Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назаре ба таҷдиди сохтори милитсия дар марҳилаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои баъди ҷангӣ

2397Милитсия аз замони таъсисёбӣ (10 - ноябри соли 1917) борҳо ба тақозои замон ба авзои сиёсӣ ба таҷдид ва азнавташкилнамоӣ дучор гардидааст. 2398Нақши милитсия дар таъмини Ғалаба дар ҶБВ (1941-1945) хеле калон буд. 2399Кормандони милитсия на танҳо ба фронт мерафтанд, балки дар ақибгоҳ низ бар зидди шаклҳои гуногуни ҷинояткорӣ мубориза мебурданд. 2400Дар ин мавзуъ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, полковники милитсия Назаров Н.Ҷ. тадқиқот бурдааст .
2401Фаъолияти милитсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаригашта, хусусиятҳои ба худ хосро касб намуда, марҳила ба марҳила инкишоф меёфт. Паҳлуҳои гуногуни фаъолияти милитсияи тоҷик дар асарҳои доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҳимзода Р.Ҳ. «Фаъолияти оперативӣ-ҷусуҷӯӣ: таърих ва давраи муосир» , доктори илмҳои таърих Розиқзода А.Ш. - «Таърихи ташаккул ва фаъолияти милитсияи Тоҷикистон» , доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Назаров Н.Ҷ. - «Милитсияи Тоҷикистон дар шароити истиқлолият (1991-2009)», доктори илмҳои таърих Назаршоев Н.М. - «Таърихи ҳарбии Тоҷикистон» , доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Зоир Ҷ.М. - «Заминаҳои ҳуқуқии пайдоиш ва инкишофи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистон» , номзади илмҳои таърих Имомёрбеков А. - «Дар роҳи адолат» , номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Қосимов Ф.М. - «Ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистон», номзади илмҳои таърих, полковники мустаъфӣ Абдулов А.М. - «Асосҳои ҳуқуқӣ ва амалияи низоми пенитенсиарии Тоҷикистон дар нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ» ва дигар олимони ватанӣ ба таври васеъ дарҷ гардидаанд.
Ҳадафи асоси муаллифон аз навиштани ин мақола аз он иборат мебошад, ки таҷдид ва азнавташкилнамоии сохтори милитсияро дар марҳилаи ҶБВ ва баъди анҷоми он таҳлил намоем. Милитсия аз рӯзҳои аввали фаъолият ҳамчун сохтор бо номи Комиссариати Халқии Корҳои Дохилӣ (КХКД-НКВД) амал мекард, ки феврали соли 1941 Комиссариати Халқии Корҳои Дохилӣ (КХКД-НКВД) ба ду Комиссариати мустақил табдил дода мешавад: Комиссариати Халқии Корҳои Дохилӣ (КХКД-НКВД) ва Комиссариати Халқии Бехатарии Давлатӣ (КХБД-НКГБ).
Чунин сохтори монанд дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мухтори Шуравӣ, аз ҷумла дар ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶШСТ) низ созмон дода мешавад. Мақомоти милитсия ба тобеъияти Комиссариати Корҳои Дохилӣ вогузор карда мешавад.
20-июли соли 1941 укази Президиуми Шурои Олии ИҶШС (СССР) дар бораи Муттаҳидкунии Комиссариати халқии бехатарии давлатӣ ва Комиссариати корҳои дохилӣ ҳамчунин, Комиссариати ягонаи корҳои дохилии ИҶШС (СССР) қабул карда мешавад. Ин имконият дод, ки бар зидди гумоштагони фашистӣ ва ҷинояткорӣ ба таври мутамарказ мубориза бурда, бехатарии ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар марказ ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъмин карда шавад. Дар ибтидои ҷанги дуюми ҷаҳон доираҳои сиёсии Олмони фашистӣ, ҳадафи зери хатар қарор додани Афғонистон ва Тоҷикистонро доштанд. Онҳо ба ҳайси платсдарми диверсионӣ маҳз, Афғонистонро истифода бурда, мехостанд, ки ба Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон эмиссарҳои худро равон созанд, ки ин амалҳо аз тарафи кормандони Комиссариати ягонаи корҳои дохилӣ пешгирӣ карда шуданд.
Комиссариати корҳои дохилӣ якчанд фармонҳо ба тасвиб расонд, ки фаъолияти милитсияро дар давраи ҷангӣ мушаххас гардонид. 7-июни соли 1941 чунин деректива қабул карда шуд, ки Комиссариати корҳои дохилӣ метавонад дар дилхоҳ вақт бар зидди гурӯҳҳои диверсионӣ мубориза барад, ё ин ки онро муштарак бо Артиш амалӣ намояд. Бахусус ширкати фаъоли занони шаҳри Маскав дар кори милитсия ба назар мерасид. 1300 нафар занон ба кори милитсия аз ҷониби кумитаҳои ҳизбӣ фиристода шуданд. Дар шаҳри Сталинград 20% - ҳайати шахсиро занон ташкил медоданд. Сардори раёсати шиносномадиҳии Ҷумҳурии Тоҷикстон Е. Соколова буд.
Дар оғози ҶБВ Бригадаи алоҳидаи савораи тирандозӣ Комиссариати Халқии корҳои дохилӣ таъсис дода шуд, ки 1084 амалиёти ҷангӣ гузаронида, 2045 гумоштагони немисро ошкор сохтанд.
Сардори дастаи Комиссариати Халқии корҳои дохилӣ (КХКД-НКВД) С.И. Солитсев роҳбари разведкаи даста буда, то охири ҷанг ба ситоди қушунҳои Артиш маълумотҳои нодирро пешкаш намуд, ки албатта чунин маълумотҳои оперативӣ дар торумор намудани фашизм мусоидат менамуданд.
Дар солҳои ҶБВ Лапин Михаил Парамонович соли 1941 КХКД (НКВД) Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Аз соли 1943 то соли 1950 ин вазифа ба души Харченко Владимир Владимирович вогузор карда шуда буд. Самиев Сайдулло бошад, солҳои 40-50 - ум муовини Раиси КХКД (НКВД) Тоҷикистон буд.
4-нафар намояндагони КХКД (НКВД) Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гаштанд, инҳо Недошвин Венямин Григоревич, Шарипов Эргаш Қосимович, Мирзаев Магомед, Новоселтсев Михаил Иванович мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти амалиётҳои ҷангӣ аксар роҳбарон ва кормандони милитсия аз ҷумла, сардори милитсияи шаҳри Душанбе Клипоченко Константин Денисович, сардори ШКД Балҷувон Дионнов Виктор Дмитриевич, сардори ШКД ноҳияи Данғара Трофим Гордевич ва садҳо дигар кормандони милитсия қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
Ба шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ КХКД (НКВД) Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ Нигматуллин Ахмед роҳбарӣ мекард. Баъд аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ тағйиротҳои куллӣ дар сохтори КХКД (НКВД) ба вуҷуд омаданд.
Моҳи июни соли 1946 шуъбаи маъмурии Сарраёсати милитсия барҳам дода шуда, ваколатҳои он ба шуъбаи шиносномадиҳии Сарраёсати милитсия дода шуд. КХКД (НКВД) ба ВКД табдил дода шуд.
Соли 1949 мақомоти милитсия ба Вазорати бехатарии ИҶШС ҳамроҳ карда шуда, ҳамчун Сарраёсати милитсияи Вазорати бехатарии ИҶШС амал намуд, ки ба зиммаи вай ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҷамъиятӣ, гузаронидани чорабиниҳои маъмурӣ, ҳифзи моликияти давлатӣ, кофтукови ҷиноятӣ вогузор карда шуда буд. Инчунин шуъбаҳои баҳисобгирӣ - бақайдгирӣ ташкил карда шуданд. Аввалин бор дар ҳайати милитсия воҳидҳои илмӣ-тадқиқотӣ пайдо шуданд. Соли 1952 дар назди милитсия Хадамоти муҳофиза ва қаровулӣ созмон дода шуд.
Дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, Раёсатҳои Корҳои Дохилии кишвар (край) ва вилоятҳо сохторҳои шуъбаҳои корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ташкил карда шуданд, ки ваколати онҳо ба тамоми воҳидҳои хизматӣ паҳн мегашт.
ВКД ИҶШС ба тағйироти кулли сохторӣ мувоҷеҳ гашт. Дар феврали соли 1969 ба ҷои Сарраёсати милитсия, Сарраёсати мустақили кофтукови ҷиноӣ созмон дода шуд, инчунин дар баробари ин раёсатҳои зерин дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ созмон дода шуданд:
- Раёсати муборизаи зидди фурӯши моликият;
- Раёсати инспексияи давлатии автомобилӣ.
Ҳамин тариқ, аз ибтидои солҳои 1940 то соли 1969 ВКД борҳо таҷдиди назар ва табдили ном намуда , вазифаи аслии худ – ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муборизаи зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандонро маркази фаъолияти касбии худ қарор дод, ки албатта ҳолати мазкур ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми таркибии ВКД собиқ ИҶШС низ хос буд. Бо соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон ВКД дар асоси талаботи манофеи миллӣ бори дигар ба таҷдид ва азнавсозӣ рӯ ба рӯ гашт, ки мавзуи алоҳидаи тадқиқоти илмиро тақозо менамояд.
Асламов Б.С. - ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия
Убайдуллоев Ш.Э. – дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи КД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия,
Адабиёт:
1. Назаров Н., Якубов М., Таджикская милиция в годы Великой отечественной войны, Душанбе, 2005. -111с.
2. Рахимзода Р.Х. Оперативно-розыскная деятельность: история и современность. Монография. -Душанбе: ЭР-Граф, 2016. -320с.
3. Назаров Н. Милиция Таджикистана в условиях независимости (1991-2009). –Душанбе: ЭР-граф, 2010. -248с.
4. Назаршоев Н.М., Бониёзов И.Х. Военная история Таджикистана (Том 2). -Худжанд: Хуросон, 2019. -876с.
5. Зоир Ҷ.М.Заминаҳои ҳуқуқии пайдоиш ва инкишофи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистон. -Душанбе: ЭР-Граф,2008. - 86с.
6. Имомёрбеков А. Дар роҳи адолат, (китоби якум). –-Душанбе: Ирфон, 2006. -258с.
7. Қосимов Ф.М. «Ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистон. Монография. - Душанбе: Гулнақш, 2023. -240 с.
8. Советская милиция: история и современность (1917-1977). М.: Юрид., лит.,1987. - С.179.
9. Советская милиция: история и современность (1917-1977). М.: Юрид, лит.,1987. - С.187-194.


 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...