АҲАМИЯТИ ТАЪРИХӢ-ҲУҚУҚИИ ҚАБУЛИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Маҳмудзода Бобоҷон Нуралӣ
Муаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел: +992 884217007
E-mail:Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
АҲАМИЯТИ ТАЪРИХӢ-ҲУҚУҚИИ ҚАБУЛИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода намудааст.
Парчами миллӣ ифодагари ору номус, шаъну шараф ва эътибори милливу давлатии тоҷикон буда, муҳаббат ва ифтихори доштани он дар рагу пайванд ва қалби ҳар ватандор маъво гирифтааст.
Имрӯзҳо, таҳқиқоти бостоншиносӣ собит месозанд, ки халқҳои ориёинажод – суғдиён, бохтариён, хоразмиён ва таъсири фарҳангии онҳо соҳиби нишонаҳо ва рамзҳои давлатӣ буданд. Осори рӯзгор, аз ҷумла тасвирҳои кандакории суғдӣ, мавҷудияти байрақҳои ранга бо офтобу ситораҳоро нишон медиҳанд, ки ифодаи қудрат ва ҳимояи давлат буданд. Давраи асрҳои миёна, дар давлати Сомониён рамзҳо ва байрақҳои ранга нақши муҳим доштанд. Гуфта мешавад, ки ранги сафед ва зарди тиллоӣ бештар истифода мешуданд, ки рамзи покӣ ва давлатдорӣ буд.
Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар сессияи XVI Шурои Олӣ тасдиқ карда шудааст.
Барои таҳияву пешниҳод намудан ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати ду сол қувваҳои эҷодиву ҷустуҷуӣ сарф шудааст. Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шурои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250 нафар ширкат варзиданд.
Вобаста ба таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияро Президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон, академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда доштанд. Аз муаллифон ва коллективҳои эҷодии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз дусад адад пешниҳодҳо вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлатӣ ворид гардида буд.
Вобаста ба таҳияи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз тарафи Донишкадаи таърих, Донишкадаи астрофизика ва Кумитаи ҷумҳуриявӣ оид ба терминология лоиҳаҳои рамзҳои давлатии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буданд. Дар охири озмун аз байни санъатшиносон ва рассомон вобаста ба таҳияи рамзҳои давлати гурӯҳ интихоб карда шуд, ки аз он ҷумла рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев – роҳбар ва лоиҳакаш, Лариса Додхудоева – рассом ва санъатшинос, номзади илмҳои санъатшиносӣ, Анатолий Заневсий – Президенти иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон ва Ирина Игнатушина – санъатшинос ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, шомил буданд.
Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи се рахаи рангаи уфуқӣ, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ташкил мекард ва бари матоъ бошад якуним баробари дарозии онро ташкил мекард.
Дар аввал ба сифати ангораҳои асоси муаллифон дар Парчами давлатӣ нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигорӣ намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу-тоҷик сарчашма гирифта ҳамчун рамзи боақлӣ, ҷасурӣ ва адолатро ифода менамуд.
Баъд аз ин гурӯҳи корӣ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро чой намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами хафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда шуд.
Дар аввал ба ақидаи муалифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу тоҷик маънидод шуда буд.
Ҳоло бошад ҳафт ситора – ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.
Дар давраи кори комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолият, арзишҳои миллӣ таърихию фарҳангии халқамонро ба назар гирифта, ранги сурхро, ки дар Парчами давлатӣ ҷой дода шудааст ҳамчун ифодагари – мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед – бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хуррам мешавад маънидод карда шуд.
Дар таърихи 24-уми ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд.
Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷҷасумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шурои Олии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд.
Рӯзи дигар, яъне 25-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шурои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлатӣ савганди садоқат ёд намуд.
Бояд қайд намуд, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри «Арбоб» дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо сессия таърихии XVI-и Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, афрохта шуд.
Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди милли ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.
Бояд қайд намоям, ки парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як рамзи давлатдорӣ, балки таҷассуми таърих, фарҳанг, ормон ва худшиносии миллӣ мебошад. Он дар заминаи таҷрибаи ҳазорсолаи давлатдории ориёӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон шакл гирифтааст. Таҳкими маърифати рамзҳои миллӣ, хусусан дар миёни ҷавонон, барои устувории давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа аҳамияти калидӣ дорад.
Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.
Боиси хушҳолист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад, ва парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як рамзи давлатдорӣ, балки таҷассуми таърих, фарҳанг, ормон ва худшиносии миллӣ мебошад. Он дар заминаи таҷрибаи ҳазорсолаи давлатдории ориёӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон шакл гирифтааст. Таҳкими маърифати рамзҳои миллӣ, хусусан дар миёни ҷавонон, барои устувории давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа аҳамияти калидӣ дорад.







































































































































































