Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Робитаи назария ва амалия

176

Дар курсҳои такмили ихтисос машғулиятҳои таълимӣ тарзе ба роҳ монда шавад, ки шунавандагон ба донишҳои назариявӣ мусаллаҳ гардида, минбаъд тавонанд онҳоро дар амалия мавриди истифода қарор диҳанд. Бинобар ин барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос бештар масъалаҳоеро фарогир бошанд, ки робитаи назария ва амалия, амалия ва назарияро дарбар бигиранд. 
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришоти Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва қарорҳои ҷаласаҳои фаврии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба такмили дониши кормандони амалӣ дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, машғулияти амалӣ бо шунавандагони курси такмили ихтисоси самти бозрасии давлатии автомобилӣ ташкил карда шуд.
Зимнан ёдовар мешавем, ки курси мазкур дар асоси ҷадвали тасдиқ ва мувофиқакардаи Академия бо РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сурат гирифт. Барои кормандони ҷавони БДА, ки дар раванди фаъолияти хеш баъзан ба масъалаҳои гуногуни садамавӣ бо нақлиётҳо рубарӯ мешаванд, омӯзиши ин курс аз аҳамият холӣ набуд. Аз тарафи сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ полковники милитсия Муллобоев Муҳаммадҷон дар мавзӯи «Азназаргузаронии ҷойи ҳодисаи садама» машғулияти амалӣ бо истифодаи маводи зарурӣ ва воситаҳои таълимӣ гузаронида шуд.

181

Ҳангоми машғулият аз сабаби он, ки кормандон дар амалия фаъолият кардаанд ва бо он муаммоҳое ки дар натиҷаи садамаи автомобилӣ онҳо рӯбарӯ шудаанд, ба муаллим ҳамчун масъала пешниҳод намуданд. Аз тарафи полковники милитсия Муллобоев М. ба ҳар як саволу масъалаҳои гузоштаи онҳо тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ баҳогузорӣ карда шуда, инчунин ҳолатҳои садамаҳои гуногун бо истифодаи автомобил ва пиёдагард амалан ҳамчун намуна нишон дода шуд. 
Шунавандагон тавонистанд, дар ин машғулият аз бисёр муаммоҳои ҷойдошта зимни фаъолияти кориашон бохабар шаванд ва дониши хешро сайқал диҳанд. 
Дар идомаи машғулияти амалӣ, ки то нисфирӯзӣ идома дошт, муаллим тавонист, тарз, роҳу усулҳои чен кардани ҷойи ҳодисаи садамавӣ, чен кардани автомобили ба садама дучоршуда бо объектҳои ғайриманқулро ба тарзи амалӣ, нишон диҳанд. Дар қисмати дуюми машғулият ҳар як шунаванда ба тариқи мустақилона сохтори ҷойи садамавиро аз рӯйи масъалагузории муаллим мавриди нақшакашӣ қарор доданд.
Машғулияти мазкур хеле шавқовар ва ҷолиб гузаронида шуд. Роҳбарияти факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ бо шунавандагони курсҳои такмили ихтисос аз рӯйи самти фаъолияташон чунин машғулиятҳои ҷолиб ташкил намояд.
Абдулатифов У.Ҳ. - сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...