Таърихи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
8-уми декабри соли 1991 дар мавзеи Беловежск (наздикии Брест) сарварони Руссия – Б.Н. Елтсин, Беларус – С.С. Шушкевич ва Украина – Л.М. Кравчук ҷамъ омада, дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишнома имзо карданд. Дар Созишнома омадааст,ки ИҶШС ҳамчун субъекти байналмилалӣ барҳам хӯрд. 18 – уми декабри соли 1991 намояндагони ҷумҳуриҳо дар Шурои Олии ИҶШС изҳорот қабул намуданд, ки созишномаи Руссия, Беларус ва Украина дар хусуси ташкил намудани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба инобат гирифта шавад. Дар санаи 21- уми декабри соли 1991 дар шаҳри Алмаато сарони ёздаҳ ҷумҳурӣ ҷамъ омада, Созишномаи Беловежскро дастгирӣ намуда, қарор доданд, ки бо ташкил ёфтани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ИҶШС фаъолияти худро қатъ мегардонад. Дар таърихи 25 – уми декабри соли 1991 Президенти ИҶШС М.С. Горбачёв ба воситаи телевизиони марказӣ суханронӣ карда, изҳор намуд, ки бо ташкил ёфтани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ӯ аз вазифаи Президенти ИҶШС даст мекашад. Ҳамин тавр, ба ивази ИҶШС Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ташкил гардид, ки ба ҳайати он Руссия, Беларус, Украина, Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷон, Туркманистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон дохил шуданд. ИДМ дар рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол саҳми худро бояд гузорад. Он «бозсозие», ки аз ҷониби роҳбарони ҳизбию давлатии ИҶШС бо умеди ба амал баровардани дигаргуниҳои демократӣ дар ҷамъият бояд гузаронида мешуд, ба итмом расид. Натиҷаи он пошхурӣ ва аз байн рафтани давлати сермиллати бузург бо номи Давлати Шуравӣ гардид.
9-уми сентябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҷамъ омад. Ин Иҷлосия дар бораи Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷатҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла: «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ду қарори махсусро қабул карда, дар асоси қонуни қабул кардааш ба Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе тағйироту иловаҳо ворид намуд.Аз ҷумла, дар Изҳорот тағйиротҳои дар ҳудуди собик Иттиҳоди Шуравӣ ба амал омадаро ба назар гирифта, «бо назардоштн ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ ва бо дарки масъулияти сарнавишти халқҳои сокини Тоҷикистон» таъкид гардидааст: «Шурои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад». Ин изҳорот аз хусуси дар заминаи собиқ яке аз ҷумҳуриҳои Шуравӣ бунёд гардидани давлати нави соҳибистиқлоли ҷаҳонӣ буд. Дар натиҷа дар харитаи ҷаҳони боз як давлати нави мустақил бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуд.Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқӣ, ки дар замони Шуравӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ бо ҳам хеле пайваст буданд, ба хубӣ эҳсос менамуданд, ки якбора кандани ин риштаҳо барояшон оқибатҳои бадро меовард. Аз тарафи дигар, равиши чаҳони муосир худ аз хусуси бо ҳам наздикшавии давлатҳо ва халқҳо далолат медод. Бинобар ҳамин ҳам дар он Изҳорот инчунин таъкид шудааст, ки Ҷумҳурии Точикистон кӯшиши собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқиро «оиди аз нав барқарор намудани муносибатҳои байни ҳамдигарӣ эҳтиром намуда, бастани Шартнома дар барои Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр...»-ро дастгир менамояд. Изҳорот сиёсати оянда мустақилонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, таъкид менамояд, ки Ҷумҳурии Точикистон минбаъд дар муносибатҳои байналхалқӣ «ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ» баромад мекунад.
Яъне, аз нн нуқта бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бо тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ сиёсати хориҷиашро худаш муайян намуда, онро мустақилона ташкил менамояд.Яъне, дар Изҳороти қабул гардида, аз як тараф Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон карда, минбаъд, дар ташкил ва гузаронидани сиёсати хориҷӣ соҳибистиқлол будани онро таъкид намуда, инчунин аз тарафи дигар нигоҳ доштани фазои ягонаи иқтисодии байни собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқиро зарур шуморида, «тарафдори ташкили системаи мудофиаи коллективӣ ва амнияти давлатҳои Иттиҳоди соҳибихтиёр...» будани Ҷумҳуриҳои Тоҷикистонро хотиррасон намудааст.Мувофиқи Қарори аввалаи оид ба Истиқлолияти ҷумҳурӣ қабул кардаи Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.
Дар матни Эъломия ибораҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва РСС Тоҷикистон бо ибораи Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуд. Бо ҳамин матни он Эъломияи аввалро ки ба ҳолати Истиқлолият дар доираи Иттифоқ дахл дошт. ба талаботи истиқлолияти хақиқии давлатӣ мутобиқ гардонида шуд.
Мувофиқи қарори дигар, матни Изҳороти Шурои Олиро дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъкул дониста, «бо мақсади ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳуқуқҳои конститутсионӣ, озодии шаҳрвандон ва бутунии сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Точикистонро мувофиқи мақсад дониста, рӯзи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон, яъне 9-уми сентябри соли 1991 -ро Иди миллӣ ва рӯзи истироҳат эълон намуданд.Ягона конуни қабул кардаи Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олӣ ба Конститутсияи амалкунандаи ҷумҳурӣ дахл дошт. Зеро,эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати фаврии тағйироту иловаҳоро ба ин қонунн асосӣ ба миён оварда буд. Вагарна, баъзе моддаҳои Конститутсияи амалкунанда бо моҳияти истиқлолияти давлатии эълон кардашуда мувофиқат намекард. Қабул кардани Конститутсияи нав бошад вақтро талаб мекард. То қабул гардидани он, бояд Конститутсияи амалкунанда, бо тағйироту иловаҳо фаъолият мекард. Аз ҷумла, ин Иҷлосия ба қонуни асосии ҷумҳурӣ чунин тағйиротҳоро ворид намуд: моддаи 1 уми Конститутсия бо таҳрири зайл қабул гардид: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад». Ё худ дар моддаи 28 мақсад боз ҳам равшантар акс ёфтааст. Чунончӣ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор намуда, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад». Инчунин, мувофиқи таҳрири нав дар моддаи 31 таъкид карда мешавад, ки «ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт шаҳрванди Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр мебошанд». Ҳамин тавр баъди 9 -уми сентябри соли 1991 дар харитаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун давлати соҳибистиқлол акс гардид.
Сардори курси воҳиди таълимӣ низомии
Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии
Тоҷикистон, капитани милитсия Аскарзода И.
муовини сардори курси воҳиди таълимӣ низомии
Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии
Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Ғафорзода Ф.С.