Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 – НОЯБР РӮЗИ НАҶМИ БАХТИ МИЛЛАТ

242416-уми ноябр дар ҳаёти миллати тоҷик рӯзи пурфайзу футуҳ, Рӯзи Президент ва баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Албатта, ҳар рӯз хосиятҳои худро дорад, аммо таҷлили ин рӯз дигар аст. Дар рӯзҳое, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар аланга мегирифт, 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби вилояти Суғд баргузор гашт. Масъалаи асосӣ фурӯ нишондани ҷанги хонумонсӯз буд. Ҳамин Иҷлосия дар тақдири миллат нақше гузошт, ки он бо хатҳои заррин ба таърихи миллат ворид шуд. Дар ҳамон рӯзҳо гӯё дар осмони Тоҷикистон аз паси абрҳо равшанӣ – Офтоб намудор шуд. Он рӯшноӣ, нурҳои он Офтоб сар то сари Ватанро фаро гирифт.
Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонд, ки бо кирдору амалҳои нек ва муборак симою муборак вафою муборакқадам буданашон тавонистанд, мардуми парешонро дар атрофаш муттаҳид намуда, давлатро аз фаноёбӣ наҷот диҳанд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи овардани сулҳу ризояти миллӣ ба Тоҷикистон нақши муҳимро ифо намуданд.
Дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ намудани ташаббусҳои хирадмандонаву дурандешонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дастгирӣ мешаванд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 марти соли 2018 барои ифтитоҳ бахшидан ба фаъолияти ташаббуси навбатию ҷаҳонии хеш ба шаҳри Ню-Йорки Иёолоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд. Сафари Пешвои миллат аз дигар сафарҳои ба қароргоҳи бонуфузтарин созмони даҳр - Созмони Милали Муттаҳид кардаашон бо он тафовут дошт, ки ба ду санаи муҳимми башарӣ: ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи ҷаҳонии об рост омад. Ин ду сана, ки ҳардуро сарчашмаи ҳаёти башар номидан ба маврид аст, бо ҳам робита ва пайванди ногусастанӣ доранд. Яъне, Наврӯз ҷашни кайҳону табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳо аст ва ҳамин хусусияти волояш сабаб гардид, ки мавҷудияти худро то замони мо аз даст надода, баръакс дар замони давлатдории миллии мо шукуҳу шаҳомати хоса пайдо намуд ва бо талоши Пешвои миллати тоҷик ҷашни байналмилалӣ унвон гирифт. Об дар баробари хок, бод ва оташ яке аз чор унсури азал, муъҷизаи бузургтарин ва сарвати бебаҳотарини кураи арз буда, мавҷудияти ҳаёт дар биосфера маҳз ба об вобастагӣ дорад.
Ҳанӯз ҳазорҳо сол қабл ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунофари мо дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи нуҷумӣ ба ҷашни Наврӯз асос гузошта, манбаи асосии ҳаёт будани обро дарк намуданд ва ба он мақоми баланд дода, ҳамеша покиза нигоҳ доштани обро таъкид кардаанд. Дар фарҳанги аҷдодии мо — «Фарҳанги ҷамшедӣ» ва китоби муқаддаси ниёгонамон – «Авесто» мақоми об дар зиндагии инсон ва сифатҳои эзадбонуи ориёии масъули об хеле равшан баён гардидааст. Яъне, дар «Авесто» об, зиндагии фарҳангӣ ва рушди тамаддуни инсонӣ бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд.
Маҳз бо шарофати истиқлоли комили сиёсӣ ва ба сари қудрат омадани фарзонафарзанде, чун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми анъана ва суннатҳои ниёгонамон дубора эҳё гардида, миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҳастӣ ва мақоми волои хеш дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён бори дигар мужда расонд. Кӯшишу талошҳо ва заҳматҳои пайвастаи Сарвари давлат буданд, ки меҳанро аз вартаи нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ нигоҳ дошта, моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар, халқи сулҳдӯсту ваҳдатофар ва ҷумҳурии ташаббускору бунёдкор шиносониданд.
Чунончӣ, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (1 октябри 1999) дар саросари ҷаҳон соли 2003 «Соли оби тоза» эълон карда шуд. Дар асоси ин ташаббус дар пойтахти мамлакатамон — шаҳри Душанбе аз 29 август то 1 сентябри соли 2003 Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. Дар заминаи о, дар саросари олам тадбирҳои судманди зиёд амалӣ карда шуданд.
Сипас, бо ташаббуси дигари Пешвои миллат 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси «Эъломияи Душанбе» Қатъномаи дахлдор қабул карда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд.
Азбаски дар тамоми кураи арз беш аз 240 дарёи сарҳадгузар мавҷуд асту аз онҳо зиёда аз 170 давлати мухталифи дунё истифода менамоянд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муҳиммияти ин масъала 21 июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейро дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ-Об» оид ба масоили истифодаи самараноки об суханронии пурмуҳтаво намуданд. Маҳз ҳамин ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20 декабри 2010 соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намуд, ки он аз ҷониби 190 давлати олам дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфт.
Президенти мамлакат тамоми кӯшишу ғайратро ба ҳалли на танҳо мушкилоти ҷумҳурӣ, балки масоили минтақавию ҷаҳонӣ равона намуда, дар ин самт ҳамеша тадбирҳои судманд меандешанд. Иқдоми чоруми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳаммуаллифии 177 мамлакати аъзои ин созмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид, далели бебаҳси ин гуфтаҳо аст.
Яке аз ҳадафҳои меҳварӣ он аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар таъмини амнияти экологии сайёра нақши бағоят амиқ дорад. Маълум аст, ки дар аввали соли 2016 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои 15 соли оянда 17 ҳадафи асосӣ муайян гардид, ки чанде аз ин ҳадафҳо бевосита ба масоили экологӣ иртибот доранд. Ҳамзамон дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналхалқӣ давоми 15 соли охир беш аз 7 маротиба симпозиум ва конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалии марбут ба об баргузор карда шуданд, ки ҳамаи он фарогири масоили глобалию экологии вобаста ба об буданд.
Ҳамзамон моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ барад. Бо назардошти ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки барои тамаркуз кардан ба ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Ин иқдом 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум бо қатъномаи «2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул гардид.
Мардуми тоҷикро беҳуда фарҳангпарвар намегӯянд. Ин мардум дар айёми хеле сахту сангин, вақте оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга мезад ва давлату миллати куҳанбунёди мо дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт, ҷавонмарди чиҳилсоларо роҳбари худ баргузид. Ин мард бо лаҳни бурро ва самимӣ, симои баҳодурона, донишу маҳорат ва фарҳанги волои худ дар дили ин мардум шуълаи умеду боварӣ афрӯхта буд. Бисёриҳо он замон дар ғами ҷону сарнавишти хеш буданд ва аз пеши пойи худ дуртарро намедиданд. Вале нигоҳи ин мард ба дуриҳо, ба ояндаи ин халқу сарзамин дӯхта шуда буд. Ин мард ба боварии мардуми худ садчанд бештар сазовор гашт.
Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро самимона дӯст медошт ва дар яке аз вохӯриҳояш гуфта буд: “Эмомалӣ Раҳмон дили бузурги инсонӣ дорад. Дар ин дил ҳама меғунҷад. Ӯ охирон тоҷикро ба Ватан баргардонд. Магар ин тавоноию қудратмандии инсон нест? Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо шумо – тоҷикон, балки тамоми тоҷикони дунё дӯст медоранд. Худо шоҳид аст, ки ин мард бо ин ақлу заковате, ки дорад, дунёро муассир мегардонад”.
Ҳамчунон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин чунин иброз намудааст: “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои ИДМ яке аз мавқеъҳои асосиро ишғол менамояд. Тамоми саъй ва кӯшишҳои ӯ нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ идома дорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои олам намунаи ибрати хуб аст”.
Имрӯз Президенти маҳбубамон бо хизматҳои беандозааш дар назди халқу Ватан сазовори боварии мардум шуда, дар дили ҳар сокини Меҳан маъво гирифтааст.
Маҳз бо дарназардошти хизматҳои шоиста, саҳми бузургаш дар барқарор намудани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Пешвои миллат дода шудааст.
Аз ин лиҳоз, барои мо ҳаёту хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ, хизмат ба Ватан ва ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад. Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо аз ғаму дарди миллат огаҳанд ва ба мушкилоти мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бепарво нестанд.
Сарвари мо ба мардум ҳамдилӣ ва ёрӣ мекунанд ва шоистаи номи баланди Пешвои миллатанд. Таърихи давлатдории шоҳони қадим ва муосир исбот намудааст, ки дар зиндагӣ кам сарвароне ҳастанд, ки дар вақти тавоноию қудратмандияшон тамоми ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро муваффақона амалӣ карда, мардумро роҳнамоӣ намоянд.
Маҳз дар ҳама ҳолатҳо ба пешвози мардум рафтан, бо онҳо аз наздик суҳбат оростан, хоҳишу дархостҳояшонро шунида, ба дардҳояшон дармон гаштан ва ғайра Эмомалӣ Раҳмонро дар байни мардум бузургтару қавитар ва тавоно намуд. Шоҳиди ҳолате будам, ки як марди солор дар ноҳияи Ёвон баъди бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз наздик зиёрат кардан, ҳафтаҳо дасти худро нашуста, бо ифтихор байни мардум Худоро ситоиш менамуд, ки ба ӯ чунин хушбахтии бузургро ато кардааст. То ба ҳол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилот доим дар паҳлуи мардуманд.

Курсанти курси 2, гуруҳи таълимии 203
факултети №2, милитсияи қаторӣ Табаров Б.З.


Куратори гуруҳи таълимии 203,
н.и.ҳ., подполковники милитсия Шарифзода П.Р.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...