Озмуни «Донандагони беҳтарини меъёрҳои Конститутсия» дар байни курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар асоси дастури супоришҳои Роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои асосии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 03-ноябри соли 2025 даври сеюми Озмуни «Донандагони беҳтарини меъёрҳои Конститутсия» дар байни курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур, ки аз 3 - давр иборат буд 10-нафар курсантони зерин аз ҷумла Наимов Шоҳрухҷон Мирзоевич (гурӯҳи 301), Саидов Рабонӣ Сафархонович (гурӯҳи 513), Ғанизода Пайғом (гурӯҳи 213), Амонзода Аслиддин Алиҷон (гурӯҳи 301), Юсупов Мансур Холмаҳмадович (гурӯҳи 205), Муронов Сайҳомид Садридинович (гурӯҳи 204), Муродов Сино Мусоевич (гурӯҳи 506), Расулов Давлатҷон Амонбоевич (гурӯҳи 501), Аҳмадов Меҳрдод Фарҳодович (гурӯҳи 404) ва Холов Муҳаммад Фазлиддинович (гурӯҳи 304), ки ба даври ниҳои роҳхат ёфта буданд. Дар ҳузури комиссияи босалоҳият аз қабили сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Саидзода С.С., сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М., ходими илмии ШТИ ва ТН Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Маҳинаи Нуралӣ, сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Каримзода У.К., профессори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия Қодирзода Ғ.Н., муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Ҷалолзода С.И., бо ҳам сабқат намуданд.
Ҳамзамон озмуни мазкур ба тариқи гирифтани билет, ки аз 3 савол дар доираи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд баргузор гардид. Тамоми иштирокчиёни озмун бо тайёрии хуб ҳозир шуда ба саволҳои пешниҳод гардидаи билетҳо ва аъзоёни комиссияи мазкур ҷавобҳои худро пешниҳод намуданд.
Дар интиҳо дар нитиҷаи холгузории аз тарафи комиссияҳои зерин муайян гардид: ҷои якум ба курсанти курси сеюми факултети №2 гуруҳи 301, милитсияи қаторӣ, Наимов Шоҳрухҷон Мирзоевич, ҷои дуюм ба курсанти курси сеюми факултети №2 гуруҳи 301, милитсияи қаторӣ Амонзода Аслиддин Алиҷон, ҷои сеюм ба курсанти курси 2 факултети №6 гуруҳи 213, милитсияи қаторӣ Ғанизода Пайғом, ҷои сеюм ба курсанти курси 2 факултети №2 гуруҳи 204, милитсияи қаторӣ Муронов Сайҳомид Садридинович.
Озмун дар сатҳи зурури баргузор гардида дар ҷамъбасти чорабини аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолибони озмун қадрдонӣ гардиданд.
Муаллими кафедраи фанҳои
давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2
капитани милитсия Фахридинзода Ҳ.С.







































































































































































