Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 ноябр - Рӯзи милитсияи тоҷик!

2403Милитсияи тоҷик дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати милитсияи Шуравӣ фаъолият намуда, то замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ҳамчун милитсияи Шуравӣ муаррифӣ карда мешуд. 2404Фаъолияти милитсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаригашта хусусиятҳои ба худ хос касб намуда, марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст. 2405Паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти милитсияи тоҷик дар асарҳои доктори илми таърих,профессор, генерал-лейтенанти мустаъфии милитсия А.Ш. Розиқзода «Таърихи ташаккул ва фаъолияти милитсияи Тоҷикистон», доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Н.Ҷ. Назарзода «Милитсияи Тоҷикистон дар шароити истиқлолият (1991-2009)», номзади илми таърих, полковники мустаъфӣ А.М. Абдулов «Асосҳои ҳуқуқӣ ва амалияи низоми пенитенсиарии Тоҷикистон дар нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ» ба таври васеъ дарҷ гардидаанд.
2406Ин санаи таърихӣ дар хотираи он нафароне, ки умри бобаракати худро ба ин мақомот пайваст намуда, фаъолияти хешро сарфи пешгирии падида ва зуҳуроти номатлуби ҷомеа намуда, таъмини волоияти қонун ва амнияти шаҳрвандонро асоси пайкори хеш донистаанд, фаромӯш нопазир мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои таъсисёбияш, роҳи душвору мураккабро тай намуда, аз тамоми санҷишҳои таърихӣ, аз уҳдаи иҷрои он вазифаҳое, ки дар ҳар давру замон гузошта шуда буд сарбаландона баромада, тамоми қувва, нерӯи зеҳнӣ ва касбии худро барои таъмини вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, оромиву осудагии шаҳрвандон ба харҷ дода, дар таҳкими амнияти давлату миллат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштааст.
Таърих гувоҳ аст, ки кормандони милитсияи тоҷик, дар ҳама муборизаҳо, алалхусус дар раванди барпо намудани Ҳокимияти Шуравӣ , мубориза ба муқобили ҳаракатҳои босмачигарӣ, муҳорибаҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, барқарорсозии хоҷагии халқ, таъмини истиқрори сулҳ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд.Дар ин маврид, кишвар ва халқу миллат хизмату заҳматҳои шабонарӯзии собиқадорону кормандони мақомотро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Дар ин ҷода ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки гуфтаанд: «Дар хотираи неки халқ ҷасорат ва садоқати бепоён ба кори нахустин кормандони милитсия, қаҳрамонӣ ва шуҷоати милитсионерон абадан боқӣ хоҳад монд ва халқ дар симои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ имрӯз ҳомии адолату бехатарӣ ва волоияти қонунро мебинад».
Генерал-лейтенанти мустаъфии милитсия доктори илми таърих,профессор, А. Ш. Розиқзода доир ба таърихи таъсиси милитсия тадқиқот анҷом дода, дар рисолаи илмии хеш навиштааст: «Соли 1924 баъд аз тақсимоти ҳудудию миллии Осиёи Миёна дар ҳудуди собиқ Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Туркистон ва Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро якчанд ҷумҳуриҳои миллӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуданд. Моҳи декабри соли 1924 Комиссариати халқии корҳои дохилии Тоҷикистон таъсис дода шуда, аллакай то 20 декабри соли 1924 комиссари халқии корҳои дохилӣ Абдулло Ёрмуҳаммадов ва якчанд нафар кормандони дастгоҳи марказии Комиссариат, аз ҷумла, сардори милитсия Ф.Я. Ижевский ба вазифаҳо таъйин шуданд, ки онҳо мутахассис ва донандаи якчанд забонҳо буданд».
Профессор Розиқзода А.Ш, таъкид мекунад, ки мафҳуми милитсия дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҳанӯз солҳои 1916-1917 дар ҳуҷҷатҳои архивӣ дучор меояд. «Дар асоси ҳуҷҷатҳои зиёду мӯътамади бойгонӣ метавон гуфт, аллакай аз декабри соли 1917 дар қисмати шимолии Тоҷикистон милитсия фаъолият мекард ва номи шахсиятҳои таърихӣ, ба мисли Ҳайдар Усмонов, Қутбиддин Наҷмуддинов, Бобо Содиқов, Қобилхӯҷа Искандаров, Комил Ёрматов (асосгузори санъати кино дар Осиёи Миёна), Додомат Турсунов, Мирзояҳё Аминов, Аҳмадхон Саидхонов (Муборакқадам) ба фаъолияти милитсия сахт марбут аст. Беҳуда нест, ки вақте аз ғалабаи Ҳокимияти Шуравӣ ва таъсиси аввалин дастаҳои милитсия сухан равад, ҳатман аз Ҷӯра Зокиров ва Ҳайдар Усмонов чун нахустин милитсионерҳои тоҷик ёд карда мешавад».Дар ВМКБ милитсияи тоҷик аз баҳори соли 1918 ба фаъолият оғоз кардааст. Ибтидои соли 1918 як теъдод сарҳадчиёни русро, ки муҳлати хизматашон ба охир расида буд, ҷавоб доданд ва бо ҳамин шумораи сарҳадбонон хеле кам гардид. Барои ҳамин 23 майи соли 1918 бо фармони Комиссариати ҳарбии Ҷумҳурии Шуравии Туркистон ҳайати сарҳадбонон аз ҳисоби 20 нафар ҷавонони маҳаллӣ, ки дастаи ихтиёрии милитсия меномиданд, пурра карда шуд. Шурои Комиссарони Халқии Ҷумҳурии Туркистон бо назардошти аҳамияти стратегии сарҳад 10 июни соли 1918 қарор қабул мекунад, ки мувофиқи он аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ дар ҳайати 300 нафар дастаи милитсия таъсис дода шудааст.
Дар таъсис додани дастаҳои милитсия дар ВМКБ, сарҳадбонон Вичич, Хуррам Боқиев, Азизбек Наврӯзбеков, Иброим Исмоилов, баъдтар Т.М. Дияков, Шириншо Шотемур ва дигарон саҳми арзанда гузоштаанд.Дар қисмати Тоҷикистони марказию ҷанубӣ баробари фаъолияти Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ (ЧДК) аввалин дастаҳои ихтиёрии милитсия соли 1921 пайдо шудаанд. Яке аз шуъбаҳои Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ шуъбаи ҳифозат номида мешуд, ки ба таъмини амният ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон сару кор дошт.Нахустин нозири (вазири) корҳои дохилии Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро Саидҷонов Мухтор Юлдошевичи тоҷик буд. Дар тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоятҳои Ғарм, Кӯлоб, Ҳисор ва Қӯрғонтеппа воҳидҳои штатии милитсия муайян шуда буданд.10 октябри соли 1920 ба дӯши Нозироти корҳои дохилӣ уҳдадориҳои ташкил ва идораи милитсия гузошта шуд. Барпо шудани Ҳокимияти Шуравӣ дар қисмати шимолии Тоҷикистон аз моҳҳои ноябр-декабри соли 1917 оғоз ёфт. Дар ин солҳо дастаҳои аввалини милитсия дар шаҳрҳои Хуҷанд, Ӯротеппа аллакай таъсис ёфта, амал мекарданд. Дастаҳои навтаъсиси милитсияи тоҷик дар муборизаҳои мафкуравӣ барои барпо намудани ҳаёти нав ба муқобили дастаҳои ғоратгари босмачиён ҷоннисориҳо карда, барои ба марҳалаи нави таърихӣ гузаштани миллати тоҷик саҳми шоиста гузоштанд.
Соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он 10 ноябр Рӯзи милитсия эълон гардид. Акнун ҳар сол дар Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик бо шукӯҳу шаҳомат ва шукргузорӣ аз неъмати истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ин аст, ки милитсияи тоҷик имрӯзҳо зери роҳбарии содиқонаи олим, ходими давлатӣ ва шахсияти варзида, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро пайваста кӯшиш менамоянд, ки бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ, таъмини амният ва суботи комили ҷомеа масъулияти хешро дар назди миллату давлат боз ҳам сарбаландона иҷро намояд.
курсанти курси 2-юми гуруҳи 203 факултети №2 Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон милитсияи қаторӣ Буриев З.А.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...