Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЗАБОН – ГАНҶИ ГАРОНБАҲОИ МИЛЛАТ

2283Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

Забон яке аз муқаддастарин неъматҳои инсон аст, ки воситаи муошират, фаҳмидан ва ибрози андеша ба шумор меравад. Забон на танҳо василаи гуфтор, балки рамзи ҳастӣ ва фарҳанги ҳар як миллат мебошад. Ба воситаи забон инсон насли худро бо таърих, адабиёт, фарҳанг ва маънавиёти гузаштагон мепайвандад.
Забони модарӣ аз рӯзи ба дунё омаданамон дар инкишофи ҳар яки мо нақши беҳамто мегузорад. Аҷаб гуворост лафзи модар, суфтаю ба дил қарин аст забони модарӣ. Забони баландҳиммате, ки мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абуалӣ ибн Сино, Умари Хайём, Абдуқодири Бедил, Низомӣ Ганҷавӣ ва дигар бузургони миллат бо он ҳарф мегуфтанд ва ҳоло низ сухан мегуянд. Забони ширину шоиронае, ки Садриддин Айнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Мирсаид Миршакар, Мирзо Турсунзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат ва Гулрухсор номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастияш ифтихор дорем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми хеш дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ рисолати модаронро хотирнишон сохтанд: «Бонувону модарони мо бояд муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзанд». Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат, таълимдиҳандаи аввалини забон модаронанд ва беҳуда онро забони модарӣ нагуфтаанд. Аз ин рӯ, одоби сухан ва фарҳанги гуфторро кӯдакон аз модарон меомӯзанд.
Боиси сарфарозии ҳар як соҳибзабон аст, ки имрӯз дар кишвари азизи мо забони модарии мо мавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст, зеро ғамхорӣ ва пуштибонӣ аз забони модарӣ, пеш аз ҳама пуштибонӣ аз халқу миллати хеш мебошад.Маҳз бо шарофати фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони модарии мо забони тоҷикӣ аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад, эътибори забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ тадриҷан афзун мегардад.
Дар Тоҷикистони маҳбуби мо забони тоҷикӣ, забони давлатӣ буда, он дар асоси Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад. Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардидааст. Аз 28 июли соли 1989 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ – забони тоҷикӣ қабул гардидааст.
Санаи 5 октябри соли 2009 таҳти № 553 Қонун дар бораи забон бори дигар қабул гардид, ки муайянкунандаи вазъи ҳуқуқии забон мебошад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин тамоми соҳаҳое, ки дар дохили кишвар амал мекунанд бо забони давлатӣ сурат мегирад.
Ҳамин тавр, дар даврони муосир ҳифз ва рушди забони миллӣ яке аз омилҳои муҳимтарини истиқлолияти давлатӣ мебошад. Миллате, ки забонашро пос намедорад, тадриҷан фарҳанг ва ҳастии худро аз даст медиҳад. Забон саромояи маънавии ҳар як миллат аст. Ҳифз ва гиромидошти он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бедордил мебошад. Миллате, ки забони худро пос медорад, дар арсаи таърих боқӣ хоҳад монд.

кафедраи фанҳои ҷамъиятии
факултети № 4 Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковники милитсия Ғафорӣ Маҳбуба Ғафор, дотсенти

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...