Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

САҲМИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ

2025-10

Барқарорсозии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таъмин намудани шароиту муҳити орому осуда барои зиндагии мардум ва корҳои ободониву созандагӣ, ки имрӯз дар кишвар густаришу тавсеа пайдо карда истодааст, натиҷаи саъю талоши ватандӯстона ва матонату садоқати кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дастёб гардидан ба истиқлоли давлатӣ барои милитсияи тоҷик давраи нави рушду нумуъро боз кард. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ кормандони милитсия ҳамчун ниҳоди марказӣ дар таъмини сулҳу суботи сартосарӣ ва амнияти миллӣ нақши калидиро доро буданд.

Таърихи начандон дури миллати тоҷик гувоҳи садоқат ва самимияти беназири милитсияи тоҷик мебошад, ки фарзандони бонангу ори ин миллат ҷиҳати барқарор намудани сохти конститутсионӣ ҷоннисориҳои бемисл анҷом доданд. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи милитсия 09.11.2020 чунин иброз доштанд: “Дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории давлати ҷавони Тоҷикистон ва мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша беш аз 2000 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни Қӯшунҳои дохилӣ ҷони худро аз даст доданд, ки мо хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем”.

Қобили зикри хос аст, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза ҷиҳати таҳким ва таъмини асосҳои моддиву техникӣ инчунин беҳтар гардонидани шароити будубоши хизматии ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Бунёд ва мавриди истифода қарор додани зиёда аз 400 иншоот ва дигар биноҳои таъиноташон гуногун далели возеҳи таваҷҷуҳи Ҳукумати Мамлакат ба кормандони милитсия маҳсуб меёбад.

Дар тамоми давраҳои таърихи, пешрафту рушди ҳамаи давлатҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ пайванди ногусастани дошт, ки дар сафи пеши таъмини тартибот дар ҷамъият кормандони милитсия қарор мегиранд. Дар моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” оварда шудааст, ки “тартиботи ҷамъиятӣ - низоми муносибатҳои ҷамъиятие, ки мавҷудияти он амнияти шахсӣ ва ҷамъиятиро таъмин менамояд”.

Ҳамин аст, ки вазъи зудтағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир нақши кормандони милитсияро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дучанд менамояд. Шароити кунунӣ дар назди кормандони милитсия масъулиятро дучанд намуда, онҳоро барои ҳар чи бештар таъмину ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бурдану пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва дигар масъалаҳои монандро мегузорад.

Тайи солҳои соҳибистиқлоли қонуну қарорҳои дахлдор қабул гардид, ки онҳо фаъолияти корманди милитсияро ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба танзим медарорад. Яке аз онҳо “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи милитсия” маҳсуб ёфта, дар он самту салоҳият, принсипҳо ва мавқеи корманди милитсия, инчунин дигар масъалаҳои монанд зикр гардидааст. Дар қонуни болозикр нақши кормандони милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бевосита ёдрас гардидааст.

Мутобиқи Моддаи 1-и “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи милитсия” мафҳуми милитсия чунин дода шудааст “Милитсия мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтишот буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат намуда, ҳуқуқ дорад чораҳои маҷбурии дар доираи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳо пешбинигардидаро ба кор барад”. Тавре ба назар мерасад дар ин ҷо ба масъалаи тартиботи ҷамъиятӣ бевосита нигоҳ андохта шудааст. Зеро тартиботи ҷамъиятӣ шароите маҳсуб меёбад, ки дар ҳолати мавҷуд будани он амният ва рушди тамоми соҳаҳо таъмин мегардад.

Тавре маълум аст, ҳамарӯза кормандони милитсия ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ки ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ тавъам алоқаманд мебошад, корҳои назаррас анҷом дода истодаанд. Тавре, ки мӯҳтарам Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ иброз доштанд: “Дар 6 моҳи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 13089 (2024 - 11804) ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он - 28 ҳолат, роҳзанӣ - 20, ғоратгарӣ - 57, таҷовуз ба номус - 24, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ - 64, авбошӣ - 762, қаллобӣ - 2356, дуздӣ - 2182, тамаъҷӯӣ - 33 ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 486 ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд”.

Лозим ба ёдоварист, ки маҳз бо пешгири намудани ҷинояткорӣ муҳити орому осоишта ва рушди мунтазами ҷомеа таъмин мегардад. Рақамҳои дар боло оварда шуда, аз фаъолияти самараноки кормандони милитсия огаҳӣ медиҳад, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар сафи пеш қарор доранд.

Ҳамин тариқ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ як масъалаи ҳамаҷониба буда, аз шаҳрвандон низ ҳамкории зичро бо кормандони милитсия ба миён мегузорад. Асосноккунии иштироки инфиродӣ ва дастҷамъонаи шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, таввасути санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба амал оварда шудааст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” оварда мешавад, ки “иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ - расондани кумак ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба истиснои мақомоти прокуратура, бо мақсади ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, молу мулк, манфиатҳои ҷомеа ва давлат”.

Музафарзода Фирдавс Ҷонибек

Курсанти курси 3, гурӯҳи таълимии 301

милитсияи қатори

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...