ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТ САФАРБАРКУНАНДА ВА ДУРАНДЕШОНА МЕБОШАНД
Чун анъана, ҳамасола дар баробари сокинони кишвар курсантону шунавандагон ва кормандону омӯзгорони ҳамаи факултетҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар толорҳои замонавӣ ҷамъ омада, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бо мароқ тамошо карда, дар татбиқи он талош менамоянд.
Пахши Паёми имсолаи Президент аз толори асосии бинои боҳашамату бошукуҳи ПАРЛУМОНИ КИШВАР – МАҶЛИСИ ОЛӢ сурат гирифт, ки воқеъан ҳам зебову мақбулу форам буду, бо иштироки намояндагони ҳама табақоти кишвар ҷараён дошт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз то анҷоми чорабинӣ, бо маҳорати хоса, нигоҳу назари фарқкунанда нисбат ба Паёмҳои солҳои пешин, бо ҳиссу дарки ватандӯстона тамоми масоили марбут ба ҳаёти дохилӣ ва берунаи кишварро таҳлилкорона баррасӣ намуда, вазифаҳо ва амалу ҳаракатро барои фардои дурахшон мушаххас сохт.
Ҳар як ҷумлаи Паём, ки аз ҷониби муҳтарам Саравари Давлат садо дод ин ҷамбасту натиҷагирӣ, мақсаду гомҳои миллат ва давлати мо барои фардои дурахшон, ташаббусу амалҳои наҷибона барои зиндагии шоиста ва арзанда буд.
Дар суханронии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти дохилии ҷумҳуриро дар робита бо самтҳои муҳими хориҷи кишвар, вазъи ноҳамвору ноҷури ҷаҳони пуртаззоди имрӯз инъикос намуда, ҳозирин ва кулли сокинони кишварамонро бо таъкидҳои падарона ҳушдор намуд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки: “Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем”.
Дар тули 34 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо ҳамасола саҳифаҳои нав ба нави дастовардҳояшро боз карда ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави амал қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 ҳама масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷа, ки зиндагии мардуми моро такон бахшида иқтисодиёти давлатамонро бо роҳи дуруст ба пеш мебарад ҳаллу фасли худро дарёфта, бо дастурҳои возеҳу равшан ҳама идораву вазорат, мақомоту ниҳоди давлатӣ, корхона, муассисаву ташкилот, иттиҳодия ва созмонҳо вазифадор карда шудаанд.
Ғамхориҳои ҳамасолаи Давлату Ҳукумат ба иқтисодиёти кишвар, нисбати тамоми қишрҳои ҷомеа, дар маҷмуъ, зиндагии моро ба маҷрои нав ба нав ворид сохта ҳаётамонро беҳтар, кишварамонро боз ҳам зебову замонавӣ, дастовардҳоямонро фаррохтар гардонида истодааст.
Тоҷикистони азизи мо айни замон дар марҳалаи нави тараққиёти хеш қарор дошта, бо татбиқи ҳадафҳои стратегию барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои азим ноил гашта истодааст.
Сохтмону ба истифода додани ҳазорҳо номгӯй иншооти соҳаи маориф, муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ, соҳаи тандурустӣ, иншооти варзишӣ, фарҳангу фароғатӣ, техникӣ, илмӣ ва ғайраҳо ҳаёт, муносибат ва зиндагиро рангинтар сохт. Пешрафти зиндагии шоиста, ободии шаҳру деҳоти мамлакат хонадони тоҷикро такон бахшида, мақомашро арзанда гардонид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, бархурди манфиатҳо ва вазъ дар давлатҳои гирифтори бетартибиҳо суханронӣ намуда, қайд кард, ки чунин ҳодисаҳо дар Тоҷикистони азизи мо низ дар солҳои 90-и асри гузашта ба вуқуъ омада буданд. Хушбахтона мардуми шарифи Тоҷикистон инро дарк намуда ба ҳам омаданд, ки имрӯз ватанамон тенҷу обод буда, ба чунин пешравиҳо ноил гаштаем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ солҳои 2025-2030 ро “Солҳои рушди иқтисоди рақами ва инноватсия ” эълон намуда, таъкид кард ки ҷавононро дар ин самт омода намоянд, чунки ҷавонон ояндаи давлату миллатанд ва мебояд онҳоро дуруст тарбия намоем, то ин, ки ба ватану миллат содиқ бошанд.
Андешаҳои Пешвои муаззами миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри ҷавононро ба Ватан ва эҳтиромамонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.
Бешубҳа, дар чунин шароит зарур аст, асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлат, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амният, ҳифзи тамоюлоти арзӣ ва татбиқи манфиатҳои умумимиллӣ ташкил диҳанд. Барои насли ҷавон имрӯз арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистон ва ҳифзи онҳо бояд аз ҳамагуна манфиатҳо бартарӣ дошта, бо роҳу усули муосир ҷавобгӯ ба талаботи ҳаёти онҳо пойдевори тарбияи ватандӯстиашонро фаро гирад.
Таҷрибаи ҷаҳони муосир собит сохт, ки иқтисоди ғаниву устувор ва ҳатто арзиши пуриқтидори замонавӣ наметавонад амнияти давлатро ба таври бояду шояд таъмин намояд. Дар ин дигаргуниҳои сиёсӣ ва хатарҳои умумибашарӣ танҳо давлатҳое амнияти худ ва осоиштагии мардумро аз чунин фоҷеа эмин дошта метавонанд, ки сиёсати озмудашударо бо пуштибонии халқи дорои зиракии сиёсӣ амалӣ намоянд.
Илова бар ин, бо ташаббусу дастгирӣ ва ғамхории Пешвои миллат нисбат ба қишри ояндасози мамлакат дар кишвар як чанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба мисоли «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фуруғи маърифат» ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои нодир таъсис дода шуд, ки натиҷаи хуб дар як муддати кӯтоҳ ба бор овард.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ низ ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба озмунҳои ҷумҳуриявии болозикр, таъкид намуданд: «Хотирнишон месозам, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад». Эътироф намудани Пешвои миллат, шаҳодатгари он аст, ки ҷавонон воқеан ояндаи миллат ва такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд.
Ба андешаи Пешвои миллат “Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад”.
Дар гузашта миёни мардум ақидае вуҷуд дошт, ки ватандӯст будан ин ҷон супоридан барои Ватан аст. Албатта ин андеша дуруст аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки ватандӯстӣ аз амалҳои хурдтарини ҳар як шахс метавонад маншаъ гирад, аз ҷумла; доштани оилаи хуб, беҳтарин мутахассиси ягон соҳа шудан, доштани касб ва умуман амале, ки манфиатбахш бошад ва ҳатто дар ҳолати манфиатбахш набудан басанда аст, ки зарарасон набошад.
Ҳар лаҳза бо ғурур қоил мешавем, ки бо Ватани худ ифтихор дорем. Ифтихор намудан хуб аст, вале беҳтар он аст, ки Ватан аз мо, бо рафтору кирдор, дастоварду ташаббусҳо, созандагиву бунёдкориҳои мо ифтихор кунад.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саропо аз ғамхориҳои Давлату Ҳукумат нисбат ба ҳама самтҳои муҳими ҳаёти мост.
Ва узви ҳар як хонадони тоҷикро зарур аст, ки дар татбиқи он қуввату ғайрат, дониш, маҳорату малакаи касбиашонро масраф намоянд. Зеро, Паём ин санади тақдирсози миллат ва таккондиҳандаи ҳаёти вай аст.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии факултетҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал пиёда намудани ҳамаи он ҳадаф ва вазоифе, ки ПАЁМИ имсола тақозо дорад неруи худро пайваста масраф намуда истодаанд.
Назарзода Фаридун - сардори курси воҳиди таълимӣ-низомии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия
Раҳмонзода Наимҷон - сардори курси воҳиди таълимӣ-низомии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия