Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АЗ МАНШУРИ КУРУШИ КАБИР ТО КОНСТИТУТСИЯ – ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

123

Мегӯянд, рӯзе Искандари Мақдунӣ ба назди оромгоҳи Куруши Кабир омад. Хост онро хароб созад, аммо навиштаҷотеро дид ва гирист. Дар он санг чунин навишта буд:

«Эй мард! Ҳар кӣ бошӣ ва аз ҳар куҷо биёӣ — бидон, ки хоҳӣ омад. Ман Куруш, писари Камбуҷияам, ки ин ҷаҳонро барои порсиён бино кардам. Ба ин пора хок рашк мабар»!

Дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи инсоният, қонуният ва адолат ҳамчун рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи бузургон ва мутафаккирони башар қарор доштааст. Яке аз аввалин намунаҳои чунин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ Маншури Куруши Кабир мебошад, ки беш аз ду ҳазору панҷсад сол қабл навишта шуда, ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон пазируфта шудааст. Дар ин санади таърихӣ, шоҳ Куруш озодии виҷдон, баробарии инсонҳо, эҳтироми фарҳанг ва дину оини халқҳои тобеъро эълон намуд. Ӯ мегуфт:

«Ман ҳамаи мардумонро озод мегузорам, то Худои худро парастанд, дар кишварҳои худ зиндагӣ кунанд ва аз зулм озод бошанд.»

Куруши Кабир нахустин касе буд, ки Эъломияи ҳуқуқи башар навишт. Ӯ барои инсон озодӣ, барои зан ҳуқуқ, ва барои миллат адолат мехост. Дар он замоне, ки бархе духтаронро зинда ба хок месупориданд, ӯ барои духтарони форс донишгоҳ сохт. Замоне ки бархе чӯб мепарастиданд, ӯ мардумро ба яктопарастӣ даъват кард. Ҳангоме ки дигарон дар биёбон буз мечарониданд, Куруш ними ҷаҳонро бо адолат идора менамуд.

Ин суханҳо ҳамчун рамзи инсондӯстӣ ва одилонаҳукмронӣ садҳо сол аст, ки барои давлатҳои ҷаҳон намунаи ибратанд. Дар қисмате аз Маншури Куруши Кабир чунин омадааст:

-        Зеро дар Маншури Куруши Бузург чунин гуфта шудааст:

-        Бигузоред ҳар кас ба оини хеш бошад;

-        Занонро гиромӣ бидоред;

-        Фурӯдастонро дарёбед;

-        Ҳар кас ба забони қабилаи худ сухан бигӯяд;

-        Фармонравое, ки ҳамдилии мардумонашро надорад, сиёҳрӯзтарин инсон аст;

-        Ба золимони ҷаҳон бигӯед, ки аз зулм ба гӯр чизе нахоҳанд бурд.

Бо гузашти асрҳо, ормони адолат, озодӣ ва соҳибихтиёрӣ дар сарнавишти миллати тоҷик низ ба як ниёзи таърихӣ табдил ёфт. Ҳазорсолаҳо таҷрибаи давлатдории ориёӣ, маданияти ҳуқуқӣ ва меъёрҳои ахлоқии бостон ба ташаккули ҷаҳонбинии сиёсии халқи мо таъсири амиқ расонд.

Пас аз ҳазорсолаҳои мубориза, миллати тоҷик дар охири асри XX тавонист ормони деринаи худро амалӣ намуда, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати сарнавиштсози хешро қабул намояд.

Конститутсия, ки 6 ноябри соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, на танҳо қонуни асосии давлат, балки рамзи ваҳдат, истиқлолият ва худшиносии миллӣ гардид. Ин санад пояҳои сохтори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиро гузошта, ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар сатҳи баланд кафолат медиҳад.

Имрӯз, ҳар як моддаи Конститутсияи Тоҷикистон аз ормонҳои гузаштагони бузург ва хиради миллӣ сарчашма мегирад. Агар Маншури Куруши Кабир оғози ғояи инсондӯстиро дар ҷаҳон гузошта бошад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии он дар шароити нав мебошад, ки таҷассумгари адолат, озодӣ ва сулҳи пойдор дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқоло аст.

Конститутсия имрӯз на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар аст. Он моро водор месозад, ки арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатиро ҳифз намоем. Дар зери сояи ҳамин ҳуҷҷати муқаддас, Тоҷикистон ба сӯйи рушду нумӯъ, ваҳдат ва пешрафт гом мегузорад.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки аз Маншури Куруши Кабир то Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳи пуршарафи миллати тоҷик аз озодихоҳӣ, адолатҷӯӣ ва давлатсозӣ пурра инъикос ёфтааст. Ин роҳи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки тоҷикон ҳамеша ҷонибдори сулҳ, ҳуқуқ ва қадршиносии инсон будаанд. Падари эронзамин, подшоҳи додгар, аввалин оварандаи ҳуқуқи башар ва ифтихори тамоми башарият Куруши Кабир.

Пас, вазифаи ҳар яки мост, ки ин арзишҳоро эҳтиром кунем, ба наслҳои оянда бирасонем ва таҳти парчами Конститутсияи миллӣ барои ободии Ватани азизамон Тоҷикистон хизмат намоем.

Фароварди сухан

Имрӯз, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари озод ва соҳибистиқлол эътироф кардааст, мо фарзандони он бояд мисли ангуштони як даст, шохобҳои як рӯд ва гулҳои як боғ бошем. Бо ҳамдигар ваҳдат дошта бошем, бо исми миллат ифтихор кунем ва дар роҳи бунёди Тоҷикистони навин саҳмгузор бошем.

31 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад ҳамватанони азиз!

    

Омӯзгори кафедраи мурофиаи ҷиноятии

факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 лейтенанти калони милитсия

 Саидзода Толиб Шамсиддин

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...