Тақвияти ёфтани фаъолияти босамари хизматӣ дар Академияи ВКД
Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и,ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар байни ҳайати шахсӣ баромада намуда, иброз дошт, ки санаи 18-уми апрели соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо ширкати Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ҳайати Мушовара, роҳбарони аввали ҷузъу томҳои ВКД ҷаласаи навбатии Мушовараи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамбасти 3-моҳаи фаъолияти хизматӣ баргузор гардид.
Фаъолияти хизматии ҷузъу томҳои ВКД дар 3-моҳи аввали соли 2018 қаноатбахш арзёбӣ гардида, минатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самъи ҳайати шахсӣ расонида шуд.
Аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои боз ҳам тақвияти фаъолияти босамари ҷузъу томҳои ВКД дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Сардорони шуъбаҳо, факултетҳо, кафедраҳои Академияи ВКД вазифадор гардиданд, ки дар иҷрои саривақтии қарору талаботҳои ҷаласаи навбатии Мушовараи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд.
Ҳамчунин талаботҳои зерини ВКД ба самъи ҳайати шахсӣ расонида шавад:
- баланд бардоштани сатҳи забондонии кормандон ва маданияти муошират;
- ташкили курсҳои омӯзишии забонҳо (аз ҷумла забони англисӣ);
- гузаронидани Курсҳои такмили ихтисос дар заминаи факултетҳои№3 ва № 6 Академияи ВКД;
- пешгирии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта;
- пурқувват гардонидани кор бо дастгиршудагон, гумонбаршудагон ва роҳҳои тақвияти он;
- қабул ва баррасии саривақтии арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва тартиби қабули онҳо аз ҷониби роҳбарони ҷузъу томҳои ВКД;
- сарфаи барқ ва тадбирҳои пешгирии сӯхтор ва дигар тадбирҳои иловагӣ дар ин самт;
- риояи қонуният ва интизоми хизматӣ.
Ҳайати шахсии Академияи ВКД талаботҳои ҷаласаи навбатии Мушовараи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти 3-моҳаи фаъолияти хизматиро бо руҳбаландӣ ва масъулияти баланди хизматӣ пазируфта, баҳри амалигардонии он камари ҳиммат бастанд.
Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.