ИСТИҚЛОЛИЯТ – ОРМОНИ ДЕРИНАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
«Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо - шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихор, вале бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт». Эмомалӣ Раҳмон ҳар миллат орзуву ормони бузург дорад, ки марҳала ба марҳала барои расидан ба он кӯшиш меварзад. Барои миллати тоҷик чунин ормон ва орзуи дерина ҳамеша истиқлолият будааст. Аз тӯли асрҳо то ба имрӯз ормони озодиву худмуайянкунӣ ва соҳибдавлатӣ чун хати сурх дар сарнавишти миллати тоҷик ҷой дорад. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки тоҷикон ҳамеша барои ҳифзи забон, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва худшиносӣ мубориза бурдаанд. Ва ниҳоят, бо иродаи устувор, бо заҳмату ҷонфидоии фарзандони некном, ин ормони дерина 9 сентябри соли 1991 ба воқеият табдил ёфт. Истиқлолият на танҳо ба маънои сиёсӣ озод будан аст, балки рамзи ифтихор, шарафи миллӣ ва соҳибихтиёрии давлат мебошад. Миллати тоҷик баъди садсолаҳо тавонист дубора истиқлолияти давлатӣ ба даст орад ва ояндаи худро худ муайян созад. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолиятро «неъмат ва рамзи саодат» номидаанд. Дар ибтидои истиқлол, вақте кишвар бо мушкилоти вазнин рӯбарӯ гардид, фарзандони ҳақиқии миллат нишон доданд, ки ҳифз ва таҳкими истиқлолият аз ҳама муқаддастар аст. Бо вуҷуди таҷрибаи кам, бо вуҷуди вазъи ниҳоят душвор, Тоҷикистон роҳи худро ёфт ва тадриҷан ба сӯи сулҳу субот, пешрафт ва шукуфоӣ қадам гузошт. Бо истиқлолият тоҷикон тавонистанд, ки арзишҳои миллии худро эҳё ва рушди нав бахшанд. Забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ эҳё шуданд, суннатҳои таърихӣ ва мероси маънавии гузаштагон ба сатҳи баландтар расиданд. Истиқлолият ба мо имконият дод, ки мактаби миллии давлатдорӣ, артиш, иқтисод ва илми худро ташкил намоем. Тоҷикистон бо ташаббусҳои байналмилалии худ, аз ҷумла ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба масоили об дар арсаи байналмилалӣ мавқеи намоён пайдо намуд. Ин ҳама нишонаест аз он ки ормони деринаи миллат ба марҳилаи нави воқеӣ табдил ёфтааст. Ҳамзамон истиқлолият маънои масъулият низ дорад. Мо бояд бидонем, ки истиқлол танҳо як рукни озодӣ нест, балки вазифа ва қарзи миллӣ аст. Он ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон масъулияти ватандорӣ, меҳнатдӯстӣ ва садоқат ба миллатро вогузор мекунад. Имрӯз, вақте ки Тоҷикистон ба давраи нави рушд ворид шудааст, бояд бидонем, ки ҳифзи истиқлолият вазифаи наслҳои оянда низ хоҳад буд. Ҷомеаи тоҷик бо заҳмати муштарак тавонист кишварро аз вартаи ҷанг, буҳрон ва мушкилот берун орад. Ҳоло вазифаи мо ин аст, ки бо донишу фарҳанг, бо меҳнати софдилона ва садоқат ба Ватан истиқлолиятро таҳким бахшем. Мо бояд ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки миллати тоҷик миллати фарҳангу тамаддунсоз, миллати сулҳдӯст ва соҳибдавлат аст. Ҳар як дастоварди иқтисодӣ, ҳар як мактабу корхона, ҳар як роҳу пул ва ҳар як боғи зебо нишонаи он аст, ки истиқлолият самараи худро медиҳад. Истиқлолият – ормони деринаи мо буд. Имрӯз он воқеият ва ҳаёти ҳаррӯзаи мост. Мақсади ҳар як фарди тоҷик бояд ҳамин бошад, ки ин ормонро ҳифз намояд, онро барои наслҳои оянда ба мерос гузорад ва ҳар рӯз онро бо заҳмати худ пурбортар созад. Истиқлолият танҳо як сана дар тақвим нест, он рӯҳия ва меҳвари ҳастии миллати тоҷик аст. Бо истиқлолият мо соҳиби ифтихору шарафи миллӣ гардидем, бо истиқлолият мо соҳиби соҳибихтиёрӣ ва оромии давлат шудем. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими истиқлолият на танҳо ормони дирӯза, балки масъулияти имрӯз ва кафолати фардои дурахшони мост.
Муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети 2-и Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони милитсия Ҳасензода Олуфтамоҳ Латиф