Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Вазъи ҳуқуқӣ- конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2425Ниҳоди конститутсионии президент аз калимаи лотинии «praesidentis», яъне сардори давлат дар бисёр мамлакатҳои дорои шакли идоракунии ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин падидаи нави сиёсиву ҳуқуқӣ мебошад, ки дар он Президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия эътироф шудааст. Бинобар ин, вожаи «Президент», ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудааст, ба мафҳуми сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия омада, ба шакли классики ин ниҳод мувофиқ мебошад.
Бавуҷудои ва инкишофи ниҳоди «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» заминаҳо ва ғояҳои сиёсиву ҳуқуқии худро дар таҷриба ҳанӯз аз даврони мавҷудуяти собиқ иттиҳоди Шуравӣ гирифтааст.
Раванди инкишофи таҷзияи ҳокимият дар аввали солҳои 90-ум ба тамоюли ба вуҷудоии ниҳоди конститусионии ҳуқуқии «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» замина гузошт.
Аввали солҳои 90-ум ҷумҳуриҳои иттифоқи паи ҳам Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии худро қабул карданд. Дар Тоҷикистон низ Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи 1990 қабул гардид ва 9 сентябри 1991 эълон карда шуд.
Шурои Олии РСС Тоҷикистон Қонун «Дар хусуси таъсиси вазифаи Президенти РСС Тоҷикистон ва тартиби интихоби ӯ» - ро 29 ноябри соли 1990 қабул кард ва мувофиқи он вазифаи Президенти РСС Тоҷикистон таъсис дода ӯро сарвари ҷумҳурӣ эълон намуд.
Шурои Оли 21 июли соли 1994 қонун «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро қабул кард ва якҷоя бо раъйпурсӣ дар бораи қабули Конститутсия, интихоботи Президенти Ҷумҳурро таъин кард. Дар асоси ин қонун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи умуми ва мустақим 6 ноябри соли 1994 интихоб гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси мансабдори олии мамлакат мебошад. Ӯ сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, вазъи ҳуқуқиаш дар боби чаҳоруми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 64-72) ва қонунҳои Тоҷикистон танзим ёфтааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) ҳисоб карда шуда, ӯ ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқ озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонаги ва тамомияти арзи, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмиллалии Тоҷикистон муқаррар гардид
Президент баёнгари ягонагии давлат буда, ҷумҳуриро дар муносибатҳои байналмиллалӣ намояндагӣ мекунад, ҳуқуқӣ аз тамоми халқи Тоҷикистон сухан гуфтан дорад. Ҳамчун сарвари ҳокимияти иҷроия Президент – Раиси Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбар ва масъули дуруст ба роҳ мондани масъалаҳои идораи давлат дар соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо мебошад.
Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду самти асосии фаъолияти ӯ, ки моҳиятан бо якдигар пайвастаанд, амалӣ гардонида мешавад. Дар ҷойи аввал ваколатҳое меистанд, ки ба Президент ҳамчун сарвари давлат хос мебошанд. Дуюм, ваколатҳое мебошанд, ки ба ӯ ҳамчун сарвари ҳокимияти иҷроия ва Раиси Ҳукукмати Тоҷикистон таалуқ доранд. Вобаста ба ин салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле васеъ буда, роҳбарию идораи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии мамлакат, ҳалли масъалаҳои гуманитарӣ ва ғайраро дарбар мегирад.
Ваколатҳои конститутсионии Президентро шартан ба чунин соҳаҳо ҷудо кардан мумкин аст.
1. Намояндагии Тоҷикистон ва сиёсати хориҷӣ. Президент Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмиллаӣ намояндагӣ мекунад.
2. Дар соҳаи амалӣ намудани роҳбарии самараноки ҳокимияти иҷроия. Президент ҳамчун Раиси Ҳукукмати ҷумҳурӣ ба фаъолияти он роҳбари намуда, барои татбиқи самарабахши ваколатҳои Ҳукумат татбирҳо меандешад.
3. Таъсис ва барҳам додани мақомоти давлатӣ, таъйин ва озод намудани шахсони мансабдори давлатӣ ва баъзе хизматчиёни давлатӣ.
4. Таъйин кардани раъйпурсӣ ва интихобот.
5. Ташаббуси қонунгузорӣ ва иштироки президент дар ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олӣ, тайёр ва қабули қонунҳои ҷумҳурӣ.
6. Ихтиёрдорӣ ба харҷи сармояи захиравӣ ва муайян кардани низоми пул.
7. Масъалаҳои ҳарбӣ ва таъмини амнияти давлатӣ. Президент ҳамчун сарвари давлат ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.
8. Ҳалли масъалаҳои шаҳвардӣ, додани паноҳгоҳи сиёсӣ ва бахшиши ҷазо.
9. Мукофотонидани шаҳрвандон.
Мувофиқи моддаи 70 Конститутсия Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад. Дар асоси бандҳои якум ва дуюми моддаи 55 фармонҳои Президент дар хусуси таъйин ва озод кардани сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат, дар бораи ҷори намудани ҳолати ҷанг ва вазъияти фавқулода барои тасдиқ ба ҷаласаи якҷояи палатаҳои парлумон ва банди даҳуми моддаи 57 дар бораи таъйин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешаванд.
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аз хусусияташон ба ду намуд тақсим мешаванд: фармони меъёрии ҳуқуқӣ ва фармони ғайри меъёрии ҳуқуқӣ.
Фармони меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқиест, ки дар доираи салоҳияти ӯ қабул шуда, дорои хусусияти ҳокимияти мебошад ва иҷрои он дар тамоми қаламрави Ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст.
Фармони меъёрӣ – ҳуқуқии Президент санадҳои зерқонунӣ мебошанд ва онҳо бояд ба Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ мувофиқат намоянд.
Хусусияти фармонҳои ғайри меъёрии ҳуқуқӣ дар он аст, ки онҳо қоидаи нави рафторро муқаррар намекунанд, аммо дар доираи салоҳияти Президент қабул мешаванд. Масалан, фармон дар бораи мукофотонидани шаҳрвандон бо нишону медалҳо яъне хусусияти инфироди доранд.
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун қоида хусусияти инфироди дошта, онҳо ба муносибатҳои мушаххас ва шахсони муайян таалуқ доранд. Амрҳои Президент қарорҳоеанд, ки барои ҳалли масъалаҳои таъҷилӣ ва ташкилидошта ва инчунин ба масъалаҳои кадрию кори дастгоҳи иҷроияи Президент таалуқ дошта бароварда мешаванд ва ба санадҳои ғайри меъёрии ҳуқуқи таалуқ доранд.
Хулоса вазифаи президент хело душвор ва масъулиятнок мебошад на ҳар инсон аз уҳдаи чунин вазифаи пурмасъулият баромада наметавонад. Бояд қайд намоем, ки мо аз Президенти худ ифтихор менамоем.

Курсанти курси 2 гуруҳи таълимии 203
факултети №2, милитсияи қаторӣ Тағойназаров Ҷ.И.

(Куратори гуруҳи таълимии 203, н.и.ҳ., подполковники милитсия
Шарифзода П.Р.)

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...