Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ДАВЛАТҲОИ ИДМ ДАР МАСОИЛИ АМНИЯТӢ

2324«Дар ин замина муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодаанд ва мо ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳем».
2325Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26-январи соли 2021.
Бо даст овардани соҳибихтёрии давлатҳои Осиёи Марказӣ Россия дар масоили амниятӣ бо ин кишварҳо ҳамкориҳои гусурдаро ба роҳ мондааст. Тоҷикистон ва Россияро таърихан муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайвандад. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон Федератсияи Россия миёни ҳамёрони асосии кишвар дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи хоса дошта, чун шарики асосии стратегӣ эътироф шудааст. Федератсияи Россия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Заминаи шаклҳои нави ҳамкориро дар шароити рушди мустақилона Протокол дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар асос гузошт, ки 8 апрели соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. 4 майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе Сафорати Федератсияи Россия фаъолияти худро оғоз кард. Дар таърихи 8 июни соли 1993 Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия табдил дода, 18 декабри ҳамон сол дар заминаи он Сафорат таъсис дода шуд. Ҷанбаъҳои ҳамкории иқтисодии байни Точикистону Россия пеш аз ҳама дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ муайян мегарданд. Россия шарики асосии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бояд қайд кард, ки ҳиссаи он дар тавозуни савдои Тоҷикистон 20 фоизро ташкил медиҳад. Яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои иқтисодии ду ҷониб, ки ба иқтисодиёти ҳарду кишвар таъсиргузор аст, маблағгузории сармоягузории Россия ба соҳаҳои иқтисодии кишвар – энергетика, истеҳсолоти саноатӣ, соҳаҳои кӯҳию металлургӣ ва сохтмон, нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, соҳаи технологияҳои баланд, кишоварзӣ ва ғайра мебошад. Бояд қайд кард, ки тайи чанд соли охир сармоягузории бевоситаи Россия ба Тоҷикистон зиёда аз 700 млн. дол. ШМА-ро ташкил дод. Ширкати «Газпромнефт» ба Тоҷикистон зиёда аз 40 млн. дол. ШМА маблағгузорӣ намуда, имрӯз тақрибан 60% ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтиро таҳвил медиҳад. Лоиҳаи бузургтарини сармоягузорӣ истгоҳи барқии обии «Сангтӯда-1» ба ҳисоб меравад, ки соли 2008 пурра ба истифода дода шуд. Тибқи қарордодҳои дуҷонибаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Газпром», ҷонибҳо корҳои иктишофии геологиро дар мавзеъҳои нафту гази кишвар амалӣ карда истодаанд. Миёни мақомоти сиёсии хориҷии ду ҷониб муносибатҳои судманди боварибахш ба роҳ монда шудаанд. Баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ ва Рӯзҳои адабиёти ду кишвар дар қаламрави якдигар солҳои (1997, 1999, 2004, 2005, 2008) анъанавӣ гардидаанд. Бо итминон собит намудан мумкин аст, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия бо назардошти воқеияти муосир устуворона ва давра ба давра тамоюлот ба таъмиқу тавсеа доранд. Дар ҳошияи афзун гардидани нақши дипломатияи иқтисодӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, муносибатҳои миёни Тоҷикистону Россия боз ҳам тақвият ёфта, онҳо торафт ҷабҳаҳои нав ба нави ҳамкориро мувофиқи имконият, ниёзмандӣ манфиатҳои мутақобила ва наздикии мавқеъ оид ба сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фарогиранд.
Дар Тоҷикистон ҷаласаҳои Шуроҳои вазирони корҳои хориҷӣ ва мудофиа, Кумитаи котибони Шурои амният, Кумитаи ҳарбии созмон гузаронида шуд. Дар инҷо ҳамчунин ҷаласаҳои кории гурӯҳҳои мақомоти оинномавии СААД доир ба масъалаҳои Афғонистон ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони ниҳодҳои зиддимухадиротии давлатҳои аъзо, машқҳои тактикии махсуси ҷузъу томҳои таъиноти махсуси «Раъд - 2015» бо муваффақият гузаронида шуд. Тафтиши ногаҳонии омодагии ҷузъу томҳои ҳарбии Нерӯҳои муштараки вокуниши фаврӣ (НМВФ) СААД дар қаламрави Тоҷикистон, ки нахустин чунин чорабинӣ дар таърихи созмони мо гузашта, сатҳи баланди малакаи ҳарбии тамоми ҷузъу томҳои ба ҳайати Нерӯҳои дастаҷамъона воридшавандаро нишон дод. Мутаассифона, доираи таҳдиду хатарҳо ба амнияти минтақа маҳдуд намегардид ва ҳатто шояд густариш ёбад. Ин ҳолат ва ҳамчунин авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар ҳудуди СААД кӯшишу талошҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи моро барои ҳамоҳангсозии самаранок ва татбиқи чораҳои фаврӣ баҳри тақвияти имкониятҳои ҳарбӣ- сарҳадии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳамсарҳад бо Афғонистон ва роҳандозии ҳамкории иттилоотии самаранокро талаб мекунад. Ин ҷаласа имкон дод, ки як зумра тадбирҳо, ки ба мукаммал намудани фаъолият дар доираи СААД равона шудаанд, муайян карда шаванд. Инҳо - тақвияти омодагии ҷангӣ ва таъминоти моддию техникии қувваҳои дастаҷамъӣ ва воситаҳои зудамали онҳо, бо ин мақсад гузаронидани машғулиятҳо ва машқҳои муштарак, ба роҳ мондани табодули иттилооти доимӣ ва маҷмӯи иқдомҳои дигар оид ба таҳкими созмон мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба масоили ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии кишварҳои аъзо ва тақвияти ҳамоҳангсозии робитаҳо миёни корхонаҳои саноати ҳарбӣ аст. Ба назари мо, зарур аст, ки СААД бо Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ҳадафҳои ягона доранд, робитаро густариш бахшад, ки ин ба ҳамоҳангӣ ва мувофиқаҳое, ки дар сатҳҳои гуногуни кӯшишҳои амниятӣ андешида мешаванд, мусоидат мекунад.
Албатта, ҳамчунин муҳим аст, ки минбаъд имкониятҳоро таҳким бахшида, низоми оинномавӣ ва кории мақомоти созмонро барои он ки онҳо ба тамоми ҳолат омода бошанд ва тамоми асбобу таҷҳизотро дар ҳолатҳои зарурӣ дар амал истифода баранд, такмил диҳем. Ҳуҷҷатҳои барои имзо омоданамудаи коршиносони мо ба ҳалли ин ва дигар ҳадафҳо равона шудаанд, ки онҳоро мо ҷонибдорӣ мекунем.
Санаи 2 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов, ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (минбаъд СААД) баргузор гардид. Дар ин ҷаласа вазирони корҳои хориҷии Арманистон Эдвард Налбандян, Белорус Владимир Макей, Қазоқистон Ерлан Идрисов ва Россия Сергей Лавров иштирок намуданд.Вазирони корҳои хориҷӣ дар рафти ҷаласа масъалаҳои муосири сиёсати байналмилалӣ ва иқдомотро ҷиҳати пешгирии хатар ва чолишҳои муосир дар минтақаҳои Амнияти дастаҷамъии СААД муҳокима гардид. Барои иштирок дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии СААД Намояндаи амалкунандаи САҲА Вазири корҳои хориҷии Сербия Ивича Дачич, Роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча ва Директори Маркази САҲА доир ба пешгирии низоъҳо Адам Кобератский даъват гардида буданд.Инчунин, дар рӯзномаи Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷаи СААД тасдиқи Нақшаи машварати намояндагони давлатҳои аъзои СААД дар ҷодаи сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа дар нимаи дуюми соли 2015 ва нимаи аввали соли 2016 ба нақша гирифта шуд.
Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ созмони ҳарбию сиёсӣ буда, 15 майи соли 1992 дар ш. Тошкант аз тарафи Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба шароити муосири геополитикӣ мутобиқ кардани ин Аҳднома ва имкониятҳои воқеии истифодаи нерӯ ва воситаҳои дифои дастаҷамъӣ таъсис дода шудааст. Оинномаи СААД-ро Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ 7 октябри соли 2002 дар ш. Кишинёв ба имзо расонид ва ин ҳуҷҷат 18 сентябри соли 2003 қувваи эътибор пайдо кард. Давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Тоҷикистон соли 2015 раёсати Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро ба уҳда гирифта буд.Соли 2015 ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъӣ ва нишасти ниҳодҳои ойинномавии СААД – Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа, Кумитаи дабирони Шурои амният ва нишасти дигар ниҳодҳои корӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гарданд.“Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи қарорҳои иҷлосияи декабрии соли 2014-и Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва авлавиятҳои аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида дар давраи раисии Тоҷикистон дар ин Созмон” аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардида буданд.Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои иштироки худ дар фаъолияти СААД аҳамияти афзалиятнок медиҳад. Ҳамкорӣ дар доираи ин Созмон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст ва он имкон медиҳад, ки бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва умуман ба хотири таъмини амният ва субот дар тамоми минтақаи Аврупо ва Осиё ва инчунин ҳимояи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатҳои аъзо фаъолона тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Тоҷикистон манфиатдори он аст, ки СААД дар амал ба омили муҳими таъмини амнияти ҷаҳонию минтақавӣ мубаддал гардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои фаъол намудани раванди ҳамгароии ҳарбию сиёсии давлатҳои аъзо ва ҳамоҳангсозии иқтидори онҳо, такмили соҳаи сиёсати ҳарбӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбию техникии давлатҳои аъзоро вазифаҳои наздиктарин ва муҳимтарини Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ меҳисобад. Бояд тазаккур дод, ки бо қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар доираи СААД дар моҳи майи 2014 санҷиши ногаҳонии омодагии ҳарбии неруҳои дастаҷамъии вокуниши оҷил (НДВО СААД), ки дар қаламрави Тоҷикистон мустаққар мешаванд, гузаронда шуд. Чунин амалкард услуби нави тамрини ҷузъу томҳои низомӣ маҳсуб меёбад, ки дар доираи СААД бори аввал сурат мегирад.Теъдоди умумии ҳайати шахсии неруҳои дастаҷамъии вокуниши оҷил (НДВО) 20 ҳазор афсару сарбозро ташкил медиҳад. Дар машқҳои мазкур ба ғайр аз қувваҳои низомии Тоҷикистон аз ҷумҳурии Арманистон, Белорусия ва Қазоқистон иштирок доштанд. Федератсияи Россия дар ҳайати 500 нафар баталёни гурӯҳи тактикии дивизияи 98-уми Қувваҳои мусаллаҳашро фиристода, Қирғизистон бошад, ба тамрини мазкур 2500 нафар сарбозу афсарро ҷалб кард. Зимнан, интихоби ҷою макон ва ҳадафи санҷиши омодагии низомии неруҳои дастаҷамъии вокуниши оҷил тасодуфӣ набуд. Аввал, ин ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони амниятӣ бо Афғонистон марзи аз ҳама тӯлонӣ дорад. Табиист, ки чунин таҳдидҳо барои муташанниҷ гаштани авзои сиёсию иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қаламрави бузурги давлатҳои узви СААД замина ба вуҷуд меорад. онҳо тавонистанд, ки заминаи мусоиди зарбазаниро фароҳам оваранд. Ин ҳолат ба онҳо имкон медиҳад, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ дар наздики марзҳои ҷанубии давлатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) низомиёнашонро ҷобаҷо намоянд. Гузашта аз ин ИМА ба нақша гирифтааст, ки баъди хуруҷаш аз қаламрави Афғонистон (соли 2021) ба хотири вусъат бахшидани нуфузаш дар минтақа боз пойгоҳи нави низомӣ таъсис диҳад. Бинобар ин неруҳои дастаҷамъии СААД, Чин, Ҳиндустон бояд фаъолиятҳои худро ба хотири суботи сиёсию иҷтимоии кишварҳои худашон ҳамоҳанг созанд. Аз ин рӯ дар марзҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад, лекин ба назари инҷониб минтақаи мазкур ҳанӯз дар сархати ҳадафҳои ин ташкилот қарор надорад. Ошкоро гуфтан мумкин аст, ки имкониятҳои ташаннуҷи авзои минтақа зиёд ба мушоҳида мерасад. Яқин аст, ки бо назардошти таҳдидҳои мазкур ташкилотҳои минтақавии Хадамоти минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва СААД вазъияти ба амаломадаро сари вақт дарк намуда, машқҳои низомиро ба маротиб афзоиш доданд ва дар сурати ҳамлаи онҳо ба кишварҳои аъзои ин ташкилотҳо барои вокуниш нишон додан омодагии комил дида истодаанд. Дар вазъияте ки Россия ҳам иқтидори бузурги ҳарбию саноатӣ дорад. Дуввум, ин тавсеаи майдони иқтисодӣ, яъне ворид шудан ба бозорҳои Аврупо ҷиҳати интиқоли захираи энергетикӣ мебошад. Ба гуфтаи коршиноси масоили радикализм, дипломат, сафири пешини Афғонистон дар собиқ Югославия доктор Азгархейл Мангал таҳдиди мустақим аз Афғонистон сурат намегирад, вале ин маънои онро надорад, ки дар марзҳои Осиёи Марказӣ бесуботӣ ҳеҷ гоҳ ба амал намеояд. Лозим аст, ки сарчашмаи ин таҳдидҳоро ҷустуҷӯ намоем ва мо хуб медонем, ки он дар сарҳадҳои Покистону Афғонистон аст. Зеро ки тамоми гурӯҳҳои мухолиф дар ин кишвар паноҳгоҳ ёфтаанд ва ҳар замон ба Афғонистони ҳамсоя ворид мешаванд.
Аҳдномаи зиддитеррористии чор давлати Осиёи Марказӣ Қазоқистон, Тоҷикистон,Узбекистон,Қириғизистон, дар шаҳри Тошканд 21-апрели соли 2000-ум имзо гардид, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ вазифадор намуд, ки дар самти мубориза ба зидди экстремизму терроризм, ҷиноятхои фаромиллӣ байни ҳамдигар хамкориҳо намоянд. Собиқ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н.Назарбоев ин ахдномаро иттиҳоди мудофиавии байни давлатҳои Осиёи Марказӣ номида буд. Дар баробари ин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси тартиботи нави ҷаҳонӣ бо дигар созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо кӯшиш менамояд, ки системаи амниятии Осиёи Марказиро пурқувват гардонад. СҲШ, ки созмони ғайриҳарбӣ аст, барои пешгирии хавфи терроризм дар сохтори худ Кумитаи зиддитеррористӣ созмон додааст.
Ҳамин тариқ, новобаста аз назарҳои мухталиф нисбати СААД ва СҲШ онҳо маҳаки асосии таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ ва давлатҳои ИДМ мебошад. 2-декабри соли 2020 дар сессияи СААД, ки таҳти раисии Федератсияи Россия гузашт, раисии СААД дар соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштабуд. Соли 2021 Тоҷикистон раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ - Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда дошт.
Таҷрибаи фаъолияти ин созмонҳо нишон медиҳад, ки он дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ ва давлатҳои ИДМ нақши мусбат доранд. Дар пешгирии паҳншавии маводи мухаддир, терроризму экстремизм, коҷоқи силоҳ, киберҷиноятҳо низ нақши бузург доранд. Дар ҳамин замина мо метавонем, хулоса намоем, ки СААД ва СҲШ ҷиҳати таъмини суботи минтақа ҳаҷми бузурги корҳоро анҷом медиҳад. Ин созмонҳо қудрате дорад, ки фазои холии геополитикии минтақаи Авроосиёро пурра гардонад ва дар таъмини дастаҷамъонаи суботи минтақавӣ нақши бориз дошта бошад.
Асламов Б.С. - ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...