Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ дар меҳмонии Академияи ВКД
Дар асоси супориши Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ва нақшаи чорабиниҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарбияи маънавию эстетикии ҳайати шахсӣ, хунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ санаи 12 декабри соли 2017 ба Академияи ВКД ташриф оварда, ба ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда намоишномаи Михаил Зощенко, тарҷумаи А.Розиқ «Ҷиноят ва ҷазо»-ро намоиш доданд.
Ин намоишнома дар жанри мазҳака буда, ба омӯзгорон ва курсантон хеле писанд омад. Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар Академияи ВКД мунтазам чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд, ки дар тарбияи эстетикии ҳайати шахсӣ нақши муҳим мебозанд.
Дар хотима роҳбарияти Академияи ВКД ба ҳунармандон изҳори сипос намуданд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.