Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

5-УМИ ОКТЯБР РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

2292Забон натанҳо воситаи муошират, балки пояи фарҳанг, маърифат ва ҳастии миллат аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ шинохта шудааст ва 5-уми октябр расман Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Ин рӯз на танҳо як санаи рамзӣ, балки имкони ҷиддӣ барои бознигарии нақши забон дар рушди ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошад. Забони давлати забонест, ки дар он идоракуни давлатӣ, таҳсил, эҷодиёти расми ва муоширати ҷамъиятӣ ба роҳ монда мешавад. Забони тоҷики, ки решаҳои қадимаи форсии худро то имрӯз нигоҳ доштааст, яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳувияти миллӣ ва давлатӣ миллӣ мебошад.
Аҳаммияти забони давлатӣ на танҳо дар самти ҳуқуқӣ, балки дар самти фарҳангӣ ва таърихӣ низ хеле бузург аст. Онро рамзи ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ ва василаи устувори пайванди наслҳост.
Санаи 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2009 муайян шудааст. Забони давлатӣ омили муҳими муттаҳидсозии ҷомеа мебошад. Вақте ки шаҳрвандон забони давлатиро меомӯзанд ва истифода мебаранд, ин раванд ба эҳсоси ягонагии миллӣ мусоидат мекунад. Забони тоҷикӣ на танҳо воситаи таълим, балки воситаи таҳқиқотҳои илмӣ низ мебошад. Вусъати истифодаи он дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ нақши муҳим дорад.
Осори бузургони илму адаб, аз он ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Сино ва дигарон бо забони тоҷикӣ (форсии классикӣ) навишта шудаанд. Паҳн ва омӯзиши ин мерос танҳо тавасути забони давлатӣ имконпазир аст.
Забони тоҷикӣ – забони давлатӣ мебошад ва дар он мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ғайра истифода бурда мешавад. Ҳамаи шаҳрвандон уҳдадоранд, ки забони давлатиро омӯхта риоя кунанд. Нисбат ба дигар забонҳои қавмӣ ва миллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон муносибати эҳтиромона нигоҳ дошта мешавад.
Забони давлатӣ ҳамчун пояи асосии худшиносии миллӣ, фарҳанг, адабиёт, таърих ва ватандӯсти баромад мекунад. Миллате, ки забони худро ҳифз мекунад, метавонад истиқлоли фикри ва фарҳангии худро нигоҳ дорад. Рӯзи забони давлатӣ на танҳо як иди рамзист, балки таҷасумгари эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва мероси фарҳангист. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, на танҳо омили асосии давлатдорӣ, балки воситаи муаррифи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ҳифз, омӯзиш ва рушди инкишофи он вазифаҳои ҳар як шаҳрванд аст.

Муаллими кафедраи амниятӣ
иттилооти ва технологияҳои рақамии факултети №5,
лейтенанти милитсия
Қудусзода Сунатулло Файзулло

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...