Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо намояндагони “Дунёи забонҳо”

2286Дар партави Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18-уми марти соли 2024, №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” ва Фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз 29-уми марти соли 2024 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Академияи ВКД чорабиниҳои зиёд ба нақша гирифта шудаанд.
2287Баргузор намудани вохӯрии намояндагони Академияи “Дунёи забонҳо” бо омӯзгорон ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24-уми сентябри соли 2025 низ гувоҳи ин гуфтаҳост. 2288Намояндагони Академияи “Дунёи забонҳо”, ки асосан ба омӯзиши забони англисӣ машғул мебошанд, бо маърӯзаҳо ва рӯнамоҳои ҷолиб дар назди иштирокчиёни чорабинӣ суханронӣ намуданд: Директори Академияи “Дунёи забонҳо” Довуд Холмуродзода дар мавзуи “Таърихи пайдоиш ва паҳншавии забони англисӣ ҳамчун забони байналмилалӣ”, суханронии роҳбари лоиҳаи корпоративии Академияи “Дунёи забонҳо” Дустбоев Суҳроб дар мавзуи “ Методикаи таълими забони англисӣ дар даврони муосир”, суханронии омӯзгори Академияи “Дунёи забонҳо” Исупов Салимҷон дар мавзуи “Таҳияи дастурҳои таълимӣ барои кормандони сохторҳои қудратӣ”, суханронии сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД н.и.пед., дотсент полковники милитсия Давлатшозода А.Ш., дар мавзуи “Омӯзиши забони англисӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин суханрониҳо ва бозиҳои шавқовар аз ҷониби курсантони Академияи ВКД ҳамоишро хеле рангину хотирмон намуд.
2289Қобили зикр аст, ки дар доираи Фармонҳои зикргардида дар байни курсантони Академияи ВКД озмунҳои забондонӣ, олимпиада, дарсҳои намунавӣ, викторина, мизи мудаввар ба нақша гирифта шудааст.
Дар фарҷом курсантони Академияи ВКД ба Академияи “Дунёи забонҳо” аъзо шуда барои ташаккул додани сатҳи забондонии хеш пас аз дарсҳои ҳатмӣ оғоз мекунанд.
Маҷонова Назарбегим, лейтенанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...