Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – сутуни давлат ва эътибори миллат
(дар ҳошияи асари д.и.ҳ., Р.Ҳ. РАҲИМЗОДА – “Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: «ЭР-граф», 2025. – 484 с).
Шинохт, таҳлилу тадқиқ ва бардошти таҷриба аз рӯзгори нухбагони миллат, бахусус шахсиятҳое, ки намоди давлатсозиву давлатдории миллӣ мебошанд, аз муҳимтарин омил дар ҷодаи бунёд, гиромидошт ва ҳифзи давлатдории миллӣ маҳсуб меёбанд.
Чунин таҷрибаро дар доираи таҳқиқоти илмӣ, ки атрофи мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шакл гирифтаанд, метавон дарёт. Яке аз муҳимтарин таҳқиқоти илмӣ дар ин самт, асари д.и.ҳ., дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Р.Ҳ. Раҳимзода – “Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Асари «Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», аз назари методологӣ дорои низоми муайян буда, фарогири фаъолияти сиёсиву ҷамъиятии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Асар бо як сабки хоси таҳлиливу тадқиқӣ, дар самти баёни ҳодисаҳову равандҳои охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1, ҷойгоҳи шахсият дар раванди бунёди давлатдории миллӣ ва ҳифзи давлату миллат аз парокандагиву нобудӣ, ки бо пайкори чеҳраи мондагори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад, таҳия гардида, аз забони шево ва равону оммафаҳм истифода шудааст.
Хусусияти хоси асар аз он иборат мебошад, ки бори аввал дар доираи омӯзиши Мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо чунин шакл ва мазмун, яъне тадқиқоте, ки фарогири ҳама паҳлуҳои фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад, таълиф гардида, паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти давлатдории ин шахсияти сатҳи ҷаҳонии миллати тоҷик бо системаи алоҳидаи тадқиқу омӯзиш пешниҳод гардидааст.
Бояд зикр намуд, ки муаллиф шахсияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун бунёдгузори давлатдории миллӣ, арбоби барҷастаи сиёсӣ ва давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамчун Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, фаъолияти ҷамъиятӣ, сиёсатмадори маорифпарвар, сиёсати давлатӣ дар самти занону ҷавонон, тарроҳи ҳадафҳои стратегӣ, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ташаббускори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон мавриди тадқиқ қарор дода, ҷузъиёти онро возеҳ баён намудаанд.
Хусусияти дигари китоб аз он иборат мебошад, ки муаллиф ҳамчун шоҳиди бевоситаи раванди давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷасорату родмардӣ, қаҳрамонӣ, ҷонфидоиҳои ин чеҳраи мондагори миллатро дар роҳи бунёди давлатдории миллӣ ба риштаи тадқиқ кашида, баҳои воқеии худро додааст.
Истифодаи васеи адабиёти илмӣ, баёни андешаи шоҳидони раванди давлатсозиву давлатдории Пешвои муаззами миллат дар тадқиқоти мазкур сурат гирифта, талаботи илмии навиштани асар риоя гардидааст.
Дар асари мазкур адабиёти илмӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, Паёмҳои Сарвари давлат ба Мақоми Олии қонунгузори кишвар, сарчашмаҳои расмии интернетӣ, андешаҳои сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ, маълумоти шифоҳӣ аз ҷониби шоҳидони воқеаву ҳодисаҳои ин давраи таърихӣ ва дигар чунин мавод ба таври васеъ истифода гардида, аз ҷониби муаллиф мавриди таҳлилу хулосабарорӣ қарор дода шудаанд.
Асари мазкур бо чунин шакл ва мазмун дар тадқиқоти олимони ватаниву хориҷӣ, ки фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии абармарди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди омӯзиш қарор дода, дар ин самт таълифоти сатҳи гуногунро доро мебошанд, як падидаи нав ҳисоб меёбад. Чунки асар бо истифода аз системаи мукаммал ва фарогирандаи фаъолияти густурдаи Пешвои муаззами миллат дар ҷодаи давлатдории миллӣ таҳия гардида, хусусиятҳои хоси ин равандро дар худ таҷассум намудааст.
Муаллиф бо завқи баланд, эҳсоси самимӣ ва ибрози садоқату муҳаббат ба Мактаби давлатдории абармади миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шоҳиди бевоситаи чунин корзори ибратбахш ворид гардида, паҳлуҳои алоҳидаи онро мавриди тадқиқот қарор додааст.
Ҳамзамон, раванду воқеаҳои тақдирсози миллиро, ки ба пайкори Сарвари давлат алоқаманд мебошанд, муаллиф ба риштаи назм кашида, ҷойгоҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷода возеҳу равшан баён месозанд.
Мавзуъҳо пайдарҳам, ифодакунандаи мақсаду мароми муаллиф буда, мантиқӣ пешниҳод гардидаанд.
Китоби мазкур аз сарсухан, се боб, чаҳордаҳ зербобҳо ва хулоса иборат буда, бобҳои алоҳидаи он бо чунин номҳо: «Масъулияти давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», «Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат», «Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидаанд.
Муаллиф дар сарсухани асари арзишманди хеш ба моҳияту мазмуни тадқиқот, мубрамияти мавзуъ ва фарогирии самтҳои асосии он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дидгоҳи олимони варзидаи ватаниву хориҷиро дар доираи объекти тадқиқотӣ таҳлилу баррасӣ намудааст. Аз ҷумла, қайд карда шудааст, ки “Мактаби давлатдории ин абармарди дунёи сиёсат имрӯз мақому манзалати сатҳи миллӣ ва байналмилаиро касб намуда, ҳидоятгари ҳалли мушкилоти башарӣ гардидааст”.
Сохтори асосии китоб аз масъалаи бунёдгузори давлатдории миллӣ оғоз шуда, бо таҳлили мавзуи Пешвои тоҷикони ҷаҳон ҷамъбаст гардидааст.
Сарсухани китоб, дар ҳаҷми 18 саҳифа таҳия гардида, паҳлӯҳои алоҳидаи асар ва масоили мубрам, ки дар бобҳо ва зербобҳои он оварда шудаанд, мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Муаллиф дар сарсухани китоб қайд менамояд, ки Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун чеҳраи ҷаҳонтоби миллат ҳанӯз дар аёми ҷавонӣ ва вазъияти даҳшатбори таърихи миллат бедарназардошти гузаштан аз мактабҳои идоракунию давлатдорӣ ва сиёсӣ зимоми давлатдориро ҷасурона ба уҳда гирифта, умеди дирӯзу имрӯз ва фардои миллат гардиданд ва мактаби идоракунии худро бунёд намуданд.
Қайд карда мешавад, ки агар аксари шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ дар шароити мавҷудияти ваҳдати миллӣ, пурқувват будани заминаи моддиву техникӣ, низоми комили иқтисодӣ ва дастгирӣ аз ҷониби дигар давлатҳои пуриқтидор идоракунии давлатро ба уҳда гирифта бошанд, Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят вазнину фалаҷгардидаи вазъи сиёсиву ҳарбӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, касодии буҷети давлатӣ, шикасти фазои маънавӣ, бетарафӣ ва дурӯягии бархе аз роҳбарони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шиддатёбии равандҳои динию мазҳабӣ ва ғайра матонат ва далерӣ нишон дода, идоракунии давлатро ба дӯши худ гирифтанд.
Ҷузъиёти дигар, ки дар сарсухан, ҳамчун муҳимтарин бахши китоб оварда шуда, мавриди таҳлил қарор гирифтааст, иқтибос аз олимони ватанӣ, бахусус андешаҳои профессор С.С. Ятимов мебошанд. Профессор С.С. Ятимов, чунин қайд менамояд, ки «...яке аз нишонаҳои хирадмандии Роҳбари давлат ҷиддан ба инобат гирифтани пешомадҳои фавқулода ва ғайриинтизори иқтисодӣ, иҷтимоии дохилӣ ва омилҳои берунии хосияти табиӣ ва геополитикидошта маҳсуб мегардад».
Ин донишманди асил, зикр менамояд, ки таҳлили назария ва амалияи сиёсии Сарвари кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки идеали асосии ӯ сохтани давлати миллӣ тавассути тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, таъмини ваҳдати миллӣ бар пояи баланд бардоштани некӯаҳволии мардум аст.
Ҳамзамон, андешаи профессор С.С. Ятимов вобаста ба хислатҳои инфиродии Сарвари давлат дар чунин шакл аз ҷониби муаллиф иқтибос оварда шудаанд, аз ҷумла: «...дар рафтор, гуфтор ва зиндагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун инсон ман шахсияти поктинат, одӣ, хоксор, фурӯтан, хушсуҳбат, нектабиат, ҳимматбаланд, фарди доно ва роҳбари тавоно, фасеҳгуфтор, марди худогоҳу ватандӯст, эҳёгари анъана ва бузургии ниёгон, таърихофарин, пайвандгари тоҷикон, ангезандаи рӯҳи миллӣ, муҳофизи Ватан, масъулиятшинос, рӯҳбахш, пуркору накӯкору пурсаъйу қарин ба одамони меҳнатӣ ва дардошноро дарёфтам».
Ҳамзамон, андешаҳои олимону муҳаққиқон ва сиёсатмадорони сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ, ки атрофи ниҳоди сарварӣ ва корномаи беназири давлатдории Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардидаанд, дар китоб дарҷ ёфтаанд.
Дар сарсухан ҷойгоҳи Сарвари давлат ва талошу заҳматҳои шабонарӯзии ин абармарди миллат ба риштаи назм кашида, дар доираи 48 мисраъҳои шеърӣ баён гардидаст, ки аз садоқату вафодорӣ ва завқу эҷоди баланди муаллиф дарак медиҳад.
Боби аввали китоб «Масъулияти давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» номгузорӣ гардида, аз 8 зербоб иборат мебошад. Муаллиф дар ин бахш ба зарфиятҳои бунёди давлатдории миллӣ, нақши Сарвари давлат дар ин раванд, шарҳи мафҳумҳои давлати миллӣ ва давлатдории миллӣ, асосҳои бунёдии давлатдории миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва бақои миллат, таҳлили вазъи сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ ва ҷойгоҳи Сарвари давлат дар ин раванд, Иҷлосияи тақдирсоз, интихоботи соли 1990 ва мушкилоти он, ҳодисаҳои ағбаи Полезак ва деҳаи Каранак, кӯшишҳои баргузории панҷ табадуллоти давлатӣ ва панҷ сӯиқасдҳо ба ҷони Сарвари давлат аз ҷониби нотавонбинони миллат ва дигар чунин мушкилотҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст.
Бояд зикр намуд, ки зарфияти таҳқиқоти мазкур пеш аз ҳама дар таҳқиқи амиқу возеҳи ҷузъиёти раванди давдатсозӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷавонмардиву шуҷоат, қаҳрамониву иродаи шикастнопазири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум меёбад, ки муаллиф чун шоҳиди ҳол баён намудааст.
Дар боби дуюми китоб, ки “Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоии давлат” номгузорӣ шудааст, вазъи соҳаи маориф ва илми кишвар дар замони истиқлолият, сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва мутобиқсозии он ба шароити муосир, тадбирҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани мақом ва нақши шоистаи занону ҷавонон дар рушди Тоҷикистон, дастгириҳои сатҳи давлативу ҳукуматии соҳа, ҳадафҳои тақдирсози давлату ҳукумат ҳамчун заминаи асосии рушди кишвар ва бунёди зиндагии шоистаи сокинон борикбинона ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд.
Албатта, муаллиф дар асари хеш ба масъалаи маориф ва илм, занону ҷавонон низ дар ин боб таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Бахусус масъалаи маорифпарвар будани Сарвари давлат алоҳида зикр ёфтааст. Дар ин партав муаллиф зикр менамоянд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози фаъолияти роҳбарии худ ба маорифу маърифат ҳамчун омили асосии рушди устувори кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Муносибати масъулиятнок ба сиёсати маориф ҷанбаи муҳимми стратегияи давлатист, ки барои бартараф намудани мушкилоти замони мо ва тарбияи мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат нигаронида шудааст.
Қайд карда шудаст, ки дар ҳақиқат, маориф асоси рушди ҳар як ҷомеаи пешрафта мебошад. Маориф раванди аз насл ба насл интиқол додани дониш, малака ва маҳорат аст, ки ба пешрафти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миллату давлат мусоидат мекунад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки ба таври бемайлон тағйир меёбад, маориф ҳамчун воситаи мутобиқшавӣ ба шароит ва мушкилоти нави бамиёномада аҳаммияту маънои нав пайдо мекунад.
Боби сеюми китоб ба мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида шудааст. Зимни таҳияи ин боб кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки бо далелҳои раднопазир дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нақши шоиста доштани ин абармарди дунёи сиёсат бори дигар исбот карда шавад.
Муаллиф дар хулосаи асар моҳият ва мазмуни асарро пурра ҷамъбаст намуда, арзишҳои муҳимтарини Макаби давлатсозии Пешвои миллатро барои насли имрӯзу оянда пешниҳод менамояд. Дар ин бахши ҷамъбастии асар зикр мегардад, ки маҳз дар айёме, ки сарзамини биҳиштосои Тоҷикистонро қувваҳои аҳриманӣ идора мекарданду зулму ситам ба ҷони миллати тоҷик раҳме надошт, фарзанди ғаюри модари ғамхори тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба хотири набард бо ин қувва ба майдон баромад.
Муаллиф дар хулоса қайд менамояд, ки ман худ шоҳиди ҳол ҳастам, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун амри яздонӣ ба саҳнаи сиёсат омада, дар шароити ниҳоят вазнин ва вазъияти пешгӯинашаванда, ки бар сари миллати тоҷик омада буд, тамоми масъулияти имрӯзу ояндаи тоҷиконро ба дӯши худ гирифта, баҳри ташаккули давлатдории миллӣ қадамҳои устувору ҷавонмардона гузоштанд.
Хулоса, омӯзиши асар ва дарки амиқи моҳият ва мазмуни он метавонад дар шинохти амиқи Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби олимону коршиносон ва сиёсатмадорон, докторантон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аспирантону унвонҷӯён, донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон, ки ба масъалаҳои таърихи давлатдориҳои тоҷикон, бахусус, раванди ташаккул, рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва саҳифаҳои дурахшони таърихи Ватани азизамон – Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, мусоидат намуда, судманд арзёбӣ гардад.
Таҳияи чунин асарҳои фундаменталӣ ва аз лиҳози методологӣ қавӣ метавонанд заминаи воқеии даҳҳо бахшҳои муҳимми илмӣ-таҳқиқотӣ, мавзуъҳои мубрами рисолаҳои илмӣ, маводи таълимии сатҳи омӯзиши марказҳои илмӣ-тадқиқотии Мактаби давлатдории Эмомамалӣ Раҳмон ва дар ояндаи наздик таъсиси Академияи Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон бошанд.
Самиъзода Б.С., ёрдамчии сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия







































































































































































