Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ТАҲКИМБАХШИ ҚОНУНГУЗОРИИ КИШВАР» ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2363Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 1 ноябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Академия, Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – таҳкимбахши қонунгузории кишвар» баргузор гардид. 2364Дар ин конференсияи сатҳи ҷумҳуриявӣ якқатор олимону мутахассисон ва шахсиятҳои маъруфи касбу кори гуногун иштирок намуда, суханронӣ намуданд.
2365Сараввал, ба кори конференсия сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло ҳусни оғоз бахшида, сухани ифтитоҳии худро ироа намуданд ва ҷамъомадагонро бахшида ба 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд. 2366Дар ин асно муовини сардори Академия оид ба кор бо ҳайати шахсӣ, подполковники милитсия Абдулаҳадзода Абдулвоҳид Абдулаҳад низ бо сухани ифтитоҳӣ ба сухан баромада махсусияти ин ҳуҷҷати тақдирсозро ба ҳозирин расонид. 2367Сипас пешбурди кори конференсия ва муаррифии иштирокчиёни конференсия ба зиммаи сардори факултети №2 Академия, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода Амиршоҳ Мансур вогузор гардид.
2368Номбурда тибқи барномаи кории конференсия сухани навбатиро ба судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа пешниҳод намуданд. 2369Мавсуф атрофи мавзӯи “Конститутсия ифодаи олии иродаи оммаи мардум” суханронӣ намуда, вобаста ба муҳиммияти қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва нақши он дар нигоҳдории пояҳои давлатдории навини тоҷикон маърӯза намуд. 2370Ҳамзамон дар идомаи кори конференсия доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҷабзода Равшан Муҳитдин ба сухан баромада паҳлӯҳои муҳимми омода намудани лоиҳа, ба муҳокимаи халқ гузоштани ду лоиҳаи омодагардидаи Конститутсия, ташкил ва баргузории раъйпурсӣ, натиҷагирӣ ва қабул гардидани Конститутсияи тозаистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар рафти кори конференсия Буризода Эмомалӣ Бозор мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳоди шурои давлатӣ дар рушди давлатдории миллӣ», Рауфова Манзура Турсуновна профессори кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва иқтисодии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи «Конститутсия бахтномаи миллат ва таҳкими амнияту суботи кишвар», Сайнозимзода Фируз сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он», Мансурзода Амиршоҳ Мансур сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия дар мавзуи “Конститутсия ва амнияти ҷомеа”, Хайруллоев Фаррух Сайфуллоевич дотсенти кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент дар мавзуи «Сиёсати гендерӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия ва Ташрифзода Фозил дотсенти кафедраи амнияти иттилоотӣ ва технологияҳои рақамии факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия дар мавзуи «Конститутсия кафили ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Каримзода Умар Карим сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия дар мавзуи «Таҷассуми Эъломияи Куруши Кабир дар меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қодирзода Ғолиб Нурулло профессори кафедраи фанҳои давлаӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкимбахши давлатдории миллӣ», Ҷалолзода Сорбон Ислом муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия дар мавзуи «Вазъи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Фахридинзода Ҳамза Саидумар муаллими кафедраи фанҳои давлаӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия дар мавзуи «Асосҳои хос ва ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи ««Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – таҳкимбахши қонунгузории кишвар» бо иштироки ҳуқуқшиносони варзидаи ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар он тавсияву пешниҳодҳои муфид вобаста ба муҳиммияти Конститутсия дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеа манзур гардиданд.
Дар интиҳо меҳмонону иштирокчиёни конференсияи мазкур аз баргузории чунин як конференсияи сатҳи ҷумҳуриявӣ таассуроти хотирмон бардоштанд.
Ҷалолзода С.И. – муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...