КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН ПОЙДЕВОРИ ДАВЛАТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Дар роҳи давлатсозиву давлатдории навини миллати соҳибтамаддуну соҳибмаърифат ва бонангу номуси тоҷик қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи басо мураккаби солҳои 90-уми асри гузашта таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст, воқеаи нодиру фараҳбахши сиёсӣ ва бузургтарин дастоварди истиқлолияти давлатӣ, маҳсуб меёбад, ки барои пойдории сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, мустаҳкам намудани пойдевори давлатдории миллӣ дар ҷомеа нақши муҳимро мебозад.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ ҷиҳати аз байн бурдани хавфе, ки истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзи кишвар ва ниҳоят, ба ягонагии миллат таҳдид менамуд, шароити зарурии сиёсию ҳуқуқӣ муҳайё намуда, роҳи сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ба оянда боз намуд.
Аввалин қонуни сатҳи олии кишвар, дар даврони соҳибистиқлоли Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 6 ноябри соли 1994 тавассути баргузории райъпурсии умумихалқӣ эълон ва қабул гардид, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад ва марому мақсаду ормонҳои мардум дар дебочаи он мустаҳкам гардидаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуву омоли миллати тоҷикро, ки солҳои дароз мустақилияти комил ва рамзҳои давлати миллиро интизор будаанд, ҷомаи амал пӯшонд. Бо шарофати қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлолии тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар гардонид.
Бояд зикр намуд, ки конститутсия дар навбати худ истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона амалан ва расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Бунёд гузоштан ба иқтисоди пешрафта, тақвияти рӯзафзуни низоми таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм, фарҳанг, эҳёи тамаддуни бостонии мардумамон ва ҳамоҳанг сохтани он бо арзишҳои умумибашарӣ татбиқи аввалин принсипҳои давлати иҷтимоӣ мебошад.
Имрӯз ҳар дастоварде, ки дорем, аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ аст. Аз баракати истиқлол ва ваҳдате, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос гузоштанд ва ин хизматҳои ӯ дар таърихи миллат ва давлатсозии тоҷикон ҷовидон боқӣ хоҳад монд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз, яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».
Конститутсия ба низоми идоракунии ҷумҳурии президентӣ асос гузошта, барои аввалин бор дар таърихи давлатдории тоҷикон усули таҷзияи ҳокимият, волоияти қонун, ва бартарияти ҳуқуқҳои инсонро муқаррар кард. Он ҳуҷҷати воқеан демократӣ буда, орзуву омоли таърихии халқи тоҷикро дар роҳи адолат, ваҳдат ва озодӣ инъикос мекунад ва санадест, ки он масъалаҳои ҳаётан муҳимми давлатдории Тоҷикистонро дар худ мустаҳкам намудааст.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мо ҳамчун як давлати дорои истиқлолияти комил дорои рамзҳои давлатии худ мебошем.
Дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ муайян шудаанд.
Тоҷикистон баъди эълон намудани мустақилияти хеш Парчам, Нишон ва Суруди миллии худро қабул намуд. Парчам рамзи озодист, озодие, ки ниёгони мо ҷаҳду талошҳо намудаанд. Суруди милли таронаи асосии давлатӣ ва умумихалқии мо аст, ки дар он тамоми орзую омоли сокинони мамлакат ифода ёфтааст. Суруди миллӣ мардумро ба ҳимоя ва ифтихор аз Ватан даъват менамояд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки Суруди миллиро азёд намояд ва ҳангоми сурудани он ҳамроҳ шавад.
Рамзҳои давлатии он муқаддасоте мебошанд, ки шаҳрвандони кишварро дар рӯҳияи шарафмандӣ, ифтихори миллӣ, азиз доштани Ватан тарбия менамояд. Эҳтиром гузоштан ва маҳбуб донистани рамзҳои давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандон шарт ва зарур аст.
Конститутсия давлати моро масъул сохтааст, ки сиёсати сулҳу дӯстиро амалан татбиқ намуда, истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром намояд ва муносибатҳои хориҷии худро дар асоси меъёрҳои аз тарафи умум қабулшудаи байналмилалӣ ба роҳ монад.
Имрӯз дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва институтҳои бонуфузи сиёсӣ, иқтисодиву молиявии байналмилалӣ ба хотири таҳким бахшидан ба сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон, густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатиамон ва ниҳоят, ободиву шукуфоии Тоҷикистони азизамон равона шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон сиёсати сулҳҷӯёнаи худро мустақилона татбиқ намуда, бо дарназардошти манфиатҳои олии халқ муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ густариш медиҳад, ки ин боиси дар арсаи байналмилалӣ баланд гардидани обрӯю нуфузи кишвар мегардад.
Бояд хотирнишон намуд, ки конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, бахусус давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияи замони муосир эътироф шудааст. Чунки ҷавҳари асосии конститутсия ба ҳуқуқ, озодӣ вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудаанд, ки зиёда аз 34 моддаро ташкил медиҳад.
Конститутсия ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии онро муқаррар кардааст (моддаи 43). Яке аз шаклҳои иҷрои вазифаҳои номбурда хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мебошад, ки барои таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ нигаронида шудааст. Муқаррар карда шудааст, ки шаҳрвандоне, ки то рӯзи даъват синашон ба 18 расидааст, ба хизмати муҳлатноки ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Хизмати ҳақиқии ҳарбӣ аз вақти савгандёдкунӣ оғоз меёбад. Дар савганди ҳарбӣ тайёр будани ҳар як хизматчии ҳарбӣ ба ҳифзи Ватан ҳимояи истиқлолияту амнияти он бо тантана ифода ёфтааст. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар эҳтиром ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату миллат зоҳир мегардад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳсутун ва шиносномаи давлат, санади муқаддас, тақдирсоз ва таъминкунандаи сарнавишти мардуми Тоҷикистон аст. Ба мо зарур аст, ки ҳар як калима ва сатри конститутсияро азизу муқаддас донем ва бо истифода аз он дар пойдории давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ ва соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳиссагузор бошем.
Муаллимаи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ
ва фаъолияти маъмурии факултети №2
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
майори милитсия Муҳабатшозода Г.М.







































































































































































