Таҷлили “Рӯзи байналмилалии духтарон”
Дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси” бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таълиму тарбияи ҷавондухтарон дар руҳияи милливу таърихӣ ва пешбарии онҳо ба созандагиву бунёдкорӣ, мустаҳкам намудани ҳисси масъулиятшиносӣ дар ниҳоди ҷавондухтарон - амалу рафтор ва гуфтору кирдор, баланд бардоштани маърифати худогоҳиву ватанпарастӣ, худшиносиву меҳандӯстӣ, омодагии ҷиддии ҷавондухтарон ба самти муҳими ҳаёти онҳо, ки дар ин замина фардои бунёдкоронаи миллату фарҳанг инъикос мегардад, санаи 11-уми октябри соли 2025 Форуми байналмилалӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии духтарон” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзиддинзода Бунафша, муовинони Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, занон-собиқадорон, Намояндагони Хазинаи нуфузи СММ (UNFPA) дар Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои қудратӣ, вазоратҳо, ташкилотҳо иштирок намуда дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла мақому манзалати зан дар ҷомеа, сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷавонон, ба таҳсил фаро гирифтани духтарони ноҳияҳои дурдаст ва ғайра суханронӣ намуданд.
Дар чорабинӣ Раиси Ассотсиатсияи шурои занони ВКД полковники милитсия Давлатшозода Азиза дар мавзуи “Фаъолияти курсантдухтарон дар муассисаҳои таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва курсантдухтарони курси сеюми Академияи ВКД Маҳмадҷонзода Нозанин ва Туронова Раъно дар мавзуи “Мо пайравони содиқи Пешвои муаззами миллатем” суханронӣ намуданд.
Давлатшозода А.
полковники милитсия