Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аҳамият ва нақши Конститутсия дар инкишофи Тоҷикистон

2379Қабули Конститутсияи нав дар солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон имкон дод, ки масъалаҳои муҳимтарини дар назди ҷамъият истодаи давраи гузариш ҳал гарданд.
Якум, қабули Конститутсияи нав имкони оғоз ва амалӣ гардонидани тамоми низоми ҳуқуқии нав, пеш аз ҳама, тағйироти сифатноки қонунгузорӣ дар асоси истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва дар як вақт бо нигаҳдошти анъанаҳои миллӣ ва пайдарпаи инкишоф гардид. Ин барои таъмини мӯътадилӣ ва низомнокии қонунгузорӣ, ва мутобиқгардонии онҳо ба ҳолатҳо ва принсипҳои конститутсионӣ мусоидат намуд. Бо баробари ин бояд қайд намуд, ки қабули Конститутсия имкон дод, ки аз низоми ҳуқуқии кӯҳна бе талафот самаранок даст кашида, дар як вақт сохтмони нави ҳуқуқиро оғоз намоем. Албатта, ин ҷо ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия фикру андешаҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ гуногун буданд.
Дуюм, андешаҳое, ки ба Конститутсияи нав ворид гаштанд ба ташаккули шуур ва маърифати нави ҳуқуқӣ, эътирофи дар фаҳмиши ҷамъият арзишҳо ва муқаррароти демократию ҳуқуқӣ таъсири калон расонид. Талаботи нав боз ҳам ба шароити муосири деморкатӣ ҷавобгӯ менталитети ҳуқуқии шаҳрвандон ташаккул ёфтанд. Одамон дарк кардан два чунин падидаҳоро баҳо доданд, ба монанди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба таври васеъ истифодаи механизмҳои ҳуқуқии таъмин ва ҳимояи онҳо оғоз намуданд. Ҳуқуқ дар умум ҳамчун ченаки озодии инсон на балки давлат фаҳмида шуд.
Сеюм, аз нуқтаи сиёсию ҳуқуқӣ Конститутсия ҳамчун ба сифати ҳуқуқӣ мувозинати қонунии манфиатҳои ҳамаи қишрҳои иҷтимоии ҷомеа, ки ифодакунандаи иродаи халқ мебошанд, дар бар мегирад. Дар як вақт Конститутсия на танҳо бо дастовардҳои ноил гашта маҳдуд мегардад, балки меъёрҳои хислати барномавиро, ки самти ояндаро муайян менамоянд, ҳам дар бар мегирад. Муқаррароти барномавии Конститутсия аҳамияти муҳимро доро мебошад, чунки мақсад ва арзишҳое, ки ба самтҳои ҳуқуқӣ дар инкишофи давлат хизмат менамоянд, муайян мегарданд. Инчунин, онҳо инкишофи ояндаи ҷамъиятро, ки дар назди худ мақсад ва талаботи навро мегузорад, муайян менамоянд.
Натиҷаи 31 солаи амали Конститутсия имкон медиҳад, ки имрӯз метавон якчанд омилҳоро ҷудо намуд, ки онҳо арзиши иҷтимоӣ ва нақши позитивии онро муайян менамоянд.
Конститутсия яке аз заминаҳои асосии сиёсию асосии сиёсию ҳуқуқии гузариши бонизоми аз сохтори тоталитарӣ ба ҷамъияти демократӣ гашт. Амали мусбӣ дар нақши он ҷиҳати муттаҳид намудани ҷамъият пайдо гашт.
Қонуни асосӣ дар худ принсипҳо ва меъёрҳои умуми эътирофшудаи асосиро, ки дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ муқаррар гаштаанд, таҷассум намуда, бо ҳамин восита онҳоро ба воқеияти ҳуқуқи миллӣ табдил дод.
Конститутсия асоси ҳуқуқӣ барои ислоҳоти тамоми сохтори ҷамъиятӣ ва давлатии кишварамон гардид. Меъёрҳои Конститутсия замина барои мушаххасгардонии ҳолатҳои Конститутсия дар санадҳои қонунгузорӣ, ташаккули низоми нави ҳуқуқию демократии миллӣ гардид.
Сардори кафедраи ҳуқуқи
ҷиноятӣ ва мурофиавии
факултети №4, н.и.ҳ.,
майори милитсия,
Азимзода Шӯҳрат. Ҷӯрамурод

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...