ПАЁМ ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР РУШДИ ИННОВАТСИЯ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти ҷомеаи мамлакат маҳсуб ёфта, дар он ҷанбаҳои гуногуни сиёсати давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дастоварду комёбиҳои соли қабли ҷамъбаст гардида, дурнамои як соли минбаъда ва ҳадафҳои асосӣ муайян карда мешаванд (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06-04-1994 бо тағйиру иловаҳои солҳои 1999, 2003 ва 2016. Душанбе,”НашриётиГанҷ”-2016 (моддаи 55)). Зеро, Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Ворид шудан ба ин роҳи таърихӣ ва бунёди давлати навини миллӣ кори саҳл ва осон набуд. Дар масири таърих мушкилоту монеаҳои сангин ба сари миллат ва давлати милллӣ омаданд, ки раҳои аз чунин қисмат басо душвор ва гарон буд.
Баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ ба кор бурдани стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ва татбиқи он дар ҷомеа, Паёми Пешвои миллат нақши муҳим бозида, таъсири намоён мегузорад, яъне фаъолияти омиронаи мақомоти давлат мебошад, ки дар асоси қонун бо мақсади ҷорӣ кардани он муносибатҳои ҷамъиятиро ба таври индивидуалӣ танзим мекунад. Сифати фаъолияти ба кор бурдани ҳуқуқ ба конститутсионалӣ (сохтори дастгоҳи давлат, тартиботӣ муносибати байниҳамдигарии мақомоти он) барин омилҳо ва омилҳои дорои дигар хусусият (корозмудагӣ, маҳорат ва малакаи татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ва ғайра) вобаста мебошад.
Хушбахтона, бо ҳидоят ва роҳнамоии Пешвои миллат, фаъолияти пурмаҳсули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, марҳила ба марҳила, ба инрӯзҳои нек расидем.
Расидан ба ваҳдат, сарҷамъӣ ва муттаҳидии миллат ба омилҳои гуногун вобастагии амиқ дорад. Аввалин ва асоситарин омиле, ки ба истиқлолияти комил ва давлати миллии хеш мардуми Тоҷикистон расид, пайгирӣ аз сиёсати давлатсозии Пешвои миллат мебошад. Маҳз, заҳмату талошҳои хастанопазири Пешвои миллат буд, ки дар ҷомеа андеша ва тафаккури миллӣ ба миён омада, мардуми мамлакат соҳиби давлати мустақил бо номи «Тоҷикистон» гарданд.
Ҳамасола, дар сатҳи Паём вобаста ба қабули қонунҳо, қарорҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ва ғайра, бевосита ва ё ба восита аз Паёмҳои Пешвои миллат сарчашма мегиранд, ки дар баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ, нақши босазо мегузоранд.
Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат соли 2025 – 2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд. Албатта, ки ин сабабу омилҳои хоси худро дорад. Инчунин таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ миллӣ ҷиҳати таъминнамудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Бо рушди бесобиқаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсияҳои нав дар ҷаҳон, иқтисоди рақамӣ ба яке аз омилҳои асосии рушд ва рақобатпазирии давлатҳо табдил ёфтааст. Тоҷикистон низ дар раванди рақамисозии иқтисод ва ҷомеа қарор дорад. Бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва вазъи дохилӣ, пешниҳоди роҳҳои амалӣ ва стратегияи рушд дар ин самт муҳим мебошад.
Чи тавре ки шахсияти маъруфи олмонӣ ва муаллифи мафҳуми «Инқилоби чоруми саноатӣ» Клаус Шваб (муассиси Форуми Иқтисодии Ҷаҳонӣ): мегӯяд, ки мо дар давраи «Инқилоби чоруми саноатӣ» қарор дорем, ки асоси он технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, интернети ашё, блокчейн ва дигар инноватсияҳо мебошанд. Иқтисоди рақамӣ на танҳо модели иқтисодӣ, балки як муҳити куллӣ барои муносибатҳои иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ аст. («Инқилоби чоруми саноатӣ (Fourth Industrial Revolution).Schwab, Klaus. The Fourth Industrial Revolution. Geneva: World Economic Forum, 2016.(Китоби аслии Клаус Шваб, ки мафҳуми «Инқилоби чоруми саноатӣ»-ро муаррифӣ мекунад»).
Гуфтаҳои Шваб нишон медиҳанд, ки мо танҳо бо як инқилоби фаннӣ рӯ ба рӯ нестем, балки бо як тағйироти куллии иқтисодиву иҷтимоӣ. Дар чунин шароит кишварҳо ва шахсони алоҳида бояд барои мутобиқшавӣ ба ин воқеият, малакаҳои рақамӣ ва тафаккури стратегиро рушд диҳанд.
Инчунин Нуриддин Қосимов–доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор бар он аст ақида аст, ки «иқтисоди рақамӣ на танҳо воситаи рушди соҳаҳои иқтисод аст, балки платформаи нави рақобатнокӣ барои кишварҳои рӯ ба рушд ба шумор меравад, ки Тоҷикистон бояд низоми омодасозии кадрҳои рақамиро ислоҳ кунад ва бештар ба соҳибкории инноватсионӣ такя намояд». (Қосимов Н.(2022). Иқтисоди рақамӣ ва навоварӣ дар Тоҷикистон. маҷаллаи илм ва ҷомеа №2., 2022).
Муҳаққиқи тоҷик як паёми муҳими стратегиро пешниҳод мекунад-агар Тоҷикистон мехоҳад дар муҳити рақобати ҷаҳонӣ мавқеи худро пайдо кунад, бояд ба рақамисозии амиқ ва устувор такя намояд. Ин раванд аз низоми таълим сар мешавад ва бо рушди соҳибкории иноватсионӣ ба анҷом мерасад:
Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ. (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2024).
Эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» боис мегардад, ки сатҳи зиндагонии аҳолии давлатамон баланд гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва раҳнамоии Пешвои миллат ба марҳилаи нави тарақиёт шарафёб мегардад.
Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки Паёмҳои Пешвои миллат ҳамчун василаи муҳимми баланд гардидани сатҳи зиндагонии аҳолӣ ва баҳри тараққиёт ва пешрафти кишварамон дар арсаи байналмилалӣ мегардад.
Бо бардошт аз Паёми Пешвои миллат, барои рушди босуботи иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки вазифаҳои зерин ба анҷом расонида шавад:
• Таҳкими инфрасохтори рақамӣ: Дастрасии шабакаи босуръати интернет ба тамомоми минтақаҳо, ба хусус деҳот ва ташкили марказҳои ахборот барои амнияти иттилоот.
• Дастгирии стартапҳо (тиҷорати нав бо идеаи нав ва инноватсионӣ) ва соҳибкории инноватсионӣ: Ташкили кластерҳои иноватсионӣ, фондҳои сармоягузории хавфнок ва технопаркҳо дар назди донишгоҳҳо метавонад муҳити мусоиди эҷод ва татбиқи идеяҳои навро фароҳам орад.
• Рушди қувваи кории рақамӣ: Бо ворид кардани фанҳои рақамӣ ва соҳибкории технологӣ ба барномаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ омода намудани мутахасисони соҳа.
• Рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ – эҷоди платформаҳои ягона барои дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ баланд бардоштани шаффофият ва кам кардани бюрократияро таъмин мекунад.
• Ҷалби олимону мутахассисони соҳаи иқтисоди рақамӣ ва инноватсия инчунин ба роҳ мондани ҳамкории густурда бо мамлакатҳои пешрафта дар соҳаи иқтисоди рақамӣ.
• Истифодаи бамавриди андеша ва назарияҳои асосноки пешниҳод намудаи олимони соҳаҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар фаъолияти амалӣ.
• Боз ҳам наздик шудани аҳолии кишварамон ба технологияҳои иттилоотӣ ва омодабошии бархурд ба мафкура ва фаҳмишҳои нав. Ҷалби олимон, барномасозон, баҳри омода намудани мутахасисони хуби технологӣ дар фаъолияти амалӣ.
• Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва дастгирии моддии онҳо ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ҷамъият.
• Омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ ва татбиқи он бо дар назардошти истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ҷамъият.
• Дар ниҳоди насли наврас ҷой додани нигоҳи интиқоди ба коркарди техналогияҳои нав. Дар ин ҷабҳа, саҳмгузорӣ намудан дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ.
Дар охир ҳаминро қайд менамоем, ки Пайёми Сарвари давлат дар рушди инноватсия ва зеҳни сунъӣ хеле бузург аст. Пайём ҳамчун василаи асосии интиқоли иттилоот, дониш ва ғояҳо, нақши калидӣ дар ташаккули муҳити мусоиди инноватсионӣ мебозад. Муоширати самаранок миёни муҳаққиқон, соҳибкорон ва ҷомеа шароити мусоид барои ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва паҳнсозии технологияҳои навро фароҳам меорад. Аз ин рӯ, таҳкими низоми муошират ва рушди воситаҳои нави иртиботӣ барои пешрафти устувори зеҳни сунъӣ ва инноватсия аҳамияти калони стратегӣ дорад.
Алишер Зайлобиддинзода
муаллими калони кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД ҶТ, майори милитсия
Ҳуснидин Холмуҳаммадзода профессори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД ҶТ, подполковники милитсия







































































































































































