Конститутсия кафили ваҳдат, истиқлол ва амнияти миллӣ
Ҳар як давлати соҳибистиқлол ва пешрафта дорои санади олии ҳуқуқӣ аст, ки сарчашмаи асосии қонунгузорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин заминаи устувори рушди ҷомеа маҳсуб мешавад. Барои мардуми Тоҷикистон чунин санади муқаддас Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки санаи 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва аз ҳамон рӯз ба ҳайси рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва адолати иҷтимоӣ арзи ҳастӣ дорад.Дар таърихи навини кишвари мо қабули Конститутсия ҳамчун рӯйдоди таърихии сарнавиштсоз нақши бузург бозида, заминаи воқеӣ барои пойдории давлатдорӣ, устувории сулҳ ва амнияти миллӣ гардид.
Арзиши таърихӣ ва сиёсии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо роҳи рушди давлатдории миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд, балки асоси ҳуқуқии истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварро устувор сохт. Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо таъкид намудаанд, ки:«Конститутсия ин оинаи давлатдорӣ ва муҳри тақдири миллат аст, ки бо иродаи халқ қабул гардидааст.»Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат давлати мо тавонист пас аз давраи душвору пурошӯб роҳи сулҳу суботро интихоб намуда, ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёдро ташаккул диҳад. Конститутсия меъёри олитарини танзими муносибатҳои давлат ва шаҳрванд буда, кафолати асосии адолати иҷтимоӣ, озодӣ ва ҳуқуқи инсонро таъмин менамояд.
Нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ. Яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти корҳои дохилӣ ин таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҳимояи асосҳои конститутсионӣ мебошад. Маҳз кормандони ВКД дар сафи пеши муҳофизони сулҳ ва суботи миллӣ қарор дошта, бо эҳсоси баланди масъулият дар татбиқи қонунҳо ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон саҳми арзанда мегузоранд.Дар рафти фаъолияти худ мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси принсипҳои қонунмандӣ, одилонагӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ амал намуда, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва риояи қонуният дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кӯшиш менамоянд.
Конститутсия — мактаби ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва эҳтироми қонунҳои он мусоидат менамояд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки риояи Конститутсия — ин риояи озодии худ, амнияти фарзандон ва ояндаи Ватан аст.Маҳз дар рӯҳияи Конститутсия ҷавонон тарбия ёфта, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ дар онҳо тақвият меёбад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ дар роҳи татбиқи муқаррароти Конститутсия қадамҳои устувор гузоштаанд. Дар натиҷаи ислоҳоти пай дарпай, Тоҷикистон ба як давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ табдил ёфт, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон кафолати воқеӣ доранд.Дар замони Истиқлолият як қатор тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ворид гардидаанд, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, беҳбудии ҷомеа ва рушди демократия мусоидат карданд.
Рӯзи 6 ноябр — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ буда, ҳар сол бо тантана дар тамоми гӯшаву канори кишвар таҷлил мегардад. Ин сана рамзи ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдор ва қонунмандии давлатӣ мебошад.Дар ин рӯз мақомоти корҳои дохилӣ низ бо ифтихор аз таърихи пуршараф ва рисолати худ чорабиниҳои тантанавӣ, мулоқотҳо ва вохӯриҳои тарбиявиро баргузор менамоянд.
Хулоса Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муқаддаси давлатдорӣ, кафили амнияти миллӣ ва пояи устувори ваҳдати ҷомеа боиси ифтихори ҳар як шаҳрванд аст.Дар остонаи ин рӯзи пуршараф ҳамаи ҳамкасбон, роҳбарон, омӯзгорон, шунавандагон ва шаҳрвандони кишварро бо рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, орзуманди сулҳу суботи ҷовидона, ваҳдати миллӣ ва муваффақиятҳои нав дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан мебошам.Зинда бод Тоҷикистони азиз — зери сояи Конститутсияи одилона ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Муаллиф: Шунавандаи факултети 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Таваллозода Иброхим







































































































































































