Таърихи ташаккул ва таҳаввули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷибоева Райҳона Комилҷоновна, курсанти курси якуми ихтисоси ҳуқуқшиносии факултети № 4, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ
Таърихи ташаккул ва таҳаввули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боиси фараҳмандист, ки ҳамасола санаи 24 ноябр дар саросари ҷумҳурии азизамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифта мешавад. Парчам яке аз рамзҳои давлатӣ буда, нишонаи ҳастии кишвари соҳибистиқлол мебошад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 - уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12 майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад, ки дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
Дар ҳамагуна давлату давлатдории ҷаҳон парчам яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта дар байни мардум бо номҳои алам ва байрақ низ машҳур будааст. Калимаи байрақ туркӣ буда, маънояш – роят, парчам, ливо, дирафш мебошад ва дар байни халқ солҳои дароз маъмулу мақбул гаштааст.
Таърихи пайдоиши Парчами ориёиҳо ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар ҳаёти мардуми Эронинажод пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора шудааст. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар Шарқи Эрони бостон парчами хурди фулузиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи III пеш аз мелод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин парчам дар таърихи башарӣ ҳисобида мешавад.
Дар воқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз ҳамчун рамз ё нишонаи даъват, муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард.
Аз рӯйи сарчашмаҳои таърихӣ ба ҳамаи мо маълум аст, ки Коваи оҳангар пешдомани худро ливо карда ба мубориза бархостааст, ки онро «Дирафши Ковиён» мегӯянд. Дар замонҳои қадим дар ҷангҳои байни Юнониёну форсҳо, ки асри V пеш аз мелод ба вуқуъ омадаанд, ҳамчунин дар ҷангҳои Хилофати араб, муборизаи суғдиён бар зидди арабҳо, амалиётҳои ҳарбии Сомониёну Ғуриён, Ғазнавиҳо, Муғулҳо, Темуриён, Манғитиён ҳар лашкар байрақи алоҳидаи худро дошт. Дар асрҳои миёна аксар давлатҳо байрақи худро соҳиб буданд. Ҳатто дар асрҳои XVI-XVII казакҳои Дон байрақи махсус доштанд. Дар байни аскарону сарбозон алоҳида шахсоне буданд, ки вазифаашон танҳо аз парчамбардорӣ ва онро нигоҳбонӣ кардан иборат буд.
Дар ҷомеаҳои ориёӣ табақаҳои сегонаи аслӣ бо ранги вижаи худ таъбир ва шинохта мешудаанд. Дар забони ҳиндии бостон varna- (аз решаи var — «пӯшидан») ҳам ба маънои ранг ва ҳам ба маънои табақаи иҷтимоӣ будааст. Дар забони эронии бостон низ pistra — ҳам мафҳуми ранг дошта ва ҳам маънии табақаи иҷтимоӣ. Вожаи пеша ба маънои шуғл дар забони форсӣ-тоҷикӣ аз ҳамин вожа гирифта шудааст.
Дар он рӯзгор ранги сафед вижаи рӯҳониён, сурх вижаи артишдорон ва кабуд вижаи мардуми оддӣ будааст. Ду ранг аз он се ранг ҳанӯз ҳам дар дирафши Эрон ҳастанд: сурху сафед. Аммо ранги севум ба ҷойи кабуд сабз гаштааст ва иттифоқан ба кори кишоварзон наздиктар аст.
Дар Эрон пеш аз густариши ислом табақаҳои суннатии ҷомеа ҷомаҳое мепӯшиданд, ки аз назари ранг бо якдигар муаррифгари шахсияти табақотии соҳиби ҷома буданд. Рӯҳониён, ки онҳоро осрунон мехонданд, ҷомаи сафед мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Ҳурмузд буд. Рӯҳониёни зардуштӣ ҳанӯз ҳам ҷомаи сафед бар тан доранд.
Востриюшон ки дар давраи Сосониён бештар деҳқонони соддаи рустоҳоро ба он ном мехонданд, ҷомаи нилӣ ё кабуд мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Сипеҳр буд. Ҷомаи нилгунранги деҳқонон то чанд аср пеш дар Эрон ҳанӯз ривоҷ ёфта буд.
Дар адабиёти паҳлавӣ Ҳурмузд ҷомаи сафеди рӯҳониён буд, Вой ҷомаи арғувонии артишторон ва Сипеҳр ҷомаи нилии кишоварзонро бар тан доранд ва ҳар як муаррифгари рангҳо яке аз табақаҳои сегонаи ҷомеа буданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи тоҷик ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфтаанд:
“Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.
«Парчам» вожаи суғдӣ аст, ва ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи говро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебастанд». Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худи дирафш низ гуфта шуд.
Дар китоби «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» вожаи «Парчам» ба ду маъно чунин тафсир ёфтааст:
1. парчам, байрақ, ливо, алам., 2. пӯпаки абрешимин, ки ба парчам баста мешавад.
Куҳантарин ишора дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо дар Авесто омадааст. Чунончӣ дар нахустин фаргарди «Видевдод» аз шаҳри Балх, ки пойтахти Виштосп – пуштибони Зартушт буд, чунин ёд шудааст: «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрохта». Ҳамчунин дар «Авесто» чанд бор ҳам аз «дирафши говпайкар» ва «дирафшҳои душманони ориёиҳо» ёд шудааст.
Бархе аз пажӯишгарон бар ин ақидаанд, ки дирафшҳои ёдшуда дар «Авесто» монанд ба «Дирафши Ковиёнӣ» будаанд, ки дертар падид омадааст. Куҳантарин намуди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» дар давраи давлатдории Сосониён низ мегуфтанд.
Парчами Аморати Бухоро (то 1-уми сентябри соли 1920), баъдан Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро (аз 23-юми сентябри соли 1921 то 14-уми августи соли 1923 ва аз 11-уми октябри соли 1923 то 19-уми сентябри соли 1924) тағйир ёфтаанд ҳар кадоме бо таҳрирҳои нав, ки рамзи асосиашон ҳилол ва ситора буд ва алифбои форсӣ яъне Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро навишта шуда буд, пайиҳам рӯйи кор омадаанд.
Баъд аз он парчамҳои Тоҷикистон бо тақозои замон давра ба давра иваз шуданд, ки аслан аз парчами Иттиҳоди Шуравӣ гирифта шуда буд, ки чунин шакл доштанд:
Парчам дар солҳои 1929 – 1931. Тоҷикистон 14-уми октябри соли 1924 чун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ дар таркиби ҶШС Ӯзбекистон бунёд шуд ва 16-уми октябри соли 1929 ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ва ба таркиби ИҶШС дохил шуд. Ин парчам 23-юми феврали 1929 пазируфта шудааст.
Бо ҷумҳурии иттиҳодӣ шудани Тоҷикистон ва қабули Қонуни асосии нав парчами он низ дигар шуд ва ин дирафшро 25-уми феврали соли 1931 сохтаанд.
4-уми июли соли 1935 парчам дигаргун шуд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам бо забони русӣ навишта шуд.
Парчам дар солҳои 1940 – 1946. Соли 1928 алифбои тоҷикиро аз форсӣ ба лотинӣ табдил доданд. Ин дигаргунӣ дар парчам низ дида шуд. Дар он рӯзгор номи ҷумҳуриро дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии лотинӣ (RSS Tojikiston) ва русӣ (Таджикская ССР) менавиштанд ва дар болои он нишонаи заррини “досу болға” тасвир шуда буд.
Парчам дар солҳои 1946 – 1953. Соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кириллии русӣ табдил дода шуд ва ба парчам низ дигаргунӣ дохил карданд. Ранги он сурх монд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии кириллии тоҷикӣ (РСС Тоҷикистон) ва кириллии русӣ (Таджикская ССР) навишта шуд. Дар болои номи ҷумҳурӣ нишонаи заррини “досу болға” тасвир шуда буд.
Парчами ҶШС Тоҷикистон аз 20-уми марти соли 1953 то 9-уми сентябри соли 1991.
Парчами ҶШС Тоҷикистон порчаи сурхе буд ба андозаи 1:2, ки ду рахи сафед ва сабз дошт. Рахи сафед ду баробар паҳнтар аз рахи сабз буд. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ, бунёди саноатии кишвар ва ранги сабз намояндаи дигар маҳсулоти кишоварзӣ буд.
Парчами Тоҷикистон дар солҳои 1991 – 1992. То пазироиши парчами кунунӣ, Тоҷикистон парчами пешинаи шӯравиашро, бо андак дигаргунӣ, бе ситораи панҷгӯша ва нишонаи коммунистии “досу болға” ба кор мебурд. Рангҳои парчам ба андозаи зерин буданд: 1:2 сурх, 1:5 сафед, 1:10 сабз, 1:5 сурх
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва баъди панҷ моҳ ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд. Вақте маросими ботантанаи узвият ба СММ 2-юми марти соли 1992 бо бардоштани парчами кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Сан-Марино, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар бинои Созмон оғоз шуд, барои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон бо далели қабул нашудани парчами нав, парчами ҶШС Қазоқистон, ҶШС Қирғизистон, ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Туркманистон бардошта шуд.
То санаи қабули нишон ва парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён меёфт. Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус таҳти рохбарии академик Муҳамммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамаи барандагони озмун беҳтарин парчами миллӣ матои серангаро (матоъ бо се тасмаи рангаро) пешниход намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд.
Ҳамин тавр, комиссия ба кори худ бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби Ҳабибуллаев З., Заневский А., Додхудоева Л., Игнатушина Н. ва Сайдалиев М. пешниҳод шуда буд, нуқта гузошт. Авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард ва танҳо санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Қасри арбоб дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Дар ҳамон Иҷлосия «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он ба моддаҳои 169 ва 170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».
Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ- Пешвои Миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992, дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон баъди интихоб шуданашон ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатиро бӯсида, эҳтиромашонро нисбати ин рамзи давлатии соҳибистиқлол баён карда буданд. Ҳамин эҳтирому посдории сарвари давлат нисбати Парчам буд, ки бо ташаббуси он шахси бузург рӯзи Парчами давлатӣ иди бошукӯҳ эълон гардид. Дар давраи гузариш ба ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона донистани таъриху аҳамияти Парчами давлатӣ барои ҳар фарди соҳибхиради кишвар зарур аст ва маҳз бо ҳамин мақсад рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.
Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид.
Ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бо ин парчам ифтихор дорем ва ба парчами миллии хеш арҷ мегузорем.
Бинобар ин Парчами давлатӣ на танҳо рамз, балки ҳастии тоҷикистониёнро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он нишонаи хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ мебошад. Мо дар назди Ватан бо парчам қасам ёд кардааем, ки садоқатмандона муҳофизи қонун бошем ва барафрохтани Парчами давлатӣ заминаи пойдории давлату оромии ҷомеа мебошад.
Бигзор парчами мо ҳамеша парафшон бошад ва дар партави он тинҷиву осудагӣ ва саодати мардум ҷилвагар бошад.







































































































































































