Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

174

Рӯзҳои 25-26-уми апрели соли 2018 дар маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018-2028 конференсияи илмӣ – назариявӣ анъанавии апрелӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. 
Тибқи барнома муовини сардори факултет, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Ғафуров М.С. конференсияро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Сипас, Тошматова М.Д., -н.и.и, дотсенти кафедраи «Иқтисоди ҷаҳонӣ»-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дод, ки номбурда дар мавзӯи “Захираҳои обӣ – асоси рушди соҳаҳои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон” («Водные ресурсы - основа развития отраслей экономики Республики Таджикистан» баромад намуд.
Дар бахши пленарӣ ҳамчунин Хушвахтзода Х.Х.-муовини сардор оид ба қисми низомӣ дар мавзӯи «Об манбаи ҳаёт, ҷанбаҳои таърихӣ - сиёсӣ», Хидиров Х.О. - дотсент, муаллими ҳамкори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, дар мавзӯи «Муаммоҳои таъминоти инсоният бо оби тоза» ва Абдулатипов У.Ҳ. – сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, н.и.фалсафа, полковники милитсия дар мавзӯи «Масъалаи об ва фалсафаи ҳаёт» баромад намуданд.
Сипас, мувофиқи барнома устодони факултет ба ду бахш тақсим шуданд, ки роҳбарии онҳоро сардорони кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, н.и.фалсафа, полковники милитситя Абдулатипов У.Ҳ. ва сардори кафедраи фанҳои давлатӣ - ҳуқуқӣ подполковники милитсия Ҳоҷибобо З.М. ба ӯҳда доштанд.

416

Устодони факултет дар гуруҳҳо бо маърӯзаҳои назариявию тадқиқотии худ дар мавзӯъҳои гуногуни ҷамъиятию ҳуқуқшиносӣ баромад намуданд. Дар гурӯҳи якум таҳти роҳбарии сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, н.и.фалсафа, полковники милитситя Абдулатипов У.Ҳ. 10-нафар устодону курсантон дар давоми ду рӯз дар мавзӯъҳои оид ба масъалаҳои таносуби адолат бо раванди ҷомеа, масъалаҳои озодӣ дар осори мутафаккирони гузаштаи тоҷик, масъалаҳои ахлоқӣ ва маданӣ, проблемаҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, таърих, моҳияти истиқлолияти давлатӣ, аҳамияти забономӯзӣ маърӯзаҳо шунида шуда, баҳсу мунозираҳои зиёди илмӣ ташкил карда шуданд.
Дар гурӯҳи дуюм бо роҳбарии сардори кафедраи фанҳои давлатӣ - ҳуқуқӣ подполковники милитсия Ҳоҷибобо З.М. 12-нафар маърӯзачиён аз ҳайати устодону кормандони факултет дар мавзӯъҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ, мафҳуми ҷиноятҳои муташаккил ва террористӣ, таҳлили намудҳои алоҳидаи ҷиноят ва ғайраҳо баромадҳо ташкил карда шуданд. Ҳар як баромади маърӯзачӣ бо саволу ҷавобҳои пурмӯҳтаво вобаста ба мавзӯи маърӯза пайравӣ карда мешуданд, ки баҳсу мунозираҳои ҷолиби илмиро мегузоштанд. Раванди конференсия нишон дод, ки ҳайати омӯзгорони факултет метавонанд дар соҳаи илм саҳми хешро гузоранд.
Дар конференсия як қатор устодони ҷавон аввалин маротиба баромадҳо карданд, ки муҳтавои маърӯзаҳои онҳо хеле диққатҷалбкунанда буд. 
Дар хотима қатъномаи конфронс қабул гардида, аз тарафи муовини сардори факултет оид ба қисми таълим ва илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Ғафуров М.С. баргузорӣ ва рафти конференсия таҳлил карда шуда ба кори конфронс ҳусни хотима бахшида шуд.

Хокироев А.Ю., сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...