба ҳисоб мерафт. Дирафш аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан ва тобидан сохта шуда, маънои парчам, алам ва аломату байрақ омадааст.Аз рӯи ёдгориҳои таърихӣ ва адабӣ, Коваи оҳангар пешдомани худро байрақ карда, ба мубориза бархостааст, ки онро Дирафши Ковиён мегӯянд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аввалин парчаме, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд, ҳифз гардидааст. Ин парчам бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2007 дар рӯзҳои таҷлили 15-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.
Яке аз муҳимтарин ниҳодҳои фарҳангие, ки дар ҳифзу нигоҳдошти арзишҳои миллии тоҷикон нақши басо муҳим дорад, Осорхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. Ин парчам бо андозаи 145 ба 85 см дар шуъбаи таърихи нав ва навтарини толори «Истиқлолият»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон манзури тамошобинон гардидааст. Ҳар як ёдгорӣ дар осорхона санаи қайд ва рақами махсуси худро дорад ва ин парчам таҳти№ 128-23/2 ба қайд гирифта шудааст.
Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хосса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи беш аз 4000-сола дорад.
Таърих гувоҳ аст, ки миллатҳои гуногун давлатдории худро зери парчам ҳифз ва поягузорӣ намуда, орзую мароми худро дар ин рамзи давлатӣ нақшгузорӣ намудаанд. Парчам муттаҳидкунандаи миллат буда, имрӯз мардуми тоҷик меҳру муҳаббати худро нисбат ба парчами давлатӣ дар шеъру суруд ва дигар офаридаҳояшон таҷассум мекунанд.
Парчами давлатӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару роҳнамои мардуми мамлакат ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад. Парчами давлатӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду бофарҳанги мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Дар баробари ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии тоҷикон, инчунин дар толори «Давлатдории Ҳахоманишиён»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон намунаи «Парчами давлатдории Ҳахоманишиён» ва дар толори «Давлатдории Сосониён» намунаи «Дирафши Ковиён» ба намоиш гузошта шудаанд, ки ҳар як тамошобин аз ин ёдгориҳо метавонад дидан намояд. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат толори махсус созмон дода шудааст, ки дар он муҳимтарин арзишҳои замони соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузошта шудаанд.Дар гӯшае, ки ба иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон бахшида шудааст, аз ҷумла нахустпарчами тоҷикон, ки 24 ноябри соли 1992 қабул гардида буд, ба намоиш гузошта шудааст. Ба иттилои масъулин, ҳамарӯза садҳо тамошобинони ватаниву хориҷӣ аз он дидан менамоянд.Бояд гуфт, ки инъикоси Парчами давлатӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани ҳисси баланди миллӣ ва ғуруру ифтихори ҷавонон нақши арзанда дорад.
Убайдуллоев Ш.Э. - дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия
Сафарзода С.Н.-сардори матбуоти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,майори милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...