Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи ЧТ хамчун конуни асосии кишвар

123

   Сию як сол қабл, санаи 6 ноябри соли 1994, халқи Тоҷикистон дар як раъйпурсии умумихалқӣ санади тақдирсози миллат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро қабул намуд, ки он пояи давлатдории навини миллии моро гузошт. Ин ҳуҷҷати олии сиёсиву ҳуқуқӣ на танҳо асоси сохтори давлатӣ ва ҳуқуқии кишвар гардид, балки ҳамчун рамзи истиқлолият, ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ барои пойдории ҷомеаи навини тоҷикон хизмат мекунад.

  Дар воқеъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун “Қонуни асосӣ” манбаи аслии низоми ҳуқуқии кишвар ва кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст. Бо қабули он марҳилаи сифатан нав дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат оғоз гардидаанд.
Конститутсия ифодаи мустақими ирода ва орзуҳои мардум аст. Он на танҳо барои давлат, балки барои ҳар як шаҳрванди кишвар дастури ҳаётӣ мебошад. Дар моддаҳои Конститутсия муқаррар шудааст, ки “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”. Ин меъёр, ки ба пояи тамоми сиёсати ҳуқуқии мамлакат табдил ёфтааст, арзиши инсониро дар меҳвари давлатдорӣ қарор медиҳад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо таъкид намудаанд, ки Конститутсия на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки омили муҳимтарини таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, арзишҳои конститутсионӣ дар амал татбиқ шуда, волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ таъмин гардидааст.
Мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла Академияи ВКД, Конститутсияро ҳамчун роҳнамои фаъолияти касбии худ қабул намудаанд. Ҳар як хизматчии мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор аст, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳифз намуда, адолати иҷтимоиро дар рӯҳияи қонуният таъмин созад.
Татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ дар соҳаи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи амнияти шаҳрвандон, асоси устувори фаъолияти ВКД ба шумор меравад. Омӯзиш ва риояи дақиқи Конститутсия дар Академияи ВКД ҳамчун ҷузъи муҳими тайёрии касбӣ ва ахлоқии ҳар як донишҷӯ ва хизматчӣ ба роҳ монда шудааст.
Зеро ҳар корманди милитсия бояд дарк намояд, ки ҳимояи ҳуқуқи инсон – ҳимояи Конститутсия аст, ва иҷрои содиқонаи қонун қадаме ба сӯи таҳкими давлатдории миллӣ мебошад.
Дар тӯли 31 соли амали худ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шароити нав ва талаботи ҷомеа мутобиқ гардида, чанд маротиба такмил ёфтааст. Тағйиру иловаҳои воридшуда ба он ифодаи рушду устувории фикри ҳуқуқии миллӣ мебошанд. Ин тағйирот бо дарназардошти манфиатҳои умумимиллӣ ва рушди давлати иҷтимоӣ ва ҳуқуқбунёд амалӣ шудаанд.

Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади асосии сиёсӣ, балки рамзи ваҳдат, сулҳ ва пойдории давлатдории тоҷикон аст. Он роҳнамои амал барои тамоми сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
31-солагии Конститутсия на танҳо санаи хотирмон дар таърихи давлатдории миллии мо, балки фурсатест барои бознигарӣ ва таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ. Мо — насли имрӯзаи соҳибистиқлол, бояд ин санади муқаддасро ҳамчун неъмати бузург эҳтиром намуда, бо содиқона риоя кардан ва татбиқи он дар зиндагии ҳаррӯзаи худ, саҳми арзанда дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон гузорем.

Бигузор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша раҳнамои роҳи пешрафт ва пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бошад!

Муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Латиф Муҳиб

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...