Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши Пешвои миллат дар бунёди давлатдории навин

2353Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳалаи худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо, волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ гардид.Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутаммаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».
Дар саҳифаи таърихи давлатдории кишварамон 34 сол қабл воқеаҳои сиёсии дохилӣ ба вуқуъ пайвастанд. Расман Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ волотарин дастоварди бузурги миллиро, яъне соҳиб шудан ба истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тоҷикистониён ба осони ба даст наомадааст.
Ин дастоварди бузурги милли аз як тараф барои мардуми тоҷик ҳамчун давраи хотирмон ва фаромӯш нашаванда бошад вале аз тарафи дигар бо фоҷиаҳои талхи таърихӣ ва мушкилотҳои таъмини сулҳу субот оғоз гардида буд. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрванди кашида шуд, ки дар он бештар аз 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд, 100 ҳазор кас беному нишон гум шуданд, 55 ҳазор тифл ятим монда, садҳо манзили истиқоматӣ вайрону валангор гаштанд.
Ин ҳама боиси талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои низоми идоракунии давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншикани ва сатҳи ҷинояткориву бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.Дар ин давраҳои басо тезу тунди сиёсӣ бо таҳдидҳои зиёди силоҳбадастон, ки кишварро фаро гирифта, таъмини қонуният, сулҳу субот, амнияти ҷамъияту давлат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд басо муракаб гардида буд, ҳар кас ҷуръат намекард, ки роҳбарии кишварро ба уҳда гирад.Хушбахтона марде пайдо гардид, ки дар ҳамин давраи фалокатбору ҳассос аз ҷони худ гузар намояд ва ин бори вазнини сиёсиро бар души худ бигирад ва ин миллати бузургро, ки ба нестшави расида буд тинҷу ором гардонад.
Аз таърихи 16–уми ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он тақдири миллати тоҷик ҳал гардид. Вакилон якдилона ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд. Ин санаи таърихи ва хотирмон ба сари халқи тоҷик саҳифаи навинро боз намуд, ки ба бахти миллати тоҷик фарзанди фарзонаи миллат, дурандешу хирадман, закиву адолатпарвар Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ворид гардид.
Хушбахтона, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо азми комилу хиради фарогир дар аввалин рӯзҳои вазифаи пурмасъулият, роҳбарии давлатро ба дӯш гирифтанд, ки тамоми паҳлуҳои фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ фалаҷ гардида Тоҷикистон пурра дар ҳолати нобудӣ қарор дошт ва миллат парокандаву сарсон буд, ба ҳамватанони дар ғурбат ва ғариби қарордошта аз минбари баланди иброз намуда ваъда доданд, ки «Ман ба хонадони шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан бар нагардад, осуда нахоҳам буд! «Ман барои амну амонии халқу Ватани азизам ҳозирам ҷони худро қурбон кунам» ва дар муддати начандон тӯлонӣ миллати парешоншударо сарҷамъ намуда, ваҳдати миллиро барқарор намуд.
Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як раҳнамои миллат, дар қадамҳои устувори нахустини худ роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёдро пеш гирифтанд. Ба масъулияти баланд ба душ гирифтани роҳи давлатдорӣ, тинҷу ором сохтани авзои сиёсии кишвар аз ҷанги шаҳрвандӣ, ва ба ҳаёти осуда бар гардонидани тамоми тоҷикон аз мақсадҳои асосии фарзанди фарзонаи миллат Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Дар воқеъ самараи истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистони азизамон дар дунё ҳамчун давлати сулҳхоҳ шинохта шудааст. Аз сулҳи тоҷикон давлатҳои сулҳхоҳи ҷаҳон ҳамчун таҷриба истифода менамоянд.
Албата, ҳамаи ин бо ташабусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шудааст, ки барои мо тоҷикон боиси ифтихор аст.
Дар замони муосир ва пурпечутоб қувваҳои бадхоҳи миллат боз сар боло намуда, мехоҳанд дубора миллати моро ноором созанд ва сулҳу ваҳдати бо гиряи тифлон ва бо нолаи модарони тоҷик, ва бо хуни ҳазорон ҷавони тоҷик омехтаро, ки ба даст омадааст дубора ба рӯзҳои сиёҳ баранд. Ин гуруҳҳо бо ниятҳои ғаразнок ва нопоки худ мехоҳанд аз сустии ҷавонон истифода намоянд. Аз ин лиҳоз мо тоҷикон бахусус ҷавононро зарур аст, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва аз ин миллати баруманд биболем ва барои нигоҳдошти истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ китф ба китф, даст ба даст гирфта ҳамчун сипар аз он муҳофизат намоем.
Дар робита ба ин қаҳрамониву ҷоннисориҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳияи ҷавонони кишварро боз ҳам болида гардида, моро водор менамояд, ки тан ба тан ва ҷон ба ҷон дар паҳлӯи ин марди худодод истодагарӣ карда дар пешрафту инкишоф ва дар шинохту муарифии Тоҷикистони азиз камари ҳимат бандем.
Курсанти курси 2-юми факултети №2 Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қатории милитсия Буриев З.А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...