АКАДЕМИЯИ ВКД: ЧОРАБИНИҲОИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Мутобиқи Нақша-чорабиниҳои асосии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи тасдиқгардидаи кории кафедраи “Тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ”-и факултети №2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 2-5-уми сентябр ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои варзишӣ дар намуди волейбол, футбол, шашкаю шоҳмот, гуштингирӣ, тениси рӯйи миз, турниккашӣ, дастхобонӣ гузаронида шуд.
Дар раванди гузаронидани мусобиқаҳои намуди фавқулзикр курсантони таълимгоҳ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд.
Дар намуди ТЕНИСИ РӮЙИ МИЗ ҷойҳои 1, 2, 3 насиби курсантон: ЁРОВ Шеровон Зафарҷонович, курсанти курси 5, факултети №5, ҚУВВАТЗОДА Яҳё Ҳасан курсанти курси 2, факултети №2 ва АМОНОВ Шоҳрамазон Шафмиддинович, курсанти курси 5, факултети №2 гардид.
Дар намуди ШОҲМОТ бошад: ҷойи якум насиби ЭШОНБОБОЕВ Мансурхуҷа Рустамхуҷаевич, курсанти курси 3, факултети №2, ҷойи дуюм соҳиби милитсияи қаторӣ ХАЛИЛЗОДА Бахтиёр Фирдавс, курсанти курси 3, факултети №2 ва ҷойи сеюмро курсанти курси 2, факултети №6, милитсияи қаторӣ СУЛТОНШОЗОДА Абдулло Султоншо соҳибӣ карданд.
Дар намуди ДАСТХОБОНӢ бошад курсантон: ИДРИСОВ Саидмуҳаммад, НУРИДДИНОВ Лутфулло курсантони факултети №2 ва САИДОВ Довудшо курсанти факултети №6 ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Дар намуди ТУРНИККАШӢ бошад курсантони факултети №2, милитсияҳои қаторӣ ШОЕВ Худобахш, МУҲАММАДТОҲИРИ С. ва ТОИБОВ И. соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд.
Ғолибони намудҳои варзишӣ аз ҷониби сардори Академияи ВКД бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.