Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарбияи ҳуқуқии кормандони милитсия ҳамчун ҷузъи таркибии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти милитсия

2290Тарбияи ҳуқуқӣ – фаъолияти мақсадноки мунтазами давлат, мақомотҳо ва хизматчиёни он, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷамоатҳои меҳнатӣ барои ташаккул додан ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад.
2291Бояд қайд намуд, ки зарурияти мустаҳкам намудани пояҳои тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар сатҳи сиёсати олии давлатӣ ба миён гузошта шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 15 – солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар ин маврид чунин ибрози назар намуданд: «Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад».
Яке аз омилҳои асосии ташаккулёбии фарҳанги миллӣ дар ҷомеа тарбия мебошад, ки ҳамчун «фаъолияти мақсадноки мазмундори касбии педагог, ки ба инкишофи ҳадди аксари шахсияти кӯдак, ба ворид шудани ӯ ба контексти фарҳанги муосир, ташаккулёбиаш ҳамчун субъект ва стратеги ҳаёти худ, ки ба инсони сазовор тааллуқ дорад, мусоидат менамояд».
Дар ҷомеаи имрӯза ба масъалаи тарбияи насли созандаю бунёдкор таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад. Чунин ҳолат бесабаб нест, зеро маҳз насли имрӯза дар тараққиёти ояндаи давлат, рушди босуботи ҷомеа, амалӣ гардидани нуқтаҳои алоҳида ва бандҳои ҷудогонаи суханрониҳову паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва умуман сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Ҳукумати кишвар ҷидду ҷаҳд хоҳанд намуд. Аз ин рӯ, яке аз самтҳои тарбияи насли созандаву бунёдкор ин тарбияи мутахассисони соҳибкасби соҳаи ҳуқуқшиносӣ ба ҳисоб меравад.
Тарбияи ҳуқуқии кормандони милитсияро дар алоқамандӣ ба вазъи ҳуқуқии фарқкунандаи онҳо таҳлил намуда, онро ба намудҳои зерин (ё зинаҳои зерини тарбияи онҳо) ҷудо менамоем:
1.Тарбияи ҳуқуқии корманди милитсия ҳамчун шаҳрванд. Заминаи ҳуқуқии тарбияи ҳуқуқии кормандони милитсияро дар ин зинаи омӯзиш Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ташкил менамоянд.
2.Тарбияи ҳуқуқии корманди милитсия ҳамчун аъзои коллективи корӣ. Корманди милитсия худ аъзои коллективи кории ин ё он ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Ташкили фаъолияти дохилиидоравии мақомоти корҳои дохилӣ тақозо менамояд, ки бо мақсади ҳалли босамари вазифаҳои дар назди он гузошташуда тарбияи ҳуқуқии кормандонро бо шаклу усулҳои муқарраршуда ва иҷозатдодашуда ба роҳ монад. Мисол, бозомӯзии кормандон, ҷалби онҳо дар курсҳои такмили ихтисос, ташкили семинар-машваратҳо ва ғайра. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021 таҳти №211 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025», Низомномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, таҳти №592, Оинномаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2019 таҳти №271 б/з, Низомномаи шуъбаи адъюнктураи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2019 ва ғайра, ба ҳайси асосҳои ҳуқуқии тарбияи ҳуқуқии корманди милитсия дар муносибатҳои дохилиидоравӣ баромад менамоянд.
3. Тарбияи ҳуқуқии корманди милитсия ҳамчун субъекти татбиқкунандаи қонун. Зинаи мазкури тарбияи ҳуқуқии корманди милитсия бештар тавассути чорабиниҳои ташкилӣ ба роҳ монда мешавад. Яъне, иштироки корманди милитсия дар чорабиниҳои илмии аҳамияти ҳуқуқидошта, ки аз ҷониби дигар мақомоти давлатӣ амалӣ карда мешаванд, гирифтани маълумот ва ахбороти ҳуқуқӣ аз васоити ахбори омма, иштирок дар нишастҳои матбуотӣ ва телевизионӣ оид ба тарғиби муқаррароти қонунгузорӣ (Пресс-конференсия, Брифинг, Пресс-релиз), вохӯри бо аҳолӣ ва ҳисоботдиҳӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ғайра, ки тарбияи ҳуқуқии корманди милитсияро дар ин зина санадҳои қонунгузории дахлдор муайян менамоянд.
Мақсад аз гурӯҳбандии мазкур дар тақвиятбахшии фаъолият оид ба тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони милитсия зоҳир мешавад. Ба фикри мо дар зинаи аввали тарбияи ҳуқуқӣ баъд аз ба итмом расонидани таҳсилоти умумии асосӣ хонандагон дар асоси хоҳиши онҳо ба равияҳои муайян ҷудо карда шуда, нафароне, ки дар оянда хоҳиши корманди милитсия шуданро доранд, бояд бештар ба омӯзиши фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ ҷалб карда шаванд. Вобаста ба марҳилаи дуюми тарбияи ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад, ки тамоми кормандони милитсия бояд барои гирифтани маълумоти ҳуқуқӣ кӯшиш намоянд ва роҳбарияти мақомот оиди амалишавии он бояд чораҳои дахлдор андешад. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар замони имрӯза тамоми кормандони милитсия новобаста аз мансаби ишғолнамуда ба фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ (иштирок дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ғайра) ҷалб мешаванд, ки маълумоти тахассусиро истисно менамояд. Вобаста ба марҳилаи охирони пешниҳодшуда аз ҳама роҳи муҳими такмили тарбияи ҳуқуқии кормандони милитсияро дар ҳамкории онҳо бо васоити ахбори омма, вохӯри бо аҳолӣ ва ҳисоботдиҳии онҳо дар назди аҳолӣ эътироф намудан мумкин аст, ки дар ин самт бояд чораҳои дахлдор андешида шавад.
Такмили тарбияи ҳуқуқии кормандони милитсияро ҳамчун ҷузъи таркибии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти милитсия ва сиёсати кадрӣ пайгирӣ намуда, фаъолияти мазкурро ҳамчун унсури асосии ҳалли вазифаҳои афзалиятноки ислоҳот дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ҷонибдорӣ мекунем.
Ҳамин тариқ, бо назардошти таҳқиқи илмии мавзӯъ ва воқеияти иҷроиши уҳдадориҳои хизматии кормандони милитсия натиҷаҳои ниҳоии тарбия ва такмили тарбияи ҳуқуқии кормандони милитсия ин эҳё гардидани шуури ҳуқуқии касбии кормандони милитсия ба ҳисоб рафта, аз он тамоми кормандони милитсия бояд бархурдор бошанд.

Омӯзгори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ
ва фаъолияти маъмурии факултети №2
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти калони милитсия
Раҳимзода А.Р.
Омӯзгори кафедраи ташкили тактикаи
фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ факултети №6
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
капитани милитсия
Абдуваҳобзода М.А.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...