Масъалаҳои мубрами ҷинояткорӣ дар асоси барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
Қобили зикр аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 23 декабри соли 2022 махсус ишора карда шуд, ки “бо мақсади татбиқи ҳадафу афзалиятҳои рушд бояд раванди “принсипи банақшагирии стратегӣ” дар ҳамаи сатҳҳои идоракунии давлатӣ ва соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пурра ҷорӣ карда шавад”.
Воқеан банақшагирии самтҳои асосии фаъолияти ҳамаи соҳаҳо бо мақсади муайяннамоӣ ва амалисозии ҳадафи афзалиятҳои рушд, таҳияи усулу воситаҳо барои ноилшавӣ ба мақсадҳои стратегӣ ва арзёбии натиҷаҳои бадастомада равона мегардад.
Бо дарназардошти баинобатгирии принсипҳои банақшагирии стратегӣ дар мамлакат санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ (консепсия, стратегия ва барнома) таҳия ва қабул карда шудааст.
Доир ба муқовимат ба ҷинояткорӣ низ самти муҳим ва афзалиятнокро ин ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар шакли барномаҳои давлатӣ ташкил менамоянд. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи муқовимат ба ҷинояткориро тавассути барномаҳои махсуси давлатӣ амалӣ менамояд. Аз ҷумла, чунин барномаҳои давлатӣ дар ин самт қабул карда шудаанд:
-Барнома оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ ва пурзӯр намудани тартиботи ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2000-2003;
-Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015;
-Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030.
Дар баробари ин, омори ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва санадҳои қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ шаҳодат аз он медиҳад, масъалаҳои муқовимат ба шаклҳои гуногуни ҷинояткорӣ бевосита ва бавосита дар 29 адад барнома, 7 консепсия, 10 стратегияҳои давлатӣ ва 27 адад санадҳои қонунгузорӣ (кодекс ва қонунҳо) пешбинӣ гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади амалӣ намудани чораҳои маҷмӯӣ ва саривақтии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ дар кишвар Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №265 қабул гардидааст.
Пешгирии ҷинояткорӣ дар шароити муосир яке аз омилҳои асосии таъмини субот ва оромӣ дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, он ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Баланд бардоштани самаранокии тафтиш ва пешгирии ҷиноят дар шароити муосир аз мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на танҳо равона намудани тамоми қувва ва имкониятҳоро дар мубориза бо ҷинояткорӣ, балки такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмини муносибати бонизом ва маҷмӯӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷустуҷӯӣ шакл ва тарзҳои нави ғайримуқаррарии таъсиррасонӣ ба ҷинояткориро талаб менамояд.
Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030 аз рӯи нишондиҳандаҳои (индикаторҳои) зерин таҳия гардидааст:
∎ вазъи кунунии муқовимат ба ҷинояткорӣ;
∎ мушкилот дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ;
∎ роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ;
∎ дурнамои масъалаҳои муқовимат ба ҷинояткорӣ.
Ҳамчунин, аз рӯи низоми танзими масъалаҳо доир ба муқовимат ба ҷинояткорӣ барномаи мазкур 4 бахш ва 60 бандро фаро мегирад. Аз ҷумла:
→ Бахши 1. Муқаррароти умумӣ – 2 банд;
→ Бахши 2. Мақсад ва принсипҳои Барнома – 2 банд;
→ Бахши 3. Вазъи муосири ҷинояткорӣ ва муқовимат ба он – 46 банд;
→ Бахши 4. Натиҷаҳои пешбинишаванда аз амалисозии Барнома – 10 банд.
Мақсади асосии барномаи мазкур паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат тавассути такмил додани фаъолияти сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба огоҳкунии кирдори зиддиҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, ҳамчунин бартараф намудани оқибатҳои манфии онҳо, ҷорӣ намудани навоварӣ, таҷрибаи пешқадам дар самти муқовимат ба кирдори ғайриҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, боварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз таҷовузи ҷиноятӣ иборат мебошад.
Ҳамзамон, мақсадҳои асосии барномаро ба таври зерин тасниф намудан мумкин аст:
∎ амалӣ намудани чораҳои маҷмӯӣ ва саривақтии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ;
∎ паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат тавассути такмил додани фаъолияти сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба огоҳкунии кирдори зиддиҳуқуқӣ;
∎ пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ;
∎ бартараф намудани оқибатҳои манфии онҳо;
∎ ҷорӣ намудани навоварӣ, таҷрибаи пешқадам дар самти муқовимат ба кирдорҳои ғайриҳуқуқӣ;
∎ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ;
∎ боварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии давлатӣ;
∎ таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз таҷовузи ҷиноятӣ.
Самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои хавфноки муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ бо дарназардошти тамоюлҳои муосири ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд.
Барнома ба принсипҳои умумӣ ва махсус асос ёфтааст. Ба зумраи принсипҳои умумӣ инҳо шомил мебошанд:
► қонуният;
► демократизм;
► ошкорбаёнӣ;
► афзалиятнокии ҳуқуқии шахс ба ҳимоя ва бехатарӣ;
► эҳтиром намудани манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлат.
Принсипҳои махсуси Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030-ро инҳо ташкил менамоянд:
- масъулияти тарафайни шахсият, ҷамъият ва давлат оид ба таъмини бехатарӣ, инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ;
- мустаҳкам кардани ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ташкилотҳои байналмилалие, ки муқовимат бо ҷинояткориро амалӣ менамоянд;
- баробарӣ ва ҳамкориҳои зич байни мақомоти давлатие, ки муқовимат бо ҷинояткориро амалӣ менамоянд;
- истифода аз дастовардҳо дар соҳаи илм ва технологияи нав;
- бартарии амалисозии чораҳои пешгирикунанда дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ.
Вобаста ба татбиқ ва амалисозии нишондодҳои барномаи мазкур нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалӣ намудани Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030 таҳия гардидааст, ки аз 6 самт ва 49 банд иборат аст. Нақшаи чорабиниҳои зикргардида, масъалаҳои чораҳои ташкилӣ-амалӣ, ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ, таъминоти иттилоотӣ ва илмӣ, таъминоти моддӣ-техникӣ, инчунин таъминоти кадриро фарогир мебошад.
Дар умум, метавон иброз намуд, ки мақсади чорабиниҳои барномаи таҳлилшаванда ба самтҳои зерин равона карда шудааст:
̵ такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ;
̵ таъсиси ихтисосҳои нав оид ба тайёр намудани мутахассисон дар самти муқовимат бо ҷинояткории киберӣ;
̵ омӯзиши масъалаи таҳким, такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва рушди ояндаи он;
̵ тақвият бахшидани таъмини назорати иҷрои якхелаи талаботи қонунҳо дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ;
̵ омӯзиш, таҳлил ва ҷамбасти ҳолати муосири муқовимат ба ҷинояткорӣ;
̵ андешидани чорабиниҳо оид ба таъмин намудани ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
̵ ҳамкории самаранок байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ.
Чуноне, ки болотар ишора карда шуд, яке аз нишондодҳои муҳими ҳуҷҷатҳои стратегиро ин масъалаи дурнамои рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ташкил менамояд. Дар заминаи амалисозии мақсадноки муқаррароти Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030 чунин натиҷаҳо ва дастовардҳо ба вуҷуд меояд.
‣ қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ такмил меёбад;
‣ ба даст овардани асосҳои илмии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ;
‣ беҳтар гардидани фаъолияти ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
‣ ба даст овардани асосҳои илмии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ;
‣ ба даст овардани татбиқи ягонаи қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ;
‣ беҳтар намудани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
‣ таъмин гардидани амнияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ;
‣ беҳтар гардидани ҳолати муқовимат ба муқобили ҷинояткорӣ;
‣ беҳтар гардидани вазъи мубориза бо ҷиноятҳои алоҳида;
‣ самаранок гардонидани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
‣ баланд гардидани шуури аҳолӣ ва пешгирии шомилшавии аҳолӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ;
‣ беҳтар гардидани таъминоти иттилоотӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ;
‣ пешгирии содиршавии ҷиноят дар байни ҷавонон ва наврасон;
‣ баланд бардоштани фарҳанг ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ;
‣ мувофиқ гардонидани қонунгузории миллӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ;
‣ такмили асосҳои илмии муқовимат бар зидди ҷинояткорӣ;
‣ амалигардонии сиёсати кадрии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
‣ паст шудани сатҳи ҷинояткорӣ;
‣ ҷорӣ намудани навоварӣ, бо истифода аз дастовардҳо дар соҳаи илм ва технологияи ҳозиразамон, татбиқи нави чораҳои пешгирикунанда дар самти муқовимат бо ҷинояткорӣ ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи муқобилият бар зидди кирдори ғайриҳуқуқӣ;
‣ ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, таъмини манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз сӯиқасдҳои ҷиноятӣ;
‣ тақвияти ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ташкилотҳои байналмилалие, ки муқовимат бо ҷинояткориро амалӣ меамоянд.
Воқеан афзалиятҳои муҳими амалисозии барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ба: таъмин гардидани амнияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ; самаранок гардонидани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; баланд гардидани фарҳанг ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии шомилшавии аҳолӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ; пешгирии содиршавии ҷиноят дар байни ҷавонон ва наврасон; ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, таъмини манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз сӯиқасдҳои ҷиноятӣ равона мегардад.
Дар ҳамин замина муқовимат ба ҷинояткорӣ кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад.
Вобаста ба ин, субъектони ваколатдорро зарур аст, ки бо истифода аз усулҳои муосири тарғиботиву ташвиқотӣ корҳои фаҳмондадиҳии қонунгузории соҳаро миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҷоннок намоянд ва тадбирҳои амалиро дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ вусъат диҳанд.
Дар баробари ин, ҳар як фарди комилҳуқуқи ҷомеа муваззаф аст, ки дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ бо мақомотҳои дахлдор дар ҳамбастагии мутақобила қарор дошта бошанд ва ба ин васила дар рушди босуботи мамлакат саҳми назаррасе гузошта бошанд.
Омӯзгори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ
ва фаъолияти маъмурии факултети №2
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти калони милитсия
Раҳимзода А.Р.
Омӯзгори кафедраи ташкили тактикаи
фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ факултети №6
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
капитани милитсия
Абдуваҳобзода М.А.