НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР ДАВРОНИ ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ
«Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор заминаи муносиб ба шумор мераванд. Тоҷикистон тавассути қабули стратегия ва дигар санадҳои консептуалӣ ҷиҳати марҳала ба марҳала гузаштан ба низоми рақамикунонӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад».
Эмомали Раҳмон
Истеъдод ва масъулияти ҷавонон дар даврони рақамӣ кафолати устувории арзишҳои конститутсионӣ ва пешрафти ояндаи Тоҷикистон мебошад. Барои муайян намудани нақши ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ дар даврони рақамӣ, пеш аз ҳама муқаррар намудан зарур аст, ки арзишҳои конститутсионӣ чистанд ва даврони рақамӣ чӣ маъно ва хусусиятҳо дорад.
Арзишҳои конститутсионӣ - ин қимматҳо ва принсипҳои асосие мебошанд, ки дар Конститутсия, яъне қонуни асосии давлат, муайян шудаанд ва пояи низоми ҳуқуқӣ ва ҳаёти ҷомеаро ташкил медиҳанд. Онҳо ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро таъмин мекунанд, ҳамгироии ҷомеа ва устувории давлатро таъмин менамоянд. Мавриди зикр аст, ки Конститутсия ҳамчун қонуни олии давлат сарчашма ва асоси тамоми санадҳои ҳуқуқӣ маҳсуб мешавад ва ҳамаи қонунҳо ва кодексҳо бо риояи меъёрҳои он таҳия ва татбиқ мегарданд. Арзишҳои ҳуқуқӣ - ин қимматҳо ва меъёрҳое мебошанд, ки ҷомеа онҳоро ҳамчун асоси муносибатҳои инсонӣ ва ҷамъиятӣ қабул мекунад ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро таъмин менамоянд. Дар чаҳорчӯби давлат, арзишҳои конститутсионӣ ҳамчун қимматҳо ва принсипҳои асосӣ дар Конститутсия муайян шуда, пояи тамоми қонунҳо ва кодексҳоро ташкил медиҳанд.
Дар даврони рақамӣ технологияҳои иттилоотӣ ва алоқаи электронӣ нақши марказӣ пайдо карданд, ки вобаста ба ин ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ низ шаклу мазмуни худро дигаргун месозад. Ин даврон бо имкониятҳои фарохи иттилоотӣ ҳамзамон бо таҳдидҳои нави ҳуқуқӣ ва киберӣ хос мебошад, ки ҷавононро ба омодагӣ ва фаъолона иштирок намудан дар ҳифзи арзишҳои ҳуқуқӣ даъват менамояд. Даврони рақамӣ марҳалае аст, ки дар он ҳаёт ва фаъолияти инсон ба технологияи рақамӣ ва интернет вобаста шудааст. Ин даврон имкониятҳои нав, ҳамчунин таҳдидҳои нав ба арзишҳои конститутсионӣ эҷод мекунад. Яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ дар даврони рақамӣ ин сӯиистифода аз маълумоти шахсӣ мебошад. Дар даврони рақамӣ, ки ҳаёти инсон ва ҷомеа ба технологияи электронӣ ва иттилоот вобаста шудааст, сӯиистифода аз маълумоти шахсӣ ва паҳншавии ахбори бардурӯғ таҳдиди ҷиддӣ ба арзишҳои ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Масалан, фиребгарон метавонанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти шахсии шаҳрвандонро ба даст оранд ё ахбори нодуруст паҳн намоянд, ки обрӯ ва шаъну шарафи онҳоро халалдор месозад. Дар робита ба ин, ҷавонон ҳамчун қувваи фаъол ва огоҳ бояд дар ҳифзи ҳақиқат, тарғиби фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ саҳмгузор бошанд. Аз ҷониби ҷавонон ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ метавонад тавассути иштироки фаъол дар ҳаёти ҷомеа сурат гирад. Баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва истифодаи дурусти технологияҳои рақамӣ имкон медиҳад, ки онҳо ҳуқуқи шахсӣ ва шаъну шарафри ҳар фарди ҷомеаро ҳифз намоянд. Ҳамзамон, ин амалҳо арзишҳои конститутсионӣ, аз қабили баробарӣ, адолат ва озодии баёнро низ таъмин менамоянд. Нақши Академияи ВКД, дар тарбияи курсантон дар он зоҳир мегардад, ки ин боргоҳи илму дониш дар қалби онҳо ахлоқи ҳамида, ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва садоқати комил ба Ватаро тарбия мекунад. Асоси фаъолияти мо дар даврони техналогияи рақамӣ дар он ифода меёбад, ки бо исттифодаи усулҳо муосири таълим ва навоварии иттилоотӣ, курсантонро ба шахсиятҳои соҳибмаърифат, маъсулиятшинос ва мутобиқ ба талаботи замони рақамӣ тарбия намоем. Дар ин раванд, нақши курсантон низ муҳим мебошад. Онҳо бояд фарҳанги ҳуқуқиро аз бар кунанд, ба истифодаи дурусти технологияҳои рақамӣ аҳамият диҳанд, дар тартиботи ҷамъиятӣ фаъол бошанд ва ҳамзамон арзишҳои конститутсионӣ - баробарӣ, адолат ва озодии баён - ро ҳифз намоянд.
Қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид бо унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки 25 июли соли 2025 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, нишон медиҳад, ки дар замони муосир ва бо рушди босуръати илм ва техника сарвари миллат саҳми фаромӯшнашаванда дорад. Ин иқдом мо - ҷавононро, водор месозад, ки бо талош ва кӯшиши пайваста донишҳои замони муосир ва технологияҳои рақамиро аз бар кунем, ҳамқадам бо пешравиҳои ҷаҳонӣ бошем ва бо истифода аз имкониятҳои навини илмӣ ва инноватсионӣ саҳми арзанда ва масъулиятнок дар пешрафти миллат, устувории ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ гузорем. Маҳз ҳамин роҳ моро ба дарк кардан ва татбиқи дурусти ҳуқуқҳо, тарғиби фарҳанги ҳуқуқӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ водор мекунад.
Мо ҷавонон, ҳамчун қувваи ояндасоз ва пешбарандаи ҷомеа, бояд бо дониш, масъулият ва истифодаи дурусти технологияҳои рақамӣ саҳми худро дар ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ гузорем. Дар замони муосир, ки ҳаёт ва рушди ҷомеа ба технологияҳои рақамӣ вобаста аст, иштироки фаъолонаи ҷавонон на танҳо вазифа, балки рисолати муқаддас аст. Танҳо тавассути дониш, талош ва ҳамкории фаъол бо ҷомеа ва давлат метавон арзишҳои асосии давлат - баробарӣ, адолат ва озодии баён ва устувории ҷомеаро ҳифз намуд. Ҷавонон бо истифодаи имкониятҳои нави илму технология метавонанд саҳми арзанда дар пешрафти миллат ва таҳкими арзишҳои конститутсионӣ гузоранд ва ҳамчун пайравони босалоҳият ва қувваи пешбарандаи ҷомеа амал намоянд.
Карамшозода Фазолат капитани милитсия







































































































































































