Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми мақомоти милитсияи Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар солҳои аввали таъсисёбӣ

2393Саҳми мақомоти милитсияи тоҷик дар давраи таъсисёбиаш дар саҳифаҳои таърихи миллат ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Аз ҷумла, тибқи тадқиқотҳои илмии олимон, муаррихони тоҷик Бобоҷон Ғафуров, Аҳрор Мухторов, Раҳим Масов, Қаҳҳороов А.А., Намоз Ҳотамов, Розиқзода Абдулҳаким, Носир Назарзода, қаҳрамонии милитсияи тоҷик ва саҳми он дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва барқароркунии сохти шуравӣ бар зидди ҷинояткорӣ хеле бузург мебошад.
2394Дар ин ҷода дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби олимон ва муҳаққиқони ин соҳа, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода Р.Ҳ., доктори илмҳои таърих, профессор Розиқзода А.Ш., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Зоир Ҷ.М., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Назарзода Н.Ҷ., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент,номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Насуриён П.А., номзади илмҳои таърих Имомёрбеков А., номзади илмҳои ҳуқуқшносӣ Қосимов Ф.М. тадқиқотҳои беназир гузаронидаанд.
2395Аз ин лиҳоз, чандин монографияҳо, рисолаҳои илмӣ, маҷмуи мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ ба нашр расидаанд. Ин шаҳодати он аст, ки кормандони МКД ҳам аз лиҳози ғоявӣ ва ҳам амалӣ дар муборизаи зидди ҷинояткорӣ, устуворӣ ва қатъиян нишон медиҳанд.
Тибқи адабиёти мавҷуда ҷинояткорӣ – яке аз падидаҳои номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, на танҳо ба ҷомеа ва ба давлат хавфнок аст, балки шахсиятро аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва маънавӣ коста намуда, боиси азияти рӯҳию ҷисмонӣ гардида, оқибат ба пушаймонӣ мебарад. Аммо чӣ тавре, ки дар урфият мегӯянд, пушаймонӣ суд надорад. Бар зидди ҷинояткорӣ тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳли ҷомеа ҳар як фарди ватанпарвар муборизаи беамон мебарад.
Махсусан дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мақомоти милитсия бар зидди ҷинояткорӣ солҳои тӯлонӣ мубориза бурда, таҷрибаи хеле бой ва рангин дорад.
Аз ҷумла, дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» омадааст: «Самтҳои асосии фаъолияти милитсия аз инҳо иборатанд:
- ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ;
- пешгирӣ, рафъи ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;
- ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ;
- ошкор намудан, таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳо, ҷустуҷӯи шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд;
- ҳимояи ҳамагуна шакли моликият аз кирдорҳои ғайриқонунӣ;
- дар доираи муқаррарнамудаи қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани таблиғоти ҳуқуқӣ дар байни шаҳрвандон, шахсони мансабдор, дар корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият;
- таъмини бехатарии ҳаракати роҳ;
- татбиқ ва иҷрои ҷазои маъмурӣ;
Чӣ тавре, ки аз талаботи қонун бармеояд, ваколати мақомоти милитсия бар зидди ҷинояткорӣ васеъ мебошад. Мақомоти милитсияи Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ба ақидаи муҳаққиқи барҷастаи таърихи милитсияи тоҷик Розиқзода А.Ш. тамоми фаъолияти худро бар зидди ҷинояткорӣ, муҳофизат ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, омӯзиши ҷинояткорӣ ва коркарди усулҳои мубориза ба унсурҳои ҷиноятӣ равона намуда буд.
Ин саҳифаҳои таърихи муборизаи милитсияи Тоҷикистон ба замони шуравӣ рост меомад, ки қувваҳои аксулинқилобӣ бар зидди ҳокимияти Шуравӣ баромад мекарданд.
Ҳарчанде, ки андешаҳо атрофи ин масъала тобишҳои навро ба худ гирифта бошад, ҳам ҳеҷ гоҳ, саҳифаҳои дурахшони милитсияи Тоҷикистон аз мадди назари таърих дур нахоҳад монд ва ин як давраи томи таърихӣ аст, ки мақомоти милитсияи тоҷик ҳамчун милитсияи шуравӣ фаъолият менамуд. Дар ин солҳо мақомоти милитсия дар якҷоягӣ ба таври муштарак бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар зидди ҷинояткорӣ мубориза бурдааст. Гурӯҳи муаллифони рус бо роҳбарии Коситсин А.П. давраҳои муборизаи мақомоти милитсияи Шуравиро чунин тақсим намуданд:
Давраи якум, солҳои – 1917 - 1936
Давраи дуюм, солҳои –1936 - 1977
Давраи сеюм, солҳои - 1977 - 1987
Дар давраҳои гуногуни таърихӣ милитсияи шуравии Тоҷикистон бар зидди чунин намудҳои ҷиноятҳо мубориза бурдааст:
- мубориза бар зидди қувваҳои аксулинқилобӣ;
- ҷиноятҳои иқтисодӣ;
- мубориза бар зидди маводи нашъадор;
- дуздӣ ва ғоратгарии молу мулки ҷамъиятӣ ва давлатӣ;
- ҷиноятҳои аз рӯйи мансаб;
- ҷиноятҳои маишӣ;
- қочоқ дар сарҳадот;
- фаъолияти зиддидавлатӣ ва таъсиси гурӯҳҳои яроқнок.
Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар мадди назари мақомоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ меистод.
5-уми феврали соли 1925 сохтори дастгоҳи кофтукови ҷиноятии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон коркард шуда, нақшаи муборизаи зидди ҷинояткорӣ кашида шуд. Натиҷаҳои аввали мубориза бар зидди ҷинояткорӣ хеле ҳам назаррас буданд, ки зарари иқтисодӣ ба маблағи 8-ҳазор рубли ҳамонвақта ба хазинаи давлат баргардонида шуд. Ҷинояткорон бошанд ҷазои сазовор гирифтанд. Гарчанде, ки таъминоти молиявӣ ва хоҷагии мақомоти кофтукови ҷиноятӣ душвориҳо дошт, ба ин нигоҳ накарда, милитсияи тоҷик бар зидди ҷинояткорӣ муборизаи беамон мебурд. Танҳо аз октябри соли 1925 то феврали 1926 дар шаҳри Душанбе 133 ҷиноят содир шуда буд, ки аз онҳо 48 дуздӣ, 5-то ғоратгарӣ, 12-то куштор ва дигар боқимонда ҷиноятҳо буданд, аз онҳо 67-то ҷиноят кушода шуда буд.
Душвориҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар он буд, ки мутахассисони тоҷик дар мақомоти милитсия намерасиданд, дар мақомоти кофтукови ҷиноятӣ низ воҳидҳои корӣ кам буданд.
Дигар камбудиҳои кори кофтукови ҷиноятӣ дар он буд, ки кормандон ба майнӯшӣ машғул шуда, ба ҷойи кор дар ҳолати мастӣ меомаданд. Албатта ин ба натиҷаи кор бетаъсир намемонд. Бисёриҳо бошад ба кори мақомоти кофтукови ҷиноятӣ сарфаҳм намерафтанд. Ба душвориҳои мавҷуда нигоҳ накарда, мақомоти милитсияи тоҷик дар солҳои аввали таъсисёбии худ тамоми чораҳоро бар зидди ҷинояткорӣ равона намуда, дар мустаҳкам намудани пояҳои давлати Тоҷикистони шуравӣ саҳми босазои худро гузошт, ки дар арафаи таъсисёбии милитсияи тоҷик ин ифтихори ҳар як корманди милитсия ба шумор меравад.
Шоҳиён Ш.Ш. – сардори курси воҳиди таълимӣ - низомии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...