Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИЛИТСИЯ ҲОМИИ ТАРТИБУ НИЗОМ

2407Милитсия кафили ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ буда, ҳар як корманди он бояд бо садоқат хизмати худро анҷом диҳад. Мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонад.
2408Милитсия на танҳо ниҳоди қудратӣ балки ниҳоди ҳимоятгари ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Танҳо бо эҳтироми ҳаққу ҳуқуқи мардум мо метавонем ба ҷомеаи ором ва пешрафта ноил гардем.
Эмомалӣ Раҳмон
Милитсия ҳамчун нерӯи қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар ҷомеа нақши асосиро мебозад. Кормандони милитсия дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи сулҳу субот саҳми ниҳоят бузург доранд. Ҳар як корманди милитсия бояд масъулияти баланди худро дар назди давлат ва мардум дарк намояд. Кормандони милитсия бояд дорандаи намунаи ахлоқи баланд, масъулиятшиносӣ ва инсондӯстӣ бошанд. Милитсияи Тоҷикистон ҳамчун сохтори давлатӣ ва ниҳодӣ қудратӣ таърихи чандинсолаи худро дорад.
Милитсияи тоҷик ҳамчун сохтори аввалиндараҷаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон 10 ноябри соли 1924 таъсис ёфт. Аз ҳамин сабаб ҳамасола 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Баъди эълон шудани истиқлолияти давлатииҶумҳурии Тоҷикистон (соли 1991) милитсияи тоҷик ба як сохтори мустақили давлатӣ табдил ёфт. Баъди барқарор шудани сулҳ (соли 1997), дар фаъолияти милитсия ислоҳотҳои ҷиддӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳар як корманди бо ору номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсти ин ниҳоди пурифтихорро зарур аст, ки баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ, пос доштани арзишҳои волои ватандорӣ, бахусус истиқлоли давлатӣ ҳамеша талош намояд. Аз ҳама муҳим он аст, ки кормандони милитсия ба ояндаи дурахшони кишвари азизамон боварӣ дошта, ба қавлу савганди касбӣ, Президент ва халқу Ватан содиқ мебошанд.
Таҳти таъсири низоъҳои мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоӣ, милитсия дар Тоҷикистон пай дар пай рушд ёфта, ҳамчун нерӯи пурқуввати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ шакл гирифтааст. Милитсия бояд ҳамеша бо ҷомеа ҳамкор бошад, бо мардум робита дошта бошад ва фаъолияти худро шаффофу ҳисоботӣ созад. Ҳамчунин, милитсия вазифадор аст, ки нисбати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон эҳтироми комил дошта, амалҳои худро дар доираи қонун ва бо эҳсоси масъулият анҷом диҳад.
Воқеан саҳми мақомоти милитсия дар пойдории оромиву суботи кишвар, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон муассир арзёбӣ гардида, хизматҳои фарзандони барӯманди меҳан ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумат қарор дорад.
Милитсияи тоҷик дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати милитсияи Шӯравӣ фаъолият намуда, то замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-уми сентябри соли 1991) ҳамчун милитсияи Шӯравӣ муаррифӣ карда мешуд. Фаъолияти милитсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаригашта хусусиятҳои ба худ хос касб намуда, марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст. Паҳлуҳои гуногуни фаъолияти милитсияи тоҷик дар асарҳои доктори илми ҳуқуқшиносӣ Раҳимзода Р. Ҳ. «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», доктори илми таърих, генерал-майори милитсия А. Ш. Розиқзода «Таърихи ташаккул ва фаъолияти милитсияи Тоҷикистон», доктори илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Н. Ҷ. Назаров «Милитсияи Тоҷикистон дар шароити истиқлолият (1991-2009)», номзади илми таърих, полковники мустаъфӣ А. М. Абдулов «Асосҳои ҳуқуқӣ ва амалияи низоми пенитенсиарии Тоҷикистон дар нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ» ба таври васеъ дарҷ гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон кормандони мақомоти корҳои дохилиро ҳушдор сохтанд, ки бояд ҳамеша дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбии худ ҳушёр бошанд, яъне ҳифзи амнияту оромии омеа ва давлат, ҳимояи боэътимоди марзу буми Ватан, зиндагии осудаи сокинони мамлакат ва заҳмати ободгаронаи сокинони кишварро таъмин намоянд.
Сохтори милитсия бисёрзинагӣ буда, вобаста ба самтҳои фаъолияти он ташкил шудааст. Ба сохтори он шомиланд:
 Мақомоти марказии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати умумӣ ва роҳбариро ба зимма дорад;
 Раёсатҳои минтақавӣ ва шаҳрӣ - барои идора ва ҳамоҳангсозии фаъолияти милитсия дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
 Қисмҳои махсус - гурӯҳҳои зидди терроризм, отрядҳои махсуси таъиноти фаврӣ (ОМОН), хизматҳои муҳофизати давлатӣ ва дигар воҳидҳои махсус.
В. И. Ленин моҳи марти соли 1917 дар асари худ «Мактубҳо аз дур» оид ба милитсия андешаҳои худро чунин навишта буд: «Милитсия воқеан ҳам бояд халқӣ бошад, ба мардум хизмат намояд, дар худ функсияҳои милитсияи халқӣ ва функсияи политсияро муттаҳид намуда, ба мақомоти асосии тартиботи давлатӣ ва идоракунии давлатӣ табдил дода шавад».
Соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Қумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он 10 ноябр Рӯзи милитсия эълон гардид. Акнун ҳар сол дар Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик бо шукӯҳу шаҳомат ва шукргузорӣ аз неъмати Истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Имрӯз милитсияи Тоҷикистон дар ҳайати Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) амал мекунад ва дар таъмини амнияти миллӣ нақши муҳимро мебозад,аз ҷумла :
 Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ - ҳифзи қонун ва тартибот дар кӯчаҳо, роҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ.
 Муқовимат бо ҷинояткорӣ - пешгирӣ ва тафтиш кардани ҷиноятҳо, ки метавонад ба амнияти шаҳрвандон ва давлат таҳдид кунад.
 Тарғибот ва огоҳонӣ - информатсионӣ ба мардум дар бораи қоидаҳои бехатари, ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ва роҳҳои пешгирӣ.
 Ҳифзи сарҳад ва назорати қонуни - назорати ҳаракати маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои эҳтимолӣ, ки метавонад ба амнияти миллӣ хатар орад.
 Ёрии фаври ва ҳолатҳои фавқулода - кумак ба шаҳрвандон дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ, садамаҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулода.
Ҳамаи ин асос медиҳад, ки мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, миллату давлат ва Пешвои муаззами миллатро бовар кунонем, ки аз ҳама он вазифа ва уҳдадориҳое, ки дар назди мо гузошта шудаанд сарбаландона баромада, сипари боэътимоди кишвар хоҳем буд.Бояд иқрор шуд, ки мақомоти корҳои дохилии кишвар дар 34 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ, новобаста аз мураккабиҳои фаъолияти касбӣ ба дастовардҳои муайян ноил гардида, имрӯз ба як мақомоти муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, қодир аст, ки аз ҳама гуна амалҳои носавобу душманонаи дилхоҳ гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба амнияту суботи дохилии давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва умуман зиндагии осудаи мардум хатар эҷод мекунад, ҷилавгирӣ намояд.Хулоса рӯзи милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи эҳтиром ба кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳодати садоқат ба давлат мебошад. Милитсия яке аз сохторҳои муҳими давлатӣ мебошад, ки барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва пешгирии ҷиноятҳо фаъолият мекунад. Вазифаҳои асосии милитсия дар он аст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муҳофизат намояд, ба қонуншиканиҳо саривақт ҷавоб диҳад ва дар байни ҷомеа ҳисси боварӣ ва амниятро нигоҳ дорад. Дар шароити муосир милитсия на танҳо бо мубориза бар зидди ҷинояткорӣ машғул аст, балки бо аҳолӣ ҳамкорӣ мекунад, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад ва барои беҳтар шудани муносибати байни давлат ва мардум саҳм мегузорад. Милитсия сутуни асосии амнияти ҷамъиятӣ буда, нақши он дар таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи қонуният дар ҷомеа ниҳоят муҳим аст. Самаранокии фаъолияти он ба масъулият, адолат ва муносибати инсондӯстонаи кормандон вобаста мебошад.
Ҳотамзода М.Д., курсанти курси 2-юми гуруҳи 213 факултети №6, Академияи ВКД, милитсияи қаторӣ

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...