Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ омили асосии ташаккулёбии фарҳанги миллӣ
Дар таърихи 24 апрели соли 2018, Кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва Шӯрои роҳнамоёни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Ҷамъияти илмии курсантони «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ», дар мавзӯи «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ омили асосии ташаккулёбии фарҳанги миллӣ», бахшида ба эълон гардидани соли 2018, ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир намуд.
Албатта, баргузор гардидани чунин чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар Академияи ВКД, тибқи талаботи нақша-чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии меъёрҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, мунтазам ба роҳ монда мешаванд.
Дар кори мизи мудаввар Роҳбарияти Академияи ВКД, омӯзгорон, курсантон ва донишҷӯёни макотиби олии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Колеҷи хореографии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Малика Собирова ширкат варзида, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Ҳамзамон қайд намудан лозим аст, ки дар доираи мизи мудаввар озмӯни «Мақола» ва «Реферати беҳтарин», инчунин намоиши баъзан ҳунарҳои мардумӣ, ки маҳсули дасти курсантони Академияи ВКД мебошанд эълон гардида буд, ки курсантони Академияи ВКД ва донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ дар ин самт низ фаъолона иштирок намуда, ҷамъбасти он бошад дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби камиссияи тадорукот сурат гирифт ва ғолибон барои қадршиносӣ ба унвонии роҳбарияти Академия пешниҳод гардиданд.
Таъкид намудан зарур аст, ки баргузор гардидани чунин чорабиниҳои илмӣ-амалӣ ва фарҳангӣ, ки дар ҳамкорӣ бо дигар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар баргузор мегарданд, метавонад дар ташаккулёбии шуури миллӣ, фарҳанги сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки моҳияти эълон гардидани соли 2018, ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро ташкил медиҳад, мусоидат намояд.
Самиҳов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.