Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҲКИМБАХШИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

IMG 4797 copy  Барои дарк намудани мазмуну моҳияти Конститутсияи соли 1994 ва нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ, зарур аст, ки ба вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоии солҳои 90-уми асри гузашта ва каме баътар аз он назар андозем. Давлати тоҷик, ки ба наздикӣ истиқлолият ба даст оварда буд, дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт, пояҳои давлатдорӣ заиф ва хатари аз байн рафтани миллат ва давлат хеле наздик буд.

  Қабули Конститутсия дар ин лаҳзаи ҳассоси таърихӣ барои миллати тоҷик бисёр муҳим ва зарур буд. Ниҳоят таърихи 6 ноябри соли 1994 ин санади тақдирсоз қабул гардид, ки он на танҳо як амали ҳуқуқӣ ба ҳисоб мерафт, балки як амали сарнавиштсози сиёсӣ ва эълони иродаи миллат ба ҳисоб мерафт. Он мисли як лангари наҷот ба киштии давлатдории навини тоҷикон хизмат намуд.

  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи буҳрони шадид, ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳдиди парокандагии миллат қабул гардид. Он на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки эъломияи иродаи миллӣ барои ҳифзи истиқлолият, якпорчагии давлат, таъминкунандаи тартибот, сулҳу субот ва бунёди давлатдории миллӣ буд.

  Лозим ба ёдоварист, ки дар баробари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҳкимбахши давлатдории миллӣ, ҳамзамон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин самт назаррас мебошад. Зеро роҳбарии омода намудани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки заминаи ҳуқуқии бунёди давлати миллиро таъмин намудааст бар дӯши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардида буд. Яъне заминаҳои меъёрии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бунёди давлатдории миллӣ яке аз мақсадҳои асосии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин ба ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ замина фароҳам овард.

  Чихеле, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард. Дар воқеъ қабули Конститутсия ба барқарорсозии сохти конститутсионӣ мусоидат намуда, ба ҳолати беҳокимиятӣ ва беқонунӣ хотима гузошт ва барои барқарор намудани ниҳодҳои қонунии ҳокимият аз қабили Парламент, Президент, Ҳукумат ва дигар заминаи мустаҳкам гузошт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳорчӯбаи устувори сиёсӣ ва ҳуқуқиеро, ки барои бунёди давлатдории миллӣ муҳим буд, асос гузошт.

  Нақши асосии Конститутсия дар гузоштани пойдевори давлатдории миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки он:

- ба давраи бесарусомонӣ ва беназмӣ хотима бахшида, як чаҳорчӯбаи муайяни ҳуқуқиро муқаррар намуд;

- заминаи ҳуқуқии барқарорсозӣ ва таҳкими ҳокимияти конститутсиониро фароҳам овард, ки барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ мусоидат намуд;

- сохтори давлатии Тоҷикистонро тибқи меъёрҳои байналмилалӣ муайян намуд;

- заминаи ҳуқуқии музокироти сулҳ ва созишномаи ба даст омадаро фароҳам овард;

- тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуниятро устувор гардонид;

- ба рушди низоми ҳуқуқии милии кишвар асос гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муқаррар намудани принсипҳои бунёдӣ, пойдевори давлатдории миллиро аз чанд ҷиҳат устувор намуд:

Соҳибихтиёрӣ, ягонагии кафолати олии давлатӣ, пойдории ҳудуд ва якпорчагии сиёсии кишварро устувор намуда, хусусиятҳои махсуси давлатдорӣ аз қабили давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро мустаҳкам гардонид.

Конститутсия забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ, Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро ҳамчун рамзҳои давлатӣ муқаррар намуд. Ин унсурҳо ҳамчун асоси ҳувият ва худшиносии миллӣ дар замони давлатдории мустақил хизмат мекунанд. Конститутсия барои ин арзишҳои миллӣ заминаи олии ҳуқуқӣ гузошта, онҳоро ба ҷузъи ҷудонашаванда ва заминаи асосии давлатдории миллӣ табдил дод.

Халқро ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намуда, иродаи халқро асоси ташкили давлатдории миллӣ муқаррар намуд. Иродаи халқ ҳамчун омили асосии қабули Конститутсия тавассути раъйпурсии умумихалқӣ на танҳо ба он қонунияти олӣ бахшид, балки он заминаи асосии давлатдории миллии навинро гузошт.

Волоияти қонун, бартарии Конститутсия ва қонунҳо дар тамоми қаламрави кишвар ва кафолати он, ки давлат ва мақомотҳои он дар доираи қонун амал мекунад муқаррар гардид.

Таҳкими озодии виҷдон ва ҷудо будани дин аз давлат муайян шуд, ки ин ба кафолати суботи ҷамъиятӣ ва риояи таҳаммулпазирии фарҳанги миллӣ ва арзишҳои дигари миллӣ хизмат мекунад.

Тағйири моҳияти давлатдорӣ ва ташкили давлати инсонпарварро ҳадафи худ эълон намуда, инсон арзиши олӣ ва ҳуқуқҳои асосӣ ба монанди ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, шаъну шараф ҳамчун меҳвари сиёсати давлат эълон гардиданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми муайяни мақомоти давлатиро таъсис дод, ки барои таҳкими давлатдории миллӣ ва пойдории он бисёр муҳим мебошад. Бахусус муқаррар намудани таҷзияи ҳокимият ба се шоха қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ки ин муҳимтарин масъала ҷиҳати ташкил ва бунёди давладории миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон Президент ҳамчун сарвари давлат ва кафили Конститутсия, ки дар замони мураккаби сиёсӣ нақши ҳалкунанда дар ҳифзи якпорчагӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва ташкили давлатдории миллӣ бозидааст, муқаррар гардидааст.

                Конститутсия бахтномаи миллат буда, дар даврони истиқлолият кафолатдиҳандаи пойдории давлатдории миллӣ, омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсӣ ва пояи асосии рушди устувор, амният ва пешрафти ҳуқуқии Тоҷикистон мебошад.

Хулоса, Конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, истиқлолияти онро дар сатҳи олии ҳуқуқӣ мустаҳкам намуд. Он асосҳои ҳуқуқии мудофиа ва амнияти миллиро муқаррар намуда, ҳифзи манфиатҳои давлат ва марзҳои онро ҳамчун вазифаи муқаддаси тамоми шаҳрвандон эътироф намуд. Дар шароити мураккаби баъдиҷангӣ, Конститутсия асбоби муҳимтарини ба даст овардан ва пойдор нигоҳ доштани сулҳ ва Ваҳдати миллӣ гардид, ки дар атрофи арзишҳои умумимиллӣ мардумро муттаҳид сохт. Конститутсия харитаи роҳи давлатдории миллии мост, ки принсипҳои асосии ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятиро дар худ таҷассум кардааст. Аз ин рӯ, риоя ва эҳтироми Конститутсия вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад. Амалӣ гардидани меъёрҳои он таҳкимбахши истиқлолият, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Қодирзода Ғолиб Нурулло

омӯзгори кафедраи фанҳои давлатӣ-

ҳукуқии факултети №2 Академияи ВКД

Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ.,

майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...