ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ЗАБОН
Бо чунин мазмун Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия НАСУРИЁН Пулод Асадулло рӯзи гузашта конференсияи илмӣ-назариявиро таҳти унвони “Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшид.
Дар баромадаш қайд кард, ки: “Забони тоҷикӣ дар тули сад соли давлатдории Сомониён ба ҳадде рушд кард, ки ба ин забон гаронбаҳотарин осори хаттӣ ба вуҷуд омад ва ҳамчун забони илму маърифат ва давлату давлатдорӣ рушду тавсеа ёфт, ки дар таърих назир надорад.
Баъди аз байн рафтани давлатдории Сомониёни тамаддунофар ва фарҳангпарвар ҳам то нимаи аввали асри ХХ, яъне зиёда аз 900 сол забони тоҷикӣ забони расмии давлатӣ, забони дипломатия ва давлату давлатдорӣ, забони муоширати байни халқҳои гуногун ва забони байналмилалӣ дар тамоми минтақаи Шарқ буд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо саъю кӯшишҳои абармарди беназири фарҳанг ва сиёсати ҷаҳони муосир Пешвои муаззами миллати тоҷикони тамоми ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон шукӯҳ ва азамати тоза пайдо кард”.
Дар кори чорабинии мазкур баромад карданд:
ШАРОФЗОДА Гавҳар - сарходими илмии Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология дар мавзуи “Забон-оинаи осори ниёкон”;
КАРИМОВ Нарзулло - номзади илми филология, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Рушду инкишофи забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол”;
ЗУЛФОНИЁН Раҳим- номзади илми филология, сардори Шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Арҷгузори забони давлатӣ бошем”;
АКБАР Абдулло – шоир, ёвари Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, полковники мустаъфии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Тоҷикам, тоҷикзабонам бо Тоҷикистон зиндаам”;
ЗАЙНИДДИНЗОДА Наҷмиддин – узви вобастаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзуи “Забони тоҷикӣ дар масири таърих”;
САМИЪЗОДА Бахтиёр – ёвари сардори Академияи ВКД, подполковники милитсия дар мавзуи “Саргузашту сарнавишти забони тоҷикӣ”;
ДАВЛАТШОЗОДА Азиза - сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия дар мавзуи “Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои муҳимми забони тоҷикӣ”, суханронӣ намуданд.
Баъдан, курсантони Академияи ВКД дар васфи забони тоҷикӣ аз ашъори шоир Ниҳонӣ ва дигар шоирони классику муосири тоҷик шеърҳо қироат карданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ омӯзгорон ва курсантон ба саволҳои сершумори хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Давлатшозода Азиза-номзади илмҳои педагогӣ, сардори кафедраи Академияи ВКД, полковники милитсия