Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

16-уми ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

2419«Ман ҳамаи шумо — халқи азизам ва хурду бузурги Тоҷикистонро сидқан дӯст медорам ва то нафаси вопасин ба шумо содиқона хизмат мекунам».
Эмомалӣ Раҳмон
Ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр пешбинӣ шуд. Ҳамин тариқ лоиҳаи мазкур 14 марти соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуд. Муайян гардидани рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз марҳилаи нави давлатдории тоҷикон оғоз ёфта, Президенти ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд.
Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обрӯву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” таҷассум ёфтааст.
Ташаккули ниҳоди Пешвои миллат ҳамчун арзиши муҳимми сиёсӣ ҳам ҷанбаи дастурӣ ва ҳам сохторию функсионалӣ дошта, дар таърихи навини давлатдории тоҷикон падидаи комилан нав мебошад. Ниҳоди мазкур нишонаи қадрдонӣ ва эътирофи ҷомеаи Тоҷикистон аз заҳмат ва хидматҳои шахсияти таърихие аст, ки тавонистанд раванди давлатдории моро дар садаи ХХ сифат, хусусият ва мазмуни тоза бахшида, мушкилтарин масъалаҳои давлатдории миллиро ҳал намуда, пойдории онро таъмин намоянд. Моҳияти сохторию функсионалии он нақши ин ниҳодро ҳамчун мақоми идорӣ, ки вазифа, салоҳият ва имконияти муайян дорад, муқаррар намуд. Дар айни замон мо дар бораи санъати хосси идоракунӣ, мактаби давлатдорӣ, мавқеъ ва нуфузи ин ниҳод ҳамчун ниҳоди расмӣ метавонем сухан гӯем. Ниҳоди Пешвои миллат дар таҷрибаи давлатдории мо сохтори комилан нав маҳсуб мешавад. Аз нуқтаи назари аҳаммияти иҷтимоию сиёсии худ он ба сифати ҷавҳари муттаҳикунанда баромад намуда, дар ҷалби ҷомеа ҷиҳати муваффақ гаштан ба натиҷаҳои интизорӣ нақши бузург дорад. Ғояҳои таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод мешаванд, ҳамовозӣ ва ҷонибдории худро дар умқи ҷомеа пайдо менамоянд.
Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо, рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои муаззами миллат аст.
Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат дар самти таҳкими рунҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми нерӯ, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем.
Одиназода Л.Т., муаллими кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5, лейтенанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...