Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия – омили рушди маърифати ҳуқуқӣ

2354

Дар ҷаҳони муосир таҳкими давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ танҳо дар шароите имконпазир аст, ки шаҳрвандон аз мазмуниқонун, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ огоҳ бошанд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣдар бархурдор будан ва дарки моҳияти маеъёрҳои Конститутсия, эҳтиром ва риояион ифода ёфта, шарти асосии устувории давлат ва адолати иҷтимоӣ мебошад.

         Асоси баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкимиқонуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия мебошад, ки 6 ноябри соли 1994 қабул шуда, бо тағйироту иловаҳои минбаъда таҳким ёфтааст. Он ҳамчун санади олитарини ҳуқуқӣ ва сиёсӣ на танҳо пояи давлатдорӣ, балки мактаби маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии шаҳрвандон низ мебошад.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 ноябри соли 2019 баргузор гардид,таъкид намудаанд:«Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки китоби муқаддаси давлатдорӣ ва мактаби маърифати ҳуқуқии ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳар кас бояд онро бишиносад, эҳтиром кунад ва ба он итоат намояд».

         Ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки Конститутсия ҳуҷҷати сиёсӣ маҳсуб ёфта, инчунин сарчашмаи маърифат ва огоҳии ҳуқуқии миллат аст.

         Моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст:«Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд».

         Аз ин бар меояд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи ҳамаи қонунҳо буда, ҳамзамон заминаи асосии баланд бардоштани маърифтаи ҳуқуқии шаҳвандон мебошад. Шахсе, ки аз мазмуни меъёрҳои Конститутсия бархурдор мегардад, ба арзишҳои олӣ - монанди адолат, озодӣ, баробарӣ ва масъулият – эҳтиром мегузорад ва онҳоро дар ҳаёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ амалӣ менамояд.

         Яъне, Конститутсия ҳамчун мактаби ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, баҳри ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии қонуниятпазир ва эҳтироми давлат мусоидат менамояд.

         Қайд намудан ба маврид аст, ки маърифати ҳуқуқӣ - пояи устувори давлатдории ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад. Зеро маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи дониш, эътиқод ва муносибати шаҳрвандон ба қонун аст. Он танҳо донистани меъёрҳои ҳуқуқӣ нест, балки фаҳмидани ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, эҳтиром ба қонун ва масъулият дар назди ҷомеа мебошад.

         Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 декабри соли 2018 таъкид намудаанд, ки: «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз омилҳои муҳими таҳкими давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Танҳо шахси огоҳ аз қонун метавонад ҳуқуқи худро ҳимоя карда, уҳдадории шаҳрвандии худро дуруст иҷро намояд.»

         Ин гуфтаҳо баёнгари он аст, ки бе маърифати ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба Конститутсия, амалигардонии қонун ва устувории давлат ғайриимкон мебошад. Давлати ҳуқуқбунёд танҳо дар асоси маърифати баланди шаҳрвандон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ инкишоф меёбад.

         Дар ин замина, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои ҳамаи шаҳрвандон хизмат мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муқаррар кардани арзишҳои универсалӣ - монанди озодӣ, баробарӣ, адолат ва ҳимояи ҳуқуқи инсон - ба ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва ахлоқии шаҳрвандон мусоидат менамояд.

         Моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.» Ин меъёр натанҳо асоси ҳуқуқӣ, балки меъёри ахлоқии ҷомеа низ аст. Он шаҳрвандонро водор месозад, ки ҳуқуқи дигаронро эҳтиром кунанд ва муносибатҳои иҷтимоиро дар асоси адолат ба роҳ монанд.

         Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 ноябри соли 2022 иброз доштанд, ки: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувори фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷомеаи мо мебошад. Ҳар қадар шаҳрвандон онро хубтар омӯзанд, ҳамон қадар давлат ва ҷомеаи мо қавитар мегардад». Ин иқтибос маънои онро дорад, ки омӯзиш ва фаҳмиши мазмуни меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд на танҳо вазифа, балки нишонаи фарҳанг ва худогоҳии миллӣ мебошад.

         Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола дар меҳвари Паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба механизму меъёрҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани он тамоми тадбирҳоро андешида, дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Бо ин мақсад дар мамлакат як қатор санадҳои ҳуқуқӣ, аз қабили, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 апрели соли 1997, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2019» аз 29 апрели соли 2009 қабул ва амалӣ карда шуда, айни ҳол «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2030», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 тасдиқ гардидааст, мавриди амал қарор дорад. Дар ин радиф, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар руҳияи эҳтиром ба қонун тарбия намудани онҳо, ташвиқ намудани арзишҳои демократӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории самараноки давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд.

         Ин чораҳо ба он равона шудаанд, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи худ огоҳ бошад, онҳоро дуруст истифода барад ва дар рушди давлат фаъолона ширкат намояд.

         Дар баробари ин, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ҷавонон ва муҳити илмӣ низ дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ нақши назаррас доранд.

         Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ асоси маърифати ҳуқуқӣ ва пояи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Он на танҳо сохтори сиёсӣ ва ҳуқуқии давлатро муайян мекунад, балки арзишҳои ахлоқӣ, масъулият ва эҳтиром ба қонунро дар шуури ҷомеа ҷой мекунад.

         Тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Конститутсия ва қонунҳо бояд на танҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ, балки аз тарафи ҳар як шаҳрванди кишвар эҳтиром ва риоя карда шаванд. Танҳо дар ин сурат мо метавонем давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпеша бунёд намоем».

         Аз ин рӯ, омӯзиш, таблиғ ва татбиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили рушди устувори ҷомеа ва давлат мебошад.

Муаллими калони кафедраи

мурофиаи ҷиноятии факултети №2

Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,

капитани милитсия

Маҳмараҳимзода Фирдавс Маҳмараҳим

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...