ИСТИҚЛОЛИЯТ - АРЗИШИ МУҚАДДАСИ МИЛЛАТ
Истиклолият арзишмандтарин дастоварди миллати тамаддунофар ва соҳибмаънавиёти тоҷик мебошад, ки дар охири асри ХХ насиби он гардидааст.
Истиқлолияти давлатӣ – ин рӯйдоди бузурги таърихист, ки ба марҳалаи наве дар таърихи миллӣ оғоз бахшид. Истиқлол соҳиби давлати миллии худ будан, худро соҳиби сарнавишту сарзамини миллати худ донистан ва аз манфиатҳои ин сарзамин содиқонаву самимона дифоъ кардан аст. Истиқлол боис шуд, ки давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр ва дунявие бо номи Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад.
Ҳифзу гиромидошти Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои дар натиҷаи заҳматҳо бадастомада ва ба қадри онҳо расидан вазифаи шаҳрвандиву фарзандии ҳар як фард буда, барои дар ҳолати устувориву субот нигоҳ доштани он аз ҳисси худшиносии миллӣ вобастагӣ дорад. Танҳо ваҳдати миллӣ ва ҳисси худшиносии миллии ҳар фард метавонад, ки истиқлоли давлату миллатро побарҷо нигоҳ дорад ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намояд.
Имрӯз ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 сол пур гардид ва дар ин муддати наонқадар тӯлонии таърих дастовард ва муваффақиятҳои бадастомада ҷумҳурии моро ба сӯи музаффариятҳо ва дастовардҳои беназир мушарраф гардонид.
Мутаассифона ин неъмати бебаҳои таърихӣ дар рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ ба мушкилоти амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ дучор гардид. Талошҳои сиёсии як зумра ашхоси мансабталаб, дахолату ғаразҳои сиёсии нерӯҳои дохиливу хориҷӣ боиси оғози низоъҳои дохилӣ гардид.
Идомаи муқовиматҳои сиёсӣ метавонист хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷикро ба воқеият табдил диҳад. Хушбахтона, дар чунин лаҳзаи ҳассосу тақдирсоз Иҷлосияи 16 – уми таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардида, асоси давлатдории навинро гузошт, ки идораи он ба души фарзанди фарзонаи миллат, роҳбари дурандешу сарсупурдаи кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.
Таъсиси ҳокимияти давлатӣ, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат дар роҳи таҳкими истиқлолият ва бунёди давлати муосири тоҷикон яке аз роҳу василаи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт. Муҳимтарин вазифа дар ин роҳ – ин тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии мамлакат буд. Баъд аз барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки ба барқарорсозии фаъолияти фалаҷгаштаи мақомоти давлатӣ хотима бахшида, ба таҳкимиистиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон равона шуда буданд.
Сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон буд, ки вазъи буҳронии кишвар бо роҳи музокира ва мусолиҳа бартараф гардид. Аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 дар кишварҳои хориҷии дуру наздик музокираҳои байни тоҷикон баргузор гардида, санади барои халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли мо сарнавиштсозу таърихӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид.
Барқарор гардидани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, истиқлолияти давлатиро бозҳам устувор гардонид ва нури умед ба ояндаи нек дар дили мардум роҳ ёфта, барои гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоидро фароҳам овард.
Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем.
Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Амалӣ гардонидан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи чор ҳадафи стратегӣ – «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ», «таъмини амнияти озуқавории кишвар», «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ» ва «саноатикунонии босуръати кишвар» вазифаҳои аввалиндараҷа буда, муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад.
Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро рушд диҳад ва бо аксар давлатҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд.
Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои актуалии ҷаҳони муосир пешниҳодҳои худро иброз намуда, мавқеи худро муайян менамояд.
Ҳоло бошад муҳимтарин масъала, ки дар назди давлату миллат қарор дорад ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад. Аз ин хотир моро лозим аст, ки пайваста барои дарки арзишҳои истиқлол талош намуда, ҷиҳати тарғиби ин неъмати бузурги тарихӣ содиқона хизмат намоем.
Муовини сардори Акдемияи ВКД Чумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия
Латиф Муҳиб Лоҷварбек