Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба мақомоти тафтишотӣ

177

Рӯзи 27-уми апрели соли 2018, бо ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ, подполковники милитсия Ҳомидов З.К. ва дар асоси Нақшаи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва таълимӣ - методӣ барои соли 2018, дар толори факултети №4 Академияи ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи таъсисёбии мақомоти тафтишотии ВКД» дар мавзӯи «Рушд ва инкишофи мақомоти тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ва гузаронида шуд.
Конференсияи илмӣ-назариявиро муовини сардори факултети №4, оид ба қисми таълиму илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ғафуров М.С., бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ба ҳозирин доир ба мақомоти тафтишотӣ мухтасар маълумот дод.

183

Сипас аз рӯйи Барномаи конференсия муфаттиши калони Шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Суғд, лейтенанти калони милитсия Ҳамдамов М.М., дар мавзӯи «Ташкил ва фаъолияти Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он», сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии МКД, полковники милитсия Муллобоев М. дар мавзӯи «Мавқеи ҳуқуқии шахси холис тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», муаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ, капитани милитсияи Рустамов Н.Қ. дар мавзӯи «Тартиби пешбурди парвандаҳо нисбати ноболиғон», курсантони курси чорум, милитсияи қаторӣ Холмуродов С. дар мавзӯи “Давраҳои оғози парвандаи ҷиноятӣ”, милитсия қаторӣ Муҳаммадиев Ҷ. дар мавзӯи “Давраҳои тафтишоти пешакӣ” маърӯза намуданд.
Дар конференсия устодони кафедраҳои факултети №4 ва курсантони курси сеюм фаъолона иштирок намуданд.
Абдулбоқиева Н.М., муаллимаи кафедра ҳуқуқи ҷиноятӣ
ва мурофиаи ҷиноятии факултети №4 Академияи ВКД, капитани милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...