ПАРЧАМИ ҚИСМАТ ЗИ БАҲРИ МИЛЛАТАТ АФРОХТӢ...
Халқҳои меҳвари таърихи ҷаҳон он халқҳоеанд, ки таърихи худро пайгирона идома дода, ҷаҳише ба амал оварданд ва дар ин ҷаҳиш гӯё дубора зода шуданд, умри дубора ёфтанд, дар натиҷа, асоси моҳияти маънавии инсон ва таърихи ҳақиқии ӯро бунёд гузоштанд, ки яке аз чунин халқҳо тоҷиконанд.
Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ монанди миллати тоҷик, кам миллате дучор мегардад, ки миёни ҳуҷумҳои пайгиронаи аҷнабиёну истисморгарон фарҳангу забон ва суннатҳои панҷҳазорсолаи хешро нигоҳ дошта, ҳуввияту худшиносии миллии худро ҳифз карда бошад. Қобили зикр аст, ки миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик дар тулии мавҷудияти худ дар масири таърих воқеаҳои хурду бузурги сиёсии зиёдеро паси сар намудааст, ки ҳар кадоме дар марҳилаи худ дорои нақши махсус буда, ибратомӯз мебошад. Нодиртарин дастоварди ин миллати кӯҳандиёр дар таърихи навин худ дастёбӣ аз Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки бо заволи империяи Шуравӣ насиби он гардид.
Бояд қайд намуд, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ саҳифаҳои навину дурахшонро дар ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии миллати тоҷик ифшо намуда, чароғи ҳидояти фардои дурахшони Тоҷикистон гардид. Дар баробар ин Истиқлолияти давлатӣ дар назди миллати фарҳангофарин масъулияти басо бузург ва дар айни замон пуршарафро ба монанди: ҳифзи истиқлоли давлатию манфиатҳои миллӣ, ҳимояи арзишҳо ва суннатҳои фарҳангӣ, талаботи бунёди ҷомеаи демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро гузошта, бегазанд ба фардоиён расонидани ин рисолати таърихиро тақозо намуд.
Ҳанӯз дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ миллати худогоҳи тоҷик ба хубӣ дарк намуда буд, ки «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ, шарафу номуси ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллати хеш пайгирона бояд ҳифз намуд».
Мутаасифона ин неъмати бебаҳои таърихӣ дар рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ дар сатҳи зарурӣ мавриди қадршиносӣ қарор нагирифт. Талошҳои сиёсии як зумра ашхоси мансабталаб, дахолату ғаразҳои сиёсии нерӯҳои дохиливу хориҷӣ, дар зери ниқоби демокатия боиси майдоншиниҳои тӯлонии ғайриқонунии мардум гардид.
Шиддати муқовиматҳои сиёсӣ торафт бӯҳрони сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангиро тезонида, боиси фалаҷ гардидани мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ гардида, заминаи пайдоиши гӯруҳҳои ҷиноятпеша ва ба дасти мардум афтодани силоҳи ғайриқонунии оташфишон гардид. Ин падидаҳои номатлуб ва барои миллати тоҷик бегона кишвари тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида, боиси ҳисороти калони иқтисодию молиявӣ ва ҷонӣ намуд.
Гурӯҳҳо ва неруҳои сиёсӣ дарк карда натавонистанд, ки ҳадафу арзишҳо истиқлол бояд бартару волотар аз ғаразу манфиатҳои сиёсӣ ва шахсӣ қарор дошта бошад ва Истиқлолият барои тамоми сокинони мамлакат арзиши муқаддас ва бебаҳо ҳисобида шавад.
Идомаи муқовиматҳои сиёсӣ метавонист хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷикро ба воқеият табдил диҳад. Хушбахтона, дар чунин лаҳзаи ҳассосу тақдирсоз Иҷлосияи 16 – уми таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 барпо гардида, асоси давлатдории навинро гузошт, ки идораи онро ба души фарзанди фарзонаи миллат, роҳбари дурандешу сарсупурдаи кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.
Ба арсаи сиёсат ворид гардидани Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон иттифоқ афтод, ки дар роҳи расидан ба истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи музаффариятҳои он ва бори пурмасъулияти пуштибонии истиқлолият, таъмини сулҳу суббот, амният ва оромии кишвар бар уҳдаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алалхусус ба милитсия вогузошта шуд.
Кӯшишҳои пайвастаи сарвари давлат, умедворию заковати мардуми бонанги соҳибтамаддунамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27 – уми июни соли 1997 Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар имрӯз низ дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлату ҷомеа, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва тартиботи ҳуқуқӣ саҳми басо муҳимму арзишманд гузошта, барои ҳимояи истиқлолу озодии кишвари азизамон ҳамеша омода мебошанд.
Барқарор гардидани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон Истиқлолияти давлатиро боз ҳам устувор гардонд ва нури умед ба ояндаи нек дар дили мардум роҳ ёфта, барои гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоидро фароҳам овард.
Имрӯз мақому манзалати Тоҷикистон дар сиёсати минтақавию байналмиллалӣ хело боло рафта, дар ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ ҳалли худро гузошта, ҳамзамон ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо, аз ҷумла дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо, оид ба қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милалли Муттаҳид дар барои эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ва рафъи хатароти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баромад намуда, иштироки иттиҳоди кишварҳои манфиатдорро баҳри бартараф намудани онҳо таъмин намуда истодааст.
Тасдиқ ба гуфтаҳои мо дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, ки 1 сентябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷин дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуда, аз роҳбарони кишварҳои аъзои ин созмон дар робита ба дастгирӣ аз қарори Шурои сарони давлатҳои аъзо ҷиҳати таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмон дар Душанбе изҳори сипос намуданд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади густариши ҳамкории бисёрҷониба дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, бо ташаббуси Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” фаъолона пеш бурда мешавад.
Президенти кишвари мо бори дигар мавқеи устувор ва тағйирнопазири Тоҷикистонро дар самти ҳалли вазъи мураккаб дар Шарқи Наздик ва дигар кишварҳои ҷангзада таъкид намуд.
Бешубҳа, Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва ҳамқадами ҷомеаи башари дар ҳалли мушкилоти аҳолии ҷаҳон бо таклифу пешниҳоди саривақтии худ мавқеи устувор дорад. Дар баробари ин дастовардҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур буд, ки баҳри пойдории истиқлолият ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавон як қатор чорабиниҳоро аз қабили аз навсозии тамоми сохторҳои низомиву қудрати ва мақомотҳои ҳокимияти давлатиро амалӣ созад.
Бояд гуфт, ки дар баробари дигар мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ низ як қатор такмилу аз навсозӣ, таъсиси раёсати қушунҳои дохила соли 1993, Раёсати мубориза бар зиди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор соли 1994, отряди таиноти махсуси милитсия соли 1995, Раёсати бехатари дохили соли 1995, Полки хадамоти дидбонию посбони соли 1996, Раёсати мубориза алайҳи ҷинооятҳои муташакил соли 1999 ва дигар раёсату ҷузъу томҳо, ки аз қабили чунин чораҳои зарури ба шумор мерафтанд, анҷом дода шуданд.
Ҳамин тариқ бо амали намудани чорабиниҳои зикргардида заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ гузошта шуд. Имсол 34 солагии соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин муддат комёбиҳое, ки мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи файзи истиқлол ба даст оварданд хеле назарас мебошанд. Аз ҷумлаи ҳадафҳои статегии Ҳукумати мамлакат:
-таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;
-аз бумбасти комуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан;
-ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ бо ғизои хушсифат;
-саноатикунонии босуръати кишвар, ки далели он тадбиқи амалии барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ буда метавонанд.
Албатта дар рӯзгору ҷомеаи мо мушкилоти ҳалталаб кам нестанд муҳим он аст, ки мо аз мушкилоти пешомада дар ҳарос набошем, корҳои ободониву созандагиро дилпурона идома бахшем барои пешрафту шукуфои ватани азизамон содиқона хизмат намоему истиқлолият ва дастовардҳои онро таҳким бахшида ҳифз намоем. Бо назардошти ин аз ҳар фарди бонангномус ва ватандусту ватанпараст тақозо мегардад, ки бо иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи худ ҳарчи бештар заҳмат кашида бо эҳсоси масъулият ва ифтихор аз давлату давлатдории милати куҳанбунёдамон бо истифода аз тамоми имконияту сатҳи дониш ва маҳорати малакаи худ пешрафту ободии Тоҷикистонро ба таври арзанда таъмин намоем.
Дар асоси паёмҳои Роҳбари давлат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд.
Итминони комил дорем, ки мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик бо шукронаи давлати озоду соҳибистиқлол бо мадади руҳи ниёгон таҳти роҳбари ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти ба вуҷуд омадаи молиявию иқтисодиро бо азму иродаи қавӣ ва кору фаъолият бартараф намуда, барои рушди иқтисодиёт шукуфои илму фарҳанг ва таҳкими қонуният ва истиқлолияти давлати кушиш менамояд. Аз ин лиҳоз истиқлолият неъмати бузург буда бунёди пояҳои устувори давлатдорӣ тобовари ба имтиҳони душвори рӯзгори мустақил, роҳандозии иқтисодиёти муосир ва устувор нигоҳ доштани давлати демократиро дар назар дорад. Моҳият ва мақсади асосии истиқлолият ин аст, ки қадри инсон ва шаҳрвандро ба дараҷаи меъёҳои олии давлатдории муосири демократии ҷаҳонӣ баланд бардошта, ба ӯ имкон дода шавад, то соҳибу ҳомии марзу бум ва пешбарандаи давлатдории хеш бошад.
Таҳлилу баррасии навиштаи мо бозгӯйи он аст, ки дар ҳақиқат Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосгузор, бунёдгар ва таҳкимбахши давлатдории миллии тоҷикон дар замони муосир маҳсуб меёбад. Ҳақ ба ҷониби устод Рамазон Раҳимзода аст, ки гуфта:
Парчами қисмат зи баҳри миллатат афрохтӣ,
Аз фазои маънавӣ девори давлат сохтӣ.
Қимати сулҳу сафо ибрат шуда дар анҷуман,
Нархи эҳёи Ватан бо нақди ҷон пардохтӣ.
Ҳуснидин ХОЛМУҲАММАДЗОДА
профессори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва
фаъолияти маъмурии факултети №2
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
подполковники милитсия
Шералӣ ҚОСИМОВ
курсанти соли дуюми факултети №2,
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
милитсияи қаторӣ