Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забон ҳастии миллат ва инъикоскунандаи фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик (Бахшида ба Рӯзи забон)

2293«Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд.

Забон омили асосии давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

 

 

Ориётабор ҳастем, фарҳангу забон дорем,
Аз фазли забондорӣ мо мулку макон дорем.
Аз лафзи хуши Сарвар, бас нақши забон афзуд,
Гуфтору каломаш хуш, ибрат чу аз он дорем…
Ниҳонӣ
Посдоштани забон ва зифаи асосии ҳар як фардаст, тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем.
Забони тоҷикӣ аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати оламбуда, се марҳилаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст: забони форсии қадим, забони форсии миёна, забони форсии нав. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Шоирону нависандагон ва донишмандони оламшумул, ба мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ асарҳои ҷовидонаву орифонаи худро бо забони тоҷикӣ эҷод карда, шуҳрати ин забонро боз ҳам афзунтар гардонидаанд.
Дар аҳди Сомониён забони тоҷикӣ ҳамчун забони ягонаи сарзаминҳои давлатдории тоҷикон қарор гирифт ва ҳамчун забони ташаккулёфтаи дорои меъёр ба сарзаминҳои ғарби Эрон ба ҷои забони паҳлавӣ густариш ёфт.
Забони ноби модариамон моро ба даврони бисёрдури таъриху фарҳанги мардумамон пайванд медиҳад. Гузаштагони мо ҳанӯз аз ҳазорсолаҳои пеш аз мелод тозамони пайдоиши хат ва алифбо достонҳои бузурги шифоҳӣ офариданд, ки намунаи беҳтарини онҳо сурудҳои Авесто маҳсуб мешаванд.
Гуфта мешавад, ки давраи нави инкишофи забони адабии тоҷикӣ бахусус баъди Инқилоби Октябр ва арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Забони адабии китобӣ ба забони гуфтугӯии мардум наздик гардид. Тавлиди асарҳои устод Садриддин Айнй мисли «Одина», «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро», «Дохунда» ба рушди забони тоҷикӣ мусоидат намуд. Минбаъд низ нависандагону шоирони муосири тоҷик, мисли Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лохутӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигарон мисли гузаштагони худ чароғи забони модариро фурӯзон доштанд.
Аз ҷумла дар китобҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат”, “Тоҷикон дар масири таърих”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “ Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ”, ки дар бораи мардуми ориёӣ, фарҳангу тамаддун ва забони онҳо ва бисёре аз масъалаҳои дигари марбуд ба ориёӣ ва мавқеи забони тоҷикӣ аз даврони пайдоиш то ба имрӯз, бо далелу хулосаҳои муфассал баён гардидаанд.
Академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон”-и худ дар бораи маншаъ ва макони баромади забони тоҷикӣ чунин менависад: “Забони имрӯзаи тоҷикӣ аз забонҳои ғарби эронӣ мебошад. Ба ақидаи забоншиносон асоси он лаҳҷаи ҷанубу ғарбии Форс аст, ки он баъдтар ба тарафи шимол ва шимолу шарқ густариш пайдо карда, бисёр унсурҳои забонҳои гурӯҳии шимолу ғарбӣ, аз ҷумла унсурҳои забони портиро ҳазм менамояд ва дар анҷом, дар ин забон аломату хусусиятҳои бисёр, лаҳҷаҳои эронии ғарбӣ бо ҳам омезиш меёбанд. Дар асрҳои 7-8 мавқеъ ва мақоми ин забон дар шимолу шарқии Эрон, Шимолии Афғонистон, ҷануби Осиёи Миёна, аз ҷумла дар ҷанубии Тоҷикистон мустаҳкам шуда аст”.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони Истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.
Дуруст аст, ки ҳастии ҳар як халқу миллат ба забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ вазифадор аст, ки забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобаста аст. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои донистани дигар забонҳо ҳамаҷониба муосидат мекунад.
22-юми июли соли 1989, ки Иҷлосияи даҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни забонро эълон дошт, барои тоҷикон рӯзи таърихӣ гардид.Мақоми давлатӣ пайдо кардани Қонуни забон бори дигар моро ба донистани нозукиҳои забони модарӣ ҳидоят намуд.
Аз соли 2009-ум ин сана ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, рӯзи 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забон дониста шуда, ин сана ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид шудааст ва ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат таҷлил мешавад.
Тавре, ки олимону донишмандон муайян намудаанд, таърихи забони мо чандин навъи хату алифбо ва таълифи осори бесобиқаю беҳамто дорад. Ин моро водор месозад, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ арзишҳои миллиро ба наслҳои имрӯзу фардои миллатамон муаррифӣ намоем.
Гузаштаи дури мо тавассути осори давраҳои таърихӣ мафҳум ва ошнобуда, пайванди асрҳо ва наслҳоро маҳз ҳамин забон то баимрӯз таъмин мекунад. Ҳар як сатри осори гузашта таърихи зиндаи фарҳанг ва забони мост.
Бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳияи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», таҳия ва пешниҳоди «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», таҳия ва нашри «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» амалӣ гардид, ки он бо иқдоми Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони забоншинос анҷом дода шуд.
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 11 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дигар санадҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба донистани забони давлатӣ ҳангоми пешбарии номзадҳо ба мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, роҳбарони мақомоту муассисаҳо намунаи чунин тадбирҳо дар таҳкими мақоми забони давлатӣ дар замони истиқлолият маҳсуб мешаванд.

Асламов Б.С. - ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия
Убайдуллоев Ш.Э. - дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...