МАВҚЕЪИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлолӣ сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 зарурияти қабули Конститутсия пеш омад. Бояд қайд намуд, ки Конститутсияе, ки солҳои 1929, 1931, 1937 ва соли 1978 қабул гардида буд, аммо ба талаботи ҷумҳурии соҳибистиқлол, ҷавобгӯ набуда.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, ки раванди нави таърих ба души давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт. Баҳри иҷрои ин нақшаи азим, ки асоси ҳуқуқи давлатдорӣ мебошад, қабули Конститутсияи нав зарур буд. Зеро, дар он марҳала маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатиро интихоб менамоем.
Бинобар ин, бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ таъсис ёфт, ки лоиҳаи Конститутсияи навро таҳия намуд ва 6 ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Тибқи Конститутсия эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ҳадафи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида ҳамчун шакли давлатдорӣ аз ҷониби ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Ин боис гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвандад. Инчунин, дар арсаи байналмилалӣ онро эътироф намоянд.
Бояд қайд намуд, ки дар Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 34-моддаи асосии онро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳад, яъне сеяки он ба ин мавзуъ бахшида шудааст. Махсусан, пас аз тағйиру иловаҳое, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 июни соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гашт, ки боз ҳам ин ҷанбаҳоро такмил дода пурра сохт. Баъди ин тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд масъалаи забони давлатӣ ва рамзҳои давлатӣ ҳалли худро ёфтанд. Инчунин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои байни мақомоти марказии ҳокимиятро аз рӯи принсипи таҷзияи он муайян намуд.
Яке аз масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ интихоби ниҳоди президентӣ буд. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи идоракунии президентӣ тарзи парлумонӣ интихоб гардида буд. Инчунин, ҳангоми таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳо зиёд гашта, ду лоиҳа таҳия шуда муҳокимаи гурӯҳи корӣ ва Комиссияи конститутсионӣ аксарият «Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ»-ро тарафдорӣ карданд. Дар давоми 31 соли амалӣ шудани Конститутсия дурустӣ ва ба ҳолати кунунии ҷумҳурӣ мувофиқ будани ин роҳ исботи худро ёфт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентиро муқаррар намуд. Президенти кишварро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ 6 ноябри соли 1994 баъди ба даст овардани Истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Инчунин, салоҳияти Президенти ҷумҳурӣ муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъсис ва барҳам додани вазорату идораҳо, таъин ва аз вазифа озод намудани раисони шаҳру ноҳияҳо, судяҳои суди ҳарбӣ, суди ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия, судҳои иқтисодӣ ва дигар ваколатҳо дохил шуданд.
Боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шудааст, ки принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколатҳои судяҳоро муқаррар намудааст.Муқаррароти мазкур фаъолияти мустақилона ва имконияти пурраи ба амалбарории адолати судиро таъмин менамояд. Принсипи мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият ва беғаразонае, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда таъсис дода шудааст, равона гардидааст.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яккаҳизбӣ аз байн бурда шуда, принсипи бисёрҳизбӣ ҷорӣ гардид. Мувофиқи он, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳафт ҳизби сиёсӣ амал менамоянд. Ёддовар шудан зарур аст, ки дар доираи Конститутсия Ваҳдати миллӣ ва ризоияти миллӣ барқарор шуд, ки соли ҷорӣ 28 солагии онро дар ҷумҳурӣ қайд намудем. Инчунин, тағйиру иловаҳои соли 1999, давлатдории тоҷиконро комилтар сохт. Дар ин робита Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намуда буданд: «Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».
Ҳамин тариқ, мавқеи Конститутсия дар ташаккули давлатдории миллиро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, ба чунин натиҷагирӣ расидем:
- Конститутсия ин қонуни асосии давлат буда, ҳуқуқ, уҳдадориҳои шаҳрвандон ва принсипҳои асосии идораи ҷомеаро муайян мекунад;
- 31 - соли амалии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит аз он мебошад, ки ин санади тақдирсози миллат, бунёдгузори давлатӣ миллӣ хизмат хоҳад кард;
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои қуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷи ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян сохт.
Раҳматшозода С.Р. Сардори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия







































































































































































